bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Job 41
Job 41
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 40
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 42 →
1
Инак, умеди дастгир кардани вай беасл аст; фақат аз дидани вай, охир, кас ба даҳшат хоҳад афтод.
2
Чунон шахси диловаре нест, ки варо барангезад; пас кист, ки ба ҳузури Ман истодагӣ намояд?
3
Кист, ки аз Ман пешдастӣ кардааст, ва Ман талофӣ бидиҳам? Зери тамоми осмон ҳар чиз аз они Ман аст.
4
Дар бораи андоми вай хомӯш нахоҳам монд, ва дар бораи иқтидор ва зебоии ҷуссаи вай.
5
Кист, ки тавонад рӯи либоси варо яла кунад? Кист, ки тавонад ба дандонҳои дуқатораи вай наздик ояд?
6
Кист, ки тавонад дарҳои башараи варо воз кунад? Доираи дандонҳои вай даҳшатангез аст.
7
Сипарҳои қавии вай пур аз ифтихор аст; бо мӯҳри сахте маҳкам карда шудааст;
8
Бо якдигар тавре пайвастааст, ки аз миёнашон ҳаво намегузарад;
9
Ба ҳамдигар тавре часпида, васл ёфтааст, ки ҷудо намешавад.
10
Аз атсаҳои вай нур падид меояд, ва чашмони вай мисли пилкҳои шафақи субҳ аст.
11
Аз даҳони вай машъалҳо берун меояд, шарораҳои оташ мепарад.
12
Аз сӯрохҳои бинии вай дуд мебарояд, мисли деги ҷӯшон ва қамишҳои сӯзон.
13
Нафаси вай ахгарҳоро дармегиронад, ва аз даҳони вай аланга берун меояд.
14
Бар гардани вай қувват ҷойгир шудааст, ва даҳшат ба ҳузури вай мерақсад.
15
Қурчҳои шиками вай маҳкам часпида, бар вай сахт шудааст ва овезон намешавад.
16
Дили вай мисли санг сахт аст, ва мисли осиёсанги зерин ноҷунбон аст.
17
Вақте ки вай бармехезад, паҳлавонон ба ҳарос меафтанд, ва аз даҳшат дасту по гум мекунанд.
18
Шамшере ки ба вай бизананд, истодагӣ нахоҳад кард, ҳамчунин найза, мизроқ ва тир.
19
Вай оҳанро мисли хасе медонад, ва мисро мисли чӯби пӯсидае.
20
Тири камон варо дар гурез намеоварад, сангҳои фалахмон барои вай ба пари коҳ табдил меёбад.
21
Гурз мисли пари коҳе ҳисоб меёбад; ва ба савти найза вай механдад.
22
Дар таҳти ҷисмаш пулакчаҳои мисли сафолпора тезе дорад, гӯё ки ғаллакӯбаки тездандонро бар гил мегустаронад.
23
Гирдобро мисли дег ба ҷӯш меоварад, дарьёро ба потилаи дорупазӣ монанд мегардонад.
24
Дар ақиби худ роҳи дурахшоне боқӣ мегузорад, ба тавре ки варта ба назар сафедмӯй менамояд.
25
Бар рӯи хок мислаш нест, ки чунин нотарс офарида шуда бошад.
26
Ба ҳар чизи олӣ нотарс менигарад: вай бар ҳамаи даррандагон подшоҳ аст».
← Chapter 40
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 42 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42