bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
2 Chronicles 1
2 Chronicles 1
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 2 →
1
Ва Сулаймон ибни Довуд дар салтанати худ мустаҳкам шуд, ва Худованд Худои ӯ бо ӯ буд, ва ӯро бузург гардонида, баланд бардошт.
2
Ва Сулаймон ба тамоми Исроил: ба мириҳазорҳо ва мирисадҳо, ва доварон, ва ҳамаи раисоне ки дар тамоми Исроил буданд, ба сардорони хонаво даҳо амр фармуд,
3
Ва Сулаймон, ва тамоми ҷамоат ҳамроҳи у, ба суи баландие ки дар Ҷибъӯн буд, рафтанд, зеро хаймаи ҷомеи Худо, ки Мусо, бандаи Худо, онро дар биёбон сохта буд, дар он ҷо воқеъ буд.
4
Аммо сандуқи Худоро Довуд аз Қирьят‐Еорим ба маконе ки Довуд барояш тайёр карда буд, баровард, зеро ки барои он дар Ерусалим хаймае барафрошта буд.
5
Вале қурбонгоҳи мисине ки Басалъил ибни Урӣ ибни Хур сохта буд, дар Ҷибъӯн пеши маскани Худованд воқеъ буд; ва Сулаймон ва ҷамоат онро зиёрат карданд.
6
Ва Сулаймон дар он ҷо ба хузури Худованд назди қурбонгоҳи мисине ки пеши хаймаи ҷомеъ буд, баромада, ҳазор сар қурбонии сӯхтанӣ бар он тақдим намуд.
7
Дар ҳамон шаб Худо ба Сулаймон зоҳир шуд, ва ба ӯ гуфт: «Талаб намо, чӣ чизе ба ту бидиҳам».
8
Ва Сулаймон ба Худо гуфт: «Ту ба падарам Довуд зҳсони азиме кардӣ, ва маро ба ҷои ӯ подшоҳ сохтӣ.
9
Алҳол, эй Худованд Худо, бигзор он сухане ки Ту ба падарам Довуд гуфтаӣ, ба амал ояд, зеро ки Ту маро бар қавме ки мисли ғубори замин сершуморанд, подшоҳ сохтаӣ.
10
Алҳол ҳикмат ва дониш ба ман ато намо, то ки ба ин қавм тавонам роҳбарӣ кунам, зеро кист, ки ин қавми бузурги Туро битавонад доварӣ намояд?»
11
Ва Худо ба Сулаймон гуфт: «Абзаски ин дилхоҳи ту буд, ва ту сарват, дороӣ ва ҷалол, ва ҷони душманонатро талаб накардӣ, ва низ умри дароз талаб накардӣ, балки ҳикмат ва дониш барои худ талабидӣ, то қавми Маро, ки бар онҳо туро подшоҳ сохтаам, доварӣ намоӣ, —
12
Бинобар ин ҳикмат ва дониш ба ту ато карда шуд, ва Ман сарват ва дороӣ ва ҷалол ба ту хоҳам бахшид, ба андозае ки подшоҳони пеш аз ту мисли он надоштанд, ва баъд аз ту мисли он наҳоҳанд дошт».
13
Ва Сулаймон аз зиёрати баландие ки дар Ҷибъӯн буд, аз хузури хаймаи ҷомеъ ба Ерусалим омад, ва бар Исроил подшоҳӣ кард.
14
Ва Сулаймон аробаҳо ва саворагон ҷамъ кард: ӯ ҳазору чорсад ароба ва дувоздаҳ ҳазор нафар саворагон дошт; ва ӯ онҳоро дар шаҳрҳои аробаҳо ва назди подшоҳ дар Ерусалим ҷойгир кард.
15
Ва подшоҳ нукра ва тиллоро дар Ерусалим ба сангҳои кӯча баробар гардонид, ва чӯби арзро ба чӯби ҷумиз, ки дар пастӣ бисьёр мерӯяд, баробар сохт.
16
Ва аспонро барои Сулаймон аз Миср ва аз Қаве меоварданд: тоҷирони подшоҳ онҳоро аз Қаве ба баҳои муайян мехариданд.
17
Ва як аробаро аз Миср ба баҳои шашсад сиқл нуқра харида меоварданд, ва як аспро — ба баҳои саду панҷоҳ сиқл; ва ҳамчунин барои ҳамаи подшоҳони ҳиттиён ва подшоҳони арамиён ба воситаи онҳо меоварданд.
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 2 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36