bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Job 21
Job 21
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 20
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 22 →
1
Ва Айюб ҷавоб гардонда, гуфт:
2
«Сухани маро бодиққат бишнавед, ва ин барои ман тасаллиҳои шумо хоҳад буд.
3
Маро тоқат кунед, ва ман сухан хоҳам ронд; ва баъд аз сухан ронданам тамасхур намо.
4
Оё шикоятам ба зидди одамест, ки мисли ман бошад? Ва чаро ман бесабрӣ накунам?
5
Ба ман назар кунед ва мутаҳайир шавед, ва даст бар даҳон бимонед.
6
Ман низ, чун ба ёд оварам, ба ҳаяҷон меоям, ва ҷисми маро ларза мегирад.
7
Чаро шарирон зинда мемонанд, ба пирӣ мерасанд ва сарват афзун мекунанд?
8
Наслашон ба ҳузури онҳо, бо онҳо сиҳат саломат аст ва авлодашон пеши назари онҳост.
9
Хонаҳошон аз тарс эмин аст, ва асои Худо бар онҳо нест.
10
Нарговашон бордор мекунад, ва зоеъ намеравад; модаговашон мезояд, ва гӯсолаи он нобуд намешавад.
11
Кӯдакони худро мисли рамае мефиристанд, ва бачаҳои онҳо рақс мекунанд.
12
Бо даф ва барбат месароянд, ва бо садои най дилхушӣ мекунанд.
13
Рӯзҳои худро дар хушбахтӣ мегузаронанд, ва ба як тарфатулъайн ба қабр фурӯд меоянд.
14
Ва ба Худо мегӯянд: „Аз мо дур шав! Ба донистани тариқҳои Ту хоҳиш надорем.
15
Қодир кист, ки Ӯро ибодат кунем? Ва чӣ нафъ дорад, ки ба Ӯ илтиҷо намоем?“
16
Яқин дорам, ки нозу неъматашон дар дасти онҳо нест. Машварати шарирон аз ман дур бод!
17
Оё бисьёр воқеъ шудааст, ки нури шарирон хомӯш бошад, ва ҳалокаташон бар сарашон омада бошад, ва Ӯ дар ғазаби Худ азиятҳоро насиби онҳо гардонда бошад?
18
Оё онҳо мисли хасе пеши бод гардидаанд? Ва мисли пари коҳе ки гирдбод гирифта мебарад?
19
Мегӯед, ки „Худо ҷафои варо барои фарзандони вай саришта хоҳад кард“. Бигзор Ӯ худи варо сазо диҳад, то ки вай инро бидонад,
20
Чашмонаш мусибати варо бубинад, ва худаш аз ҷоми ғазаби Қодир бинӯшад,
21
Зеро ки баъд аз мурданаш варо дар хонааш чӣ ҳоҷате ҳаст, дар сурате ки шумораи моҳҳояш ба итмом расидааст?
22
Оё Худоро дониш омӯхтан мумкин аст, дар сурате ки Ӯ бар нуфуси улвӣ доварӣ мекунад?
23
Яке дар айни бардамии худ мемирад, дар ҳолате ки тамоман бекудурат ва некрӯз аст;
24
Зарфҳояш пур аз шир аст, ва мағзу устухонҳояш тару тоза аст.
25
Вале дигаре дар талхин ҷон мемирад, дар ҳолате ки аз некӯӣ лаззат набурдааст.
26
Онҳо якҷоя дар хок мехобанд, ва кирмҳо онҳоро рӯпӯш мекунад.
27
Инак фикрҳои шуморо медонам, ва дасисаҳоеро, ки дар ҳаққи ман ноҳақ андешидаед.
28
Зеро ки мегӯед: „Куҷост хонаи наҷиб? Ва куҷост хаймаи масканҳои шарирон?“
29
Оё аз сайёҳон напурсидаед, ва далелҳои онҳоро наметавонед инкор намоед,
30
Ки бадкор дар рӯзи мусибат маҳфуз дошта мешавад, ва дар рӯзи ғазаб ба паноҳгоҳе бурда мешавад?
31
Кист, ки тавонад роҳи ӯро дар пеши ӯ мазаммат намояд? Ва кист, ки ӯро барои кардаи ӯ сазо диҳад?
32
Ва ӯ ба гӯристон бурда мешавад, ва дар мазораш нигаҳбоне гузошта мешавад.
33
Кулӯхҳои водӣ барои ӯ ширин аст, ва аз қафояш издиҳоми мардум гусел мекунанд, ва пешопеши ӯ онҳо сону шумор надоранд.
34
Пас, чӣ гуна маро бо суханони пуч тасаллӣ медиҳед, дар сурате ки аз ҷавобҳои шумо фақат хиёнат боқӣ мондааст?»
← Chapter 20
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 22 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42