bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Job 12
Job 12
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 11
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 13 →
1
Ва Айюб ҷавоб гардонда, гуфт:
2
«Яқин аст, ки шумо гузини қавм ҳастед, ва ҳикмат бо шумо хоҳад мурд.
3
Ман низ мисли шумо соҳибдил ҳастам; аз шумо камтар нестам; ва кист, ки чунин чизҳоро надонад?
4
Ман барои ёрони худ хандахариш шудаам, — агарчи Худоро мехонам, ва Ӯ маро иҷобат менамояд, — оре, хандахариш шудаам, агарчи одил ва беайб ҳастам.
5
Ба фикри лоубол, тамасхур барои мусибатзада аст, ва зарба барои касонест, ки пояшон лағҷидааст.
6
Хаймаҳои тороҷгарон ором аст, ва онҳое ки Худоро ба ғазаб меоваранд, дар амният мебошанд, ки ҳар яке худои худро дар дасти худ доранд.
7
Валекин аз чорпоён бипурс, ва туро таълим хоҳанд дод, ва аз мурғони ҳаво бипурс, ва ба ту хабар хоҳанд дод;
8
Ё бо замин мусоҳиба намо, ва туро таълим хоҳад дод, ва моҳиёни баҳр ба ту ҳикоят хоҳанд кард.
9
Кист аз ҳамаи онҳо, ки надонад, ки дасти Худованд инро ба вуҷуд овардааст?
10
Ҷони тамоми мавҷудот ва рӯҳи тамоми навъи башар дар дасти Ӯст.
11
Оё гӯш суханонро намесанҷад, чунон ки ком таъми хӯрокро фарқ мекунад?
12
Ҳикмат дар пирон аст, ва хирад дар умри дароз.
13
Ҳикмат ва қудрат дар Ӯст, машварат ва хирад аз они Ӯст.
14
Инак, Ӯ хароб мекунад, ва он чиз аз нав бино нахоҳад ёфт; касеро бандӣ мекунад, ва банди он кас кушода нахоҳад шуд.
15
Инак, обҳоро бозмедорад, ва хушк мешаванд, ва онҳоро сар медиҳад, ва заминро чаппаву роста мекунанд.
16
Қудрат ва ҳикмат аз они Ӯст, ғалаткунанда ва чапғалатдиҳанда назди Ӯст.
17
Ӯ мушовиронро бемулоҳиза мегардонад, ва доваронро саргаранг мекунад;
18
Бандҳои подшоҳонро мекушояд, ва бар камарҳошон миёнбанд мебандад;
19
Коҳинонро урьён мегардонад, ва зӯроваронро вожгун мекунад;
20
Суханваронро аз забон маҳрум менамояд, ва зеҳни пиронро мерабояд;
21
Забуниро бар мирон фурӯ мерезад, ва камарбанди тавонгаронро суст мекунад;
22
Умқҳоро аз даруни торикӣ ошкор месозад, ва зулмотро ба рӯшноӣ мебарорад;
23
Халқҳоро афзун мегардонад, ва онҳоро маҳв менамояд; халқҳоро вусъат медиҳад, ва онҳоро тарк мекунад;
24
Сарварони қавми заминро аз ақл маҳрум менамояд, ва онҳоро дар бодияи бероҳа сарсону саргардон мекунад:
25
Дар торикӣ даст‐дасткунон роҳ мераванд, ва рӯшноӣ нест; ва онҳоро мисли мастон сарсону саргардон мекунад.
← Chapter 11
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 13 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42