bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Job 19
Job 19
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 18
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 20 →
1
Ва Айюб ҷавоб гардонда, гуфт:
2
«То ба кай ҷони маро андӯҳгин мекунед? Ва маро бо суханон озор медиҳед?
3
Ин даҳ маротиба аст, ки маро маломат менамоед, ва шарм надошта, ба ман дуруштӣ мекунед.
4
Ва агар ҳақиқатан ғалат карда бошам, ғалатам бо ман мондааст.
5
Агар ҳақиқатан бар ман такаббур карданӣ ва нанги маро ба ман нишон доданӣ бошед,
6
Пас бидонед, ки Худо дар ҳаққи ман каҷкорӣ намудааст ва бо тӯри Худ маро печонда гирифтааст.
7
Инак, аз дасти зулм фарьёд мекашам, ва мустаҷоб намешавам; истиғоса мебарам, ва инсофе нест.
8
Роҳи маро тавора кашидааст, ва ман наметавонам гузарам; ва бар тариқҳои ман торикӣ афкандааст.
9
Ҷалоли маро аз ман кашида гирифтааст, ва тоҷи сари маро дур кардааст.
10
Маро гирдогирд хароб кардааст, ва ман талаф мешавам; ва умеди маро, мисли дарахте, решакан кардааст.
11
Ғазаби Худро бар ман афрӯхтааст, ва маро душмани Худ ҳисоб кардааст.
12
Фавҷҳои Ӯ якҷоя меоянд, ва роҳи худро сӯи ман кушодаанд, ва гирдогирди хаймаи ман ҷойгир шудаанд.
13
Бародаронамро аз ман дур кардааст, ва ошноҳоям аз ман тамоман бегона шудаанд.
14
Ақрабоям маро тарк намудаанд, ва ошноҳоям маро фаромӯш кардаанд.
15
Меҳмонони хонаам ва канизонам маро бегона ҳисоб мекунанд: дар назари онҳо одами ғайр шудаам.
16
Ғуломи худро мехонам, ва ҷавоб намедиҳад, агарчи бо даҳони худ ӯро тазаррӯъ менамоям.
17
Нафаси ман барои занам нафратангез шудааст, ва тазаррӯи ман барои бародаронам.
18
Бачаҳои кӯча низ аз ман нафрат доранд; Вақте ки мехезам, маро таҳқир мекунанд.
19
Ҳамаи маҳрамони розам аз ман безор шудаанд, ва онҳое ки дӯст медоштам, ба ман зид шудаанд.
20
Устухонам ба пӯсти баданам часпидааст, ва фақат бо вораи дандонҳоям мондаам.
21
Ба ман лутф намоед, ба ман лутф намоед шумо, эй ёронам! Зеро ки дасти Худо бар ман зарба расондааст.
22
Чаро мисли Худо маро таъқиб мекунед ва аз гӯшти ман сер намешавед?
23
Кошки суханонам навишта мешуд! Кошки дар китобе дарҷ меёфт!
24
Кошки бо қалами оҳанин ва қалъагӣ бар кӯҳпорае ба сурати абадӣ канда мешуд!
25
Ва ман медонам, ки фидиягузори ман зинда аст, ва дар замони охир бар замин қиём хоҳад кард.
26
Вале агарчи пӯсти ман пӯсида гардад, ман дар ҷисми худ Худоро мебинам.
27
Ӯро ман барои худ мебинам, ва чашмонам ба Ӯ менигарад, ва на чашми бегонае; гурдаҳоям андаруни ман талаф шудааст.
28
Аммо агар бигӯед, ки „чӣ сон ӯро таъқиб кунем?“, ва қарор диҳед, ки решаи бадӣ дар ман аст, —
29
Пас, шумо аз шамшер тарсон бошед, зеро ки зарбаҳои шамшер хашмовар аст, то бидонед, ки доварӣ ҳаст».
← Chapter 18
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 20 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42