bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
2 Chronicles 11
2 Chronicles 11
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 10
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 12 →
1
Ва Раҳабъом ба Ерусалим омада, аз хонадони Яҳудо ва Биньёмин саду ҳаштод ҳазор ҷанговарони гузинро ҷамъ овард, то ки бо Исроил ҷанг карда, салтанатро ба Раҳабъом баргардонад.
2
Ва каломи Худо бар Шамаъёҳу, марди Худо, нозил шуда, гуфт:
3
«Ба Раҳабъом ибни Сулаймон, подшоҳи Яҳудо, ва ба тамоми Исроил, ки дар Яҳудо ва Биньёмин мебошанд, бигӯй:
4
„Худованд чунин мегӯяд: набароед ва бо бародарони худ ҷанг накунед! Ҳар яке ба хонаи худ баргардед, зеро ки ин аз ҷониби Ман шудааст“». Ва онҳо ба каломи Худованд гӯш доданд, ва аз юриши зидди Ёробъом баргаштанд.
5
Ва Раҳабъом дар Ерусалим сокин шуд; ва шаҳрҳои ҳисордор дар Яҳудо бино кард;
6
Ва Байт‐Лаҳм, ва Эйтом, ва Тақӯо,
7
Ва Байт‐Сур, ва Сӯкӯ, ва Адуллом,
8
Ва Ҷат, ва Морешо, ва Зиф,
9
Ва Адуроим, ва Лохиш, ва Азиқо,
10
Ва Соръо, ва Аёлӯн, ва Ҳебрӯнро бино кард, ки шаҳрҳои ҳисордор дар Яҳудо ва Биньёмин мебошанд.
11
Ва ҳисорҳоро мустаҳкам карда, дар онҳо волиён ва захираҳои хӯрокворӣ ва равған ва шароб гузошт.
12
Ва ба ҳар шаҳр сипарҳо ва найзаҳо дода, онҳоро бағоят мустаҳкам намуд. Ва Яҳудо ва Биньёмин дар ихтиёри ӯ монданд.
13
Ва коҳинон ва левизодагоне ки дар тамоми Исроил буданд, аз тамоми ҳудуди худ назди ӯ ҷамъ шуданд,
14
Зеро ки левизодагон ҳаволии шаҳрҳо ва амлоки худро тарк карда, ба Яҳудо ва Ерусалим омаданд, чунки Ёробъом бо писаронаш онҳоро аз каҳонати Худованд дур карда буд,
15
Ва барои худ коҳинонро аз баҳри баландиҳо ва нарбузҳо ва гӯсолаҳое ки сохта буд, таъин намуд.
16
Ва аз қафои левизодагон аз ҳамаи сибтҳои Исроил касоне ки дили худро толиби Худованд Худои Исроил гардонида буданд, ба Ерусалим омаданд, то ки барои Худованд Худои падарони худ қурбонӣ кунанд.
17
Ва онҳо салтанати Яҳудоро мустаҳкам карданд, ва Раҳабъом ибни Сулаймонро се сол тақвият доданд, зеро ки се сол бо роҳи Довуд ва Сулаймон мерафтанд.
18
Ва Раҳабъом Моҳалатро ба занӣ гирифт, ки вай духтари Еримӯт ибни Довуд ва Абиҳаил бинти Элиоб ибни Йисой буд.
19
Ва вай барои ӯ писарон: Еуш ва Шамарьё ва Зоҳамро зоид.
20
Ва баъд аз вай Маако бинти Абшолӯмро гирифт, ва вай барои ӯ Абиё ва Аттай ва Зизо ва Шелӯмитро зоид.
21
Ва Раҳабъом Маако бинти Абшолӯмро аз ҳамаи занон ва сурриягони худ зиёдтар дӯст медошт, зеро ки ҳаждаҳ зан гирифта буд, ва шаст суррия дошт; ва бисту ҳашт писар ва шаст духтар ба дуньё овард.
22
Ва Раҳабъом Абиё писари Маакоро сардор таъин кард, то ки бар бародаронаш раис бошад, зеро ки ният дошт варо подшоҳ созад.
23
Ва оқилона амал намуда, ҳамаи писаронашро ба ҳамаи заминҳои Яҳудо ва Биньёмин, ба ҳамаи шаҳрҳои ҳисордор фиристод, ва барояшон нафақаи калон таъин намуд, ва занони бисьёр пайдо кард.
← Chapter 10
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 12 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36