bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Job 28
Job 28
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 27
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 29 →
1
Ба яқин, нуқра маъдане дорад, ва тилло маконе ки мегудозанд.
2
Оҳан аз хок гирифта мешавад, ва мис аз санг гудохта мешавад.
3
Одам ба торикӣ хотима медиҳад, ва то ниҳояти дараҷа сангҳоро дар торикӣ ва зулмот тафтиш мекунад.
4
Ғоре ба зери макони аҳолинишин мекананд, аз хотири пиёдагардҳои рӯи замин фаромӯш мешаванд, ва дур аз мардум овезон гардида, ба ҳар сӯ ҳаракат мекунанд.
5
Замине ки аз сатҳаш нон мерӯяд, андарунаш, мисли он ки аз оташ бошад, чаппагардон шудааст.
6
Сангҳояш макони ёқути кабуд аст, ва тиллои хока дорад.
7
Роҳи онро бози шикорӣ намедонад, ва чашми уқоб онро надидааст.
8
Даррандагон бар он қадам нагузоштаанд, ва арсалон бар он гузар накардааст.
9
Ба сангх хоро дасти худро дароз мекунад, кӯҳҳоро аз буньёдашон чаппа мегардонад.
10
Дар кӯҳпораҳо чӯйҳо меканад, ва чашмаш ҳар чизи гаронбаҳоро мебинад.
11
Наҳрҳоро аз таровиш мебандад, ва чизи ниҳонро ба рӯшноӣ мебарорад.
12
Валекин ҳикмат аз куҷо ёфт мешавад? Ва макони хирад куҷост?
13
Инсон қадри онро намедонад, ва он дар замини зиндагон ёфт намешавад.
14
Варта мегӯяд: „Он дар ман нест“; ва баҳр мегӯяд: „Назди ман нест“;
15
Зари холис дар ивази он дода намешавад, ва нуқра ба баҳои он баркашида намешавад.
16
Ба он на бо зари сурхи Ӯфир қимат дода мешавад, на бо ҷазъи гаронбаҳо ва ёқути кабуд.
17
Тилло ва оина ба он баробар нест, ва зевари зари холис наметавонад онро иваз намояд.
18
Марҷон ва булӯр зикр намеёбад, ва пайдо кардани ҳикмат аз ҷавоҳир душвортар аст.
19
Ёқути зарди ҳабаш ба он баробар нест; ба он бо зари сурхи покиза баҳо дода намешавад.
20
Валекин ҳикмат аз куҷо меояд? Ва макони хирад куҷост?
21
Ва ҳол он ки он аз чашми тамоми махлуқот пинҳон аст, ва аз мурғони ҳаво нуҳуфта аст.
22
Абаддон ва марг мегӯянд: „Овозаи онро бо гӯши худ шунидаем“.
23
Худо роҳи онро медонад, ва Ӯ аз макони он хабардор аст,
24
Зеро ки Ӯ то ба ақсои замин назар мекунад, ва он чиро, ки зери тамоми осмон аст, мебинад.
25
Ҳангоме ки Ӯ вазне барои бод муқаррар намуд, ва обҳоро бо мизоне ҷойгир кард,
26
Ва ҳангоме ки низоме барои борон қарор дод, ва роҳе барои барқи тундарҳо, —
27
Он гоҳ онро дид ва онро дар шумор овард, онро муҳайё кард, ва онро низ тафтиш намуд,
28
Ва ба одамизод гуфт: „Инак, тарси Худованд ҳикмат аст, ва аз бадӣ дур шудан хирад аст“».
← Chapter 27
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 29 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42