bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Job 37
Job 37
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 36
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 38 →
1
Аз ин низ дили ман ба тапиш меафтад ва аз хонааш мебарояд.
2
Ғулғулаи овози Ӯро бодиққат бишнавед, ва садоеро, ки аз даҳони Ӯ мебарояд.
3
Онро ба зери тамоми осмон равона мекунад, ва нури Ӯ дар ақсои замин намоён аст.
4
Баъд аз он, овозе ба ғурриш меояд: Ӯ бо овози кибриёи Худ гулдуррос мезанад, ва ҳангоме ки овозаш шунида шуд, онҳоро боздорӣ намекунад.
5
Худо бо овози Худ ба таври аҷоиб гулдуррос мезанад, корҳои бузурге мекунад, ки барои мо ақлнорас аст.
6
Зеро ки ба барф мегӯяд: „Ба замин фурӯд ой“; ҳамчунин ба боридани борон ва ба боридани боронҳои пурзӯри Худ.
7
Дасти ҳар одамро мӯҳр мезанад, то ки тамоми мардум амали Ӯро бидонанд.
8
Он гоҳ ҳайвонот низ дар ғорҳои худ пинҳон мешаванд ва дар лонаҳои худ менишинанд.
9
Аз ҷануб тундбод меояд, ва аз шимол сармо.
10
Аз нафаси Худо ях ба вуҷуд меояд, ва сатҳи об яхбанд мешавад.
11
Ӯ нами зиёде бар абрҳо бор мекунад, ва саҳобҳои нури Худро мегустаронад.
12
Ва онҳо бар тибқи тадбирсозиҳои Ӯ ба ҳар тараф чарх мезананд, то ҳар чиро, ки ба онҳо амр фармояд, бар рӯи замини ободон ба амал оваранд,
13
Хоҳ онҳоро барои ҷазо ба замини Худ равона кунад, хоҳ барои эҳсонкорӣ.
14
Ба ин гӯш деҳ, эй Айюб! Биисту ба корҳои аҷоиби Худо бодиққат назар андоз.
15
Оё ту хабардор ҳастӣ, ки Худо бори Худро чӣ гуна бар онҳо мегузорад, ва нурро амр мефармояд, ки абрҳои Ӯро равшан кунад?
16
Оё ту аз мувозанаи абрҳо хабардор ҳастӣ, ки он аз корҳои аҷоиби Комилфикр аст?
17
Оё ту хабардор ҳастӣ, ки либосҳоят чӣ гуна гарм мешавад, вақте ки замин аз боди ҷанубӣ сокит мегардад?
18
Оё ту метавонӣ ба монанди Ӯ фалакро бигустаронӣ, ки он мисли оинаи фулуззӣ мустаҳкам аст?
19
Моро таълим деҳ, ки ба ин корҳои Ӯ чӣ гӯем? Мо аз боиси торикӣ наметавонем чизе ба забон оварем.
20
Оё васфи пурраи Ӯ қобили имкон аст, ки ман боз сухан ронам? Оё касе метавонад бигӯяд, ки чизе аз Ӯ пинҳон мемонад?
21
Ва ҳоло нури офтобро аз паси абрҳо намебинанд, гарчанде ки он бар фалак дурахшон аст; вале боде вазида, онро тоза хоҳад кард.
22
Аз шимол фурӯғи заррин меояд: ин акси шукӯҳи саҳмгинест, ки бар Худост.
23
Қодирро мо наметавонем дарьёбем: Ӯ дар қувват ва инсоф бузург аст ва дар адолат муаззам; ситам намекунад.
24
Бинобар ин, бояд ки одамон тарсгори Ӯ бошанд; лекин Ӯ ба ҳамаи донодилон назар намекунад».
← Chapter 36
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 38 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42