bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Job 36
Job 36
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 35
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 37 →
1
Ва Элиҳу суханашро давом дода, гуфт:
2
«Андаке ба ман сабр намо, то ба ту изҳор кунам, зеро ки боз суханон дар ҳаққи Худо дорам.
3
Фикри худро аз дур баён хоҳам кард, ва ба Офаридагори худ васфи адолатро хоҳам гуфт.
4
Зеро ки ҳақиқатан суханони ман дурӯғ нест: шахси комилфикре бо ту сухан меронад.
5
Инак, Худо тавоност ва касеро тарк намекунад; ҳам дар қувват тавоност ва ҳам донодил аст.
6
Шарирро зинда намегузорад, ва доди мазлумонро медиҳад.
7
Чашмони Худро аз одилон дур намекунад, балки онҳоро ба сурати абадӣ бо подшоҳон бар тахт мешинонад, ва онҳо сарафроз мешаванд.
8
Вале агар онҳо бо завлонаҳо баста шуда бошанд, ва гирифтори қайди мусибат гардида бошанд,
9
Дар он сурат аъмолашонро ба онҳо мефаҳмонад, ва ҷиноятҳошонро, ки афзудааст;
10
Ва гӯшашонро барои панд мекушояд, ва ба онҳо мегӯяд, ки аз хабосат даст кашанд.
11
Агар онҳо гӯш кунанд ва Ӯро ибодат намоянд, рӯзҳои худро дар хушбахтӣ мегузаронанд, ва солҳои худро дар хурсандӣ.
12
Ва агар гӯш накунанд, ба дами шамшер нобуд мешаванд, ва бе он ки донише пайдо кунанд, мемиранд.
13
Валекин касоне ки дили пур аз риё доранд, дарғазаб мешаванд, ва ба Ӯ истиғоса намебаранд, вақте ки онҳоро гирифтори қайди мусибат мекунад.
14
Ҷонашон дар ҷавонӣ фано мешавад, ва ҳаёташон дар миёни аҳли фисқу фуҷур.
15
Мусибатзадагонро Ӯ ба воситаи мусибаташон халос мекунад, ва гӯшашонро бо фишор мекушояд.
16
Ва ҳатто туро Ӯ аз даҳони бадбахтӣ берун меоварад ба вусъатобод, ки мусибате дар он ҷо набошад; ва ҳар таоме ки бар суфраи ту фурӯд меомад, пур аз равған мебуд.
17
Вале ту аз даъвоҳои шарир пур ҳастӣ; доварӣ ва бозхости Ӯ туро фаро хоҳад гирифт.
18
Барҳазар бош, ки мабодо ғазабат туро фирефта намуда, ба зарбаи Ӯ гирифтор кунад: ва кафорати бисьёр набояд туро дар иштибоҳ андозад.
19
Оё истиғосаи ту қимате дорад барои он ки Ӯ туро ба вусъатобод барорад? Ва тамоми ин шиддату қуввате ки ба зидди Ӯ ба кор мебарӣ?
20
Орзуманди он шабе набош, ки қавмҳо дар он аз ҷояшон нест мешаванд.
21
Эҳтиёт намо, ба маъсият моил нашав, зеро ки онро бештар аз итоат баргузидаӣ.
22
Инак, Худо бо қуввати Худ олист; кист, ки мисли Ӯ таълим диҳад?
23
Кист, ки роҳи Ӯро амр фармуда бошад? Ва кист, ки бигӯяд: „Ту ноинсофӣ кардаӣ“?
24
Дар ёд дошта бош, ки корҳои Ӯро такбир гӯӣ, ки онҳоро мардум месароянд.
25
Ҳамаи одамон онҳоро мебинанд; ҳар кас ба онҳо аз дур назар меандозад.
26
Инак, Худо муаззам аст, ба тавре ки мо наметавонем Ӯро бишиносем; шумораи солҳои Ӯ ҳадду ҳисоб надорад.
27
Ӯ қатраҳои обро ҷудо мекунад; онҳо андаруни буғ борони зулол мегардад,
28
Ки онро абрҳо фурӯ рехта, бар одамон фаровон меборонад.
29
Кист, ки тавонад амали абрҳои густурда ва гулдурроси хаймаи Ӯро дарк намояд?
30
Инак, нури Худро бар он мегустаронад ва қаъри баҳрро мепӯшонад.
31
Ба ин васила қавмҳоро доварӣ мекунад, ба фаровонӣ ризқу рӯзӣ медиҳад.
32
Нурро дар кафҳои Худ ниҳон медорад, ва онро амр мефармояд, ки ба ҳадафе бизанад.
33
Гулдурроси он аз наздик омадани он хабар медиҳад, ва тундбод аз ҷӯшиши ғазаби Ӯ.
← Chapter 35
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 37 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42