bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Job 5
Job 5
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 6 →
1
Пас, даъват намо, вале кист, ки ба ту ҷавоб гардонад? Ва ту ба кадоме аз муқаддасон муроҷиат хоҳӣ кард?
2
Зеро ки хашм беақлро мекушад, ва ҳасад соддалавҳро ба ҳалокат мерасонад.
3
Ман дидаам, ки беақле реша медавонд, ва ногаҳон маскани ӯ гирифтори бало шуд.
4
Фарзандони ӯ аз наҷот маҳрум мешаванд, ва назди маҳкама озор мекашанд, ва халоскунандае нест,
5
Дар сурате ки ҳосилоти ӯро гуруснагон мехӯранд, ва аз даруни хорбандҳо онро чида мегиранд, ва ғоратгарон молу мулки ӯро фурӯ мебаранд.
6
Зеро ки ҷафо аз хок намерӯяд, ва азоб аз замин намесабзад,
7
Балки одамизод барои азоб зоида мешавад, чунон ки шарораҳо парида боло мебароянд.
8
Аммо ман ба Худо илтиҷо менамудам, ва даъвои худро ба Худо месупурдам,
9
Ки Ӯ корҳои бузурги беҳадду ҳисобе мекунад, корҳои аҷоибе ки сону шумор надорад:
10
Ӯ бар рӯи замин борон медиҳад, ва бар рӯи саҳроҳо об мефиристад.
11
Ӯ афтодагонро ба мартабаи баланд мерасонад, ва ғамзадагон наҷот ёфта, сарбаланд мешаванд.
12
Ӯ дасисаҳои маккоронро вайрон мекунад, ва дастҳошон ноил намешавад.
13
Ӯ хирадмандонро ба макри худашон гирифтор мекунад, ва машварати каҷкорон барбод меравад;
14
Онҳо рӯзона ба торикӣ дучор меоянд, ва пешингоҳ, мисли он ки шаб бошад, даст‐дасткунон роҳ мераванд.
15
Ӯ бенаворо аз шамшери даҳони онҳо ва аз дасти зӯровар наҷот медиҳад.
16
Ва умеде барои бемаҷол пайдо мешавад, ва ноинсофӣ даҳони худро мебандад.
17
Инак, хушо касе ки Худо варо танбеҳ намудааст! Пас, ҷазои Қодирро рад накун,
18
Зеро ки Ӯ маҷрӯҳ мекунад ва Худаш ҷароҳатбандӣ менамояд; Ӯ зарба медиҳад, ва дасти Худаш шифо мебахшад;
19
Дар шаш мусибат туро раҳо мекунад, ва дар ҳафтумаш ба ту осеб намерасад;
20
Дар вақти қаҳтӣ туро аз мурдан халос мекунад, ва дар ҷанг аз дасти шамшер.
21
Аз пеши забон пинҳон хоҳӣ шуд, ва аз фалокат, вақте ки ояд, нахоҳӣ тарсид.
22
Бар тороҷ ва бар қаҳтӣ хоҳӣ хандид, ва аз ҳайвоноти замин нахоҳӣ тарсид,
23
Зеро ки бо сангҳои саҳро ту иттифоқ хоҳӣ кард, ва ҳайвоноти саҳро бо ту сулҳ хоҳанд баст.
24
Ва хоҳӣ донист, ки хаймаи ту саломат аст, ва чун маскани худро тафаққуд намоӣ, чизе камӣ нахоҳад кард.
25
Ва хоҳӣ донист, ки насли ту сершумор аст, ва авлоди ту мисли алафи замин.
26
Ва дар куҳансолӣ ба қабр хоҳӣ рафт, мисли бандҳои ғалла, ки дар мавсимаш ғарам карда мешавад.
27
Он чи мо тафтиш кардаем, ин ҷост, ва он дуруст аст; пас ту онро бишнав, ва барои худ бидон».
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 6 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42