bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Job 20
Job 20
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 19
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 21 →
1
Ва Сӯфори Наъмотӣ ҷавоб гардонда, гуфт:
2
«Аз он сабаб андешаҳоям маро ба ҷавоб гардондан таҳрик медиҳад, ки ман таҳқирро ҳис кардам:
3
Мазаммати пурмаломатро дар ҳаққи худ шунидам, ва рӯҳе аз даруни хирадам маро водор менамояд, ки ба ту ҷавоб диҳам.
4
Оё инро надонистаӣ, ки аз қадимулайём, аз замоне ки одамизод бар замин пайдо шудааст,
5
Таронасароии шарир кӯтоҳмуддат аст, ва шодии риёкор ба як тарфатулайн аст?
6
Ҳарчанд ки шавкаташ то ба осмон баланд гардад, ва сараш ба абрҳо бирасад,
7
Мисли наҷосаташ абадан нест хоҳад шуд; онҳое ки ӯро дида буданд, хоҳанд гуфт: „Ӯ куҷост?“
8
Мисли хоб хоҳад парид, ва ӯро нахоҳанд ёфт, ва мисли рӯъёи шаб аз назар ғоиб хоҳад шуд.
9
Чашме ки ӯро дида буд, дигар нахоҳад дид, ва маконаш дигар ба ӯ нахоҳад нигарист.
10
Писаронаш бо бенавоён мувосо хоҳанд кард, ва дастҳояш сарвати ӯро гардонда хоҳад дод.
11
Устухонҳояш, ки пур аз таровати ҷавонии ӯст, бо ӯ дар хок хоҳад хобид.
12
Агарчи дар даҳони ӯ бадӣ ширин аст, ва онро дар таги забонаш ниҳон мекунад,
13
Ва онро дареғ дошта, тарк намекунад, ва онро дар лунҷи худ нигоҳ медорад, —
14
Хӯроки ӯ дар амъояш табдил ёфта, андаруни ӯ мисли заҳри гурзаҳо хоҳад шуд.
15
Сарватеро, ки фурӯ бурда буд, қай хоҳад кард: онро Худо аз шиками ӯ бадар хоҳад ронд.
16
Ӯ заҳри гурзаҳоро хоҳад макид; забони афъӣ ӯро хоҳад кушт.
17
Ӯ ҷӯйборро нахоҳад дид: наҳрҳо ва ҷӯйҳои асал ва қаймоқро.
18
Дороии худро хоҳад баргардонид, ва онро фурӯ нахоҳад бурд; сарваташ ҳарчанд бузург бошад ҳам, аз он шод нахоҳад шуд.
19
Зеро ки ӯ бар бенавоён зулм карда, онҳоро партофтааст; хонаеро, ки бино накардааст, тороҷ намудааст.
20
Чунки дар шиками худ сериро надонистааст; аз бору буди худ чизеро халос нахоҳад кард.
21
Аз пурхӯрии ӯ чизе боқӣ намемонад, пас нозу неъмати ӯ пойдор нахоҳад буд.
22
Вақте ки ҳавасҳояш пурра ба иҷро расад, ӯ ба танг хоҳад омад; ҳар дасти ситамкаш бар ӯ қиём хоҳад кард.
23
Чун шикамашро пур кардан хоҳад, Худо шиддати ғазаби Худро бар ӯ равона хоҳад кард, ва онро мисли борон бар ҷисми ӯ меборонад.
24
Агар аз яроқи оҳанин гурезад, камони мисин ӯро шикоф хоҳад кард:
25
Ҷисмашро шикофта, аз тахтапушташ берун хоҳад омад, ва барқи синон аз заҳраи ӯ хоҳад гузашт; даҳшатҳо ӯро фаро хоҳад гирифт.
26
Тамоми торикӣ барои паноҳкардагони ӯ муҳайёст; оташе ки касе надамида бошад, ӯро хоҳад хӯрд ва он чиро, ки дар хаймаи ӯ боқист, талаф хоҳад кард.
27
Осмон гуноҳи ӯро ошкор хоҳад кард, ва замин ба муқобили ӯ хоҳад бархост.
28
Ҳосили хонаи ӯ талаф хоҳад шуд: дар рӯзи ғазаби Ӯ барбод хоҳад рафт.
29
Чунин аст қисмати одами шарир аз ҷониби Худо, ва қазову қадари ӯ аз ҷониби Қодир».
← Chapter 19
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 21 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42