bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Job 33
Job 33
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 32
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 34 →
1
Ва акнун, эй Айюб, суханони маро бишнав ва ба ҳамаи гуфтаҳоям гӯш андоз.
2
Инак, лабҳои худро кушодам: забонам дар даҳонам сухан меронад.
3
Суханонам ифодаи дили софи ман аст, ва лабҳоям дониши холисро баён мекунад.
4
Рӯҳи Худо маро ба вуҷуд овардааст, ва нафаси Қодир ба ман ҳаёт бахшидааст.
5
Агар тавонӣ, ба ман ҷавоб гардон: пеши ман ба мунозира ҳозир шав.
6
Инак, ман нисбат ба Худо мисли ту ҳастам: ман низ аз гил сиришта шудаам.
7
Инак, бими ман туро дар даҳшат нахоҳад андохт, ва фишори ман бар ту гарон нахоҳад омад.
8
Ба яқин, ту дар гӯши ман сухан рондӣ, ва ман садои каломатро шунидам:
9
„Ман пок ҳастам ва бе маъсият; ман айбе надорам, ва гуноҳе дар ман нест;
10
Инак, Ӯ баҳонаҳо бар ман меҷӯяд, маро душмани Худ ҳисоб мекунад,
11
Пойҳоямро дар ишкел меандозад, ҳамаи роҳҳои маро мепояд“.
12
Ана дар ҳамин хусус ба ту ҷавоб мегардонам, ки ҳақ ба ҷониби ту нест, чунки Худо аз инсон бузургтар аст.
13
Чаро ба Ӯ даъво мекунӣ, ки аз тамоми аъмоли Худ ҳисобот намедиҳад?
14
Зеро ки Худо ба як тарз сухан меронад, ва ба тарзи дуюм, агар ба он суханаш сарфаҳм нараванд:
15
Дар хоб, дар рӯъёи шаб, вақте ки одамонро хоб зер мекунад; вақте ки бар бистар ғанабашон мебарад.
16
Он гоҳ Ӯ гӯши одамонро мекушояд ва панд дода, бар онҳо асаре мегузорад,
17
То ки одамизодро аз амали бад дур кунад, ва ғурурро аз мард пинҳон дорад.
18
Ҷони варо Ӯ аз гӯр маҳфуз медорад, ва ҳаёти варо аз нобуд шудан ба дами шамшер.
19
Ё ки вай болои бистари худ аз дарде азият мекашад, ва изтироби устухонҳояш пурзӯр аст,
20
Ва ҳаёти вай аз нон нафрат дорад, ва ҷони вай аз хӯроки лазиз.
21
Ҷисми вай барбод меравад, ба тавре ки дида намешавад, ва устухонҳояш, ки ноаён буд, барҷаста мебарояд.
22
Ва ҷони вай ба гӯр наздик мешавад, ва ҳаёташ ба малакулмавт.
23
Агар барои вай фариштае, як ҳимоятгаре аз байни ҳазор бошад, то ки росткории одамро баён намояд, —
24
Дар он сурат Ӯ ба вай раҳм карда, ба он фаришта хоҳад гуфт: „Варо аз фурӯд омадан ба гӯр раҳо намо; Ман кафорате пайдо кардаам“.
25
Ҷисми вай бештар аз ҷавониаш тароват хоҳад гирифт: вай ба айёми наврасии худ хоҳад баргашт.
26
Ба ҳузури Худо дуо хоҳад гуфт, ва он мустаҷоб хоҳад шуд, ва рӯи Ӯро бо шодӣ хоҳад дид, ва Ӯ ба инсон адолати варо хоҳад баргардонид.
27
Вай ба мардум рӯ оварда, хоҳад гуфт: „Гуноҳ кардам ва роҳи ростро каҷ кардам, ва сазои ман дода нашуд;
28
Ҷони маро аз фурӯд омадан ба гӯр Ӯ раҳо намуд, ва ҳаёти ман аз нур баҳра мебарад“.
29
Инак, ҳамаи ин чизҳоро Худо бо мард ду‐се дафъа ба амал меоварад,
30
То ки ҷони варо аз гӯр баргардонад ва бо нури ҳаёт мунаввар созад.
31
Диққат намо, эй Айюб, маро бишнав; хомӯш нишин, ва ман сухан хоҳам ронд.
32
Агар сухане дошта бошӣ, ба ман ҷавоб гардон; бигӯ, зеро мехоҳам, ки адолати худро исбот намоӣ.
33
Вагар на, ту маро бишнав; хомӯш бош, ва ман ҳикматро ба ту таълим хоҳам дод».
← Chapter 32
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 34 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42