bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Job 11
Job 11
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 10
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 12 →
1
Ва Сӯфори Наъмотӣ ҷавоб гардонда, гуфт:
2
«Оё ба суханони бисьёр ҷавоб додан мумкин нест? Ва оё ҳақ ба ҷониби марди сухандон аст?
3
Оё ҳарзагӯии ту мардумро хомӯш мекунад, ва ту таҳқир менамоӣ, ва касе туро хиҷолат намедиҳад?
4
Ва ту мегӯӣ: „Сабақи ман пок аст, ва ман дар чашмони Ту беайб ҳастам“.
5
Валекин кошки Худо сухан биронад, ва лабҳои Худро бар ту бикушояд,
6
Ва асрори ҳикматро ба ту бифаҳмонад, зеро ки асли моҳияти он дучандон аст! Пас бидон, ки Худо баъзе аз гуноҳҳоятро барои ту фаромӯш хоҳад кард.
7
Оё беинтиҳоии Худоро метавонӣ дарьёбӣ? Оё то ба ақсои умқи Қодир метавонӣ бирасӣ?
8
Он мисли баландиҳои осмон аст, — чӣ метавонӣ бикунӣ? Аз қаъри дӯзах чуқуртар аст, — чӣ метавонӣ бидонӣ?
9
Андозаи он аз замин дарозтар ва аз баҳр фарохтар аст.
10
Агар Ӯ бодвор гузашта равад, ва касеро бандӣ кунад, ва мардумро барои ҷазои вай ҷамъ оварад, — кист, ки Ӯро боздорад?
11
Зеро ки Ӯ риёкоронро медонад, ва чун талбисро мебинад, оё ба он диққат намекунад?
12
Ва шахси ҷоҳил соҳибдил хоҳад шуд, ва мисли харкурраи ваҳшӣ бошад ҳам, одами дуруст хоҳад гардид.
13
Агар ту дили худро рост кунӣ, ва дастҳои худро сӯи Ӯ дароз кунӣ,
14
Агар ҷафоеро, ки дар дасти туст, дур кунӣ, ва ноинсофиро дар хаймаҳои худ ҷойгир накунӣ,
15
Яқин аст, ки он гоҳ чеҳраи худро хоҳӣ бардошт, бе он ки айбе дошта бошӣ, ва матин хоҳӣ буд ва нахоҳӣ тарсид.
16
Зеро ки ту азияти худро фаромӯш хоҳӣ кард, онро мисли обе ки гузашта рафтааст, ба ёд хоҳӣ овард.
17
Ва умри ту аз пешингоҳ равшантар хоҳад шуд; баъзан тира шавад ҳам, мисли субҳ хоҳад гардид.
18
Ва дилпур хоҳӣ буд, зеро ки умеде ҳаст, ва гирду пешро аз назар гузаронда, дилпурона хоҳӣ хобид.
19
Ва ором хоҳӣ хобид, ва чизе туро нахоҳад тарсонид, ва бисьёр касон ба ту хушомад хоҳанд кард.
20
Вале чашмони шарирон хира хоҳад шуд, ва паноҳгоҳ аз онҳо дур хоҳад шуд, ва умедашон фақат ҷон додан аст».
← Chapter 10
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 12 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42