bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Job 29
Job 29
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 28
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 30 →
1
Ва Айюб нутқи худро давом дода, гуфт:
2
«Кошки ман мисли моҳҳои пеш мебудам, мисли рӯзҳое ки Худо маро нигоҳ медошт,
3
Вақте ки чароғи Ӯ бар сари ман нур мепошид, ва ман бо рӯшноии он дар торикӣ роҳ мерафтам;
4
Мисли он ки дар рӯзҳои ҷавонии худ будам, вақте ки дӯстии Худо бар хаймаи ман буд,
5
Вақте ки Қодир ҳанӯз бо ман буд, ва фарзандонам дар гирду пеши ман буданд,
6
Вақте ки пойҳои ман бо қаймоқ шуста мешуд, ва кӯҳпора барои ман ҷӯйбори равған мерехт!
7
Ҳангоме ки ман ба дарвозаи шаҳр мебаромадам, ва нишастгоҳи худро дар майдон муҳайё менамудам, —
8
Ҷавонон маро дида, пинҳон мешуданд, ва пирон бархоста, рост меистоданд;
9
Мирон аз суханронӣ худдорӣ мекарданд, ва даст ба даҳони худ мемонданд;
10
Овози сарварон хомӯш мешуд, ва забонашон ба комашон мечаспид.
11
Гӯше ки овозаи маро мешунид, маро сазовори хушбахтӣ медонист; ва чашме ки рафтори маро медид, ба адолати ман шаҳодат медод,
12
Зеро мазлумеро, ки истиғоса мебурд, ва ятимеро, ки мададгор надошт, раҳо мекардам;
13
Баракати шахсе ки гирифтори ҳалокат буд, ба ман мерасид, ва дили бевазанро ман шод менамудам.
14
Ҷомаи адлро мепӯшидам, ва он ба воситаи ман ҷомаи амал мепӯшид: доварии ман мисли ридо ва дастор буд.
15
Ман барои кӯр чашм будам ва барои ланг — пой;
16
Барои мискинон ман падар будам, ва даъвои ношиносро тафтиш менамудам,
17
Ва дандонҳои осиёи шахси ноинсофро мешикастам, ва нахҷирро аз дандонҳояш меафтондам.
18
Ва дар дили худ мегуфтам: „Дар лонаи худ хоҳам мурд, пас аз он ки рӯзҳоям мисли рег сершумор гардад;
19
Решаи ман сӯи об паҳн хоҳад шуд, ва бар шоху баргҳои ман шабнам қарор хоҳад гирифт;
20
Ҷалоли ман ҳамеша дар ман тоза хоҳад буд, ва камони ман дар дастам қувват хоҳад ёфт“.
21
Маро мешуниданд ва интизор мешуданд, ва барои машварати ман хомӯш мемонданд.
22
Баъд аз сухани ман чизе намегуфтанд, ва каломи ман бар онҳо мечакид:
23
Ба ман мисли бороне интизорӣ доштанд, ва даҳони худро барои борони охирин мекушоданд.
24
Вақте ки ба онҳо табассум менамудам, бовариашон намеомад; ва нури рӯи ман онҳоро хушнӯд мекард.
25
Роҳи онҳоро интихоб менамудам ва дар садри маҷлис менишастам, ва дар миёни фавҷ мисли подшоҳе сокин будам, ва мисли шахсе ки азодоронро тасаллӣ медиҳад.
← Chapter 28
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 30 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42