bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Job 30
Job 30
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 29
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 31 →
1
Ва алҳол ба ҳоли ман касоне механданд, ки синнашон аз синни ман камтар аст, ва ман розӣ намешудам ба он ки падарони онҳоро бо сагони рамаи худ бимонам.
2
Қувваи бозувони онҳо низ ба ман чӣ лозим буд? Тароваташон нест шуда буд.
3
Аз мӯҳтоҷӣ ва гуруснагӣ бемадор шуда, ба чӯли тираи хушку хало мегурехтанд,
4
Шӯргиёҳ ва баргҳои буттаҳоро мечиданд, ва решаҳои ратам хӯроки онҳо буд.
5
Аз байни ҷамоат бадар ронда мешуданд, ба сари онҳо мисли дуздон дод мегуфтанд.
6
Дар дараҳои рӯдҳо маскан мегирифтанд, дар ғорҳои замин ва сахраҳо.
7
Дар миёни буттаҳо оху фиғон мекарданд, зери хорзор паноҳ меёфтанд.
8
Ин мардуми нобакор, ин мардуми гумном низ, ба ин сабаб аз замин рад шудаанд!
9
Валекин алҳол ман суруди таҳқиромези онҳо гардидаам, ва барояшон калимаи тамасхур шудаам.
10
Онҳо аз ман нафрат доранд, аз ман дур мешаванд, ва аз туф кардан бар рӯи ман худдорӣ намекунанд.
11
Зеро ки Ӯ зеҳи камони маро кушода, маро зеру забар кардааст, ва онҳо лаҷоми худро ба хузури ман сар додаанд.
12
Аз тарафи рост издиҳоми бачагон бархоста, пойҳоямро ба танг меоваранд, ва роҳҳои ҳалокатовари худро бар ман равона мекунанд.
13
Роҳи маро вайрон карда, фалокати маро афзун менамоянд, дар сурате ки монеае барояшон нест.
14
Мисли он ки аз рахнаи фарохе бошад, сӯи ман меоянд, ба сони тундбод ҳуҷум меоваранд.
15
Даҳшатҳо маро фаро гирифта, мисли боде ҳиммати маро таъқиб мекунад, ва комьёбии ман мисли абре гузашта рафтааст.
16
Ва алҳол ҷонам андаруни ман ба ҳаяҷон меояд: рӯзҳои уқубат маро дар бар гирифтааст.
17
Шаб устухонҳоямро шикофта, аз ҳам ҷудо мекунад, ва рагҳоям ором надорад.
18
Бо қуввати азими Ӯ либосам тағьир ёфтааст, ва он маро мисли гиребони куртаам зер мекунад.
19
Маро Ӯ дар гил андохтааст, ва ман монанди хок ва хокистар шудаам.
20
Сӯи Ту истиғоса мебарам, ва иҷобат намекунӣ; ба дуо меистам, фақат бар ман назар меандозӣ.
21
Нисбат ба ман бераҳм гардидаӣ, бо қудрати дасти Худ ба ман кина меварзӣ.
22
Маро бо бод бардошта, бар он савор кардӣ, ва маро бо тундбоде вожгун менамоӣ.
23
Медонам, ки Ту маро ба марг хоҳӣ расонид, ва ба хонае ки барои ҷамъ омадани ҳамаи зиндаҳост.
24
Ба яқин ба хоктӯдае даст дароз нахоҳад кард, вақте ки кас дар мусибати худ фақат аз ин хусус истиғоса мебарад.
25
Оё ман ба ҳоли каси бадрӯзе гирья намекардам? Оё ҷонам аз қисмати мискин ғамгин намешуд?
26
Ҳангоме ки ба некӣ умед мебастам, бадӣ омад, ва ҳангоме ки ба нур интизорӣ доштам, торикӣ фаро расид.
27
Амъоям ба ҷӯш меояд ва ором намеёбад; рӯзҳои мусибат маро истиқбол намудааст.
28
Тирарӯй шуда мегардам, вале на аз офтоб; дар миёни ҷамоат бархоста, истиғоса мебарам.
29
Бародари шағолон шудаам, ва ёри шутурмурғон.
30
Пӯстам сиёҳ шуда, аз танам фурӯ мерезад, ва устухонам аз ҳарорати баданам сӯхта хушк шудааст.
31
Барбати ман ба сӯгдорӣ табдил ёфтааст, ва наи ман ба садои гирьяндагон.
← Chapter 29
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 31 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42