bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Job 18
Job 18
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 17
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 19 →
1
Ва Билдоди Шуҳӣ ҷавоб гардонда, гуфт:
2
«То ба кай ба суханон идома хоҳӣ дод? Аввал мулоҳиза кунед, ва баъд сухан хоҳем ронд.
3
Чаро мисли чорпое ҳисоб ёбем ва дар назари шумо кундзеҳн намоем?
4
Эй, ки ҷони худро дар ғазаби худ медарӣ! Наход ки барои ту замин хароб шавад, ва кӯҳпора аз ҷояш кӯч кунад?
5
Бо вуҷуди ин, нури шарирон хомӯш хоҳад шуд, ва шарораи оташи онҳо рӯшноӣ нахоҳад дод.
6
Дар хаймаи ӯ нур тира хоҳад гардид, ва чароғаш бар ӯ хомӯш хоҳад шуд.
7
Қадамҳои пурзӯри ӯ танг хоҳад шуд, ва машвараташ ӯро вожгун хоҳад кард.
8
Зеро ки бо пойҳояш дар дом хоҳад афтод, ва бар рӯи тӯр роҳ хоҳад рафт.
9
Тузоқ пошнаи ӯро хоҳад қапид, ва қапқон ӯро сахт нигоҳ хоҳад дошт.
10
Ҷела барояш бар замин ниҳон аст, ва чапарак барояш дар сари роҳ.
11
Аз ҳар тараф даҳшатҳо ӯро хоҳад тарсонид, ва дар ҳар қадамаш ӯро таъқиб хоҳад кард.
12
Насли ӯ гуруснагӣ хоҳад кашид, ва ҳалокат барои афтодани ӯ тайёр аст;
13
Андоми ҷисми ӯро хоҳад хӯрд: нахустзодаи марг андоми ӯро хоҳад хӯрд.
14
Аз хаймаи ӯ, ки паноҳгоҳи ӯст, ронда хоҳад шуд, ва сӯи подшоҳи даҳшатҳо бурда хоҳад шуд.
15
Дар хаймаи ӯ, ки дигар аз они ӯ набошад, даҳшатҳо сокин хоҳад шуд; бар маскани ӯ кибрит боронида хоҳад шуд.
16
Решаҳои ӯ аз зер хушк хоҳад шуд, ва шоху барги ӯ аз боло бурида хоҳад шуд.
17
Зикри ӯ аз замин маҳв хоҳад шуд, ва номи ӯро бар рӯи саҳро касе нахоҳад хонд.
18
Ӯро аз рӯшноӣ ба торикӣ хоҳанд ронд, ва аз дуньё дур хоҳанд кард.
19
Дар оилаи ӯ на аберае ӯро хоҳад буд ва на наберае; ва дар иқоматгоҳҳои ӯ касе боқӣ нахоҳад монд.
20
Аз рӯи ӯ ғарбиён ҳайрон хоҳанд монд, ва шарқиён ба даҳшат хоҳанд афтод.
21
Ба яқин чунин аст масканҳои каси ноинсоф, ва ҳамин аст қисмати маконе ки Худоро намешиносад».
← Chapter 17
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 19 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42