bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
2 Chronicles 20
2 Chronicles 20
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 19
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 21 →
1
Ва баъд аз он чунин воқеъ шуд, ки банӣ‐Мӯоб ва банӣ‐Аммӯн, ва бо онҳо баъзе аз маӯниён ба муқобили Еҳӯшофот барои ҷанг омаданд.
2
Ва назди Еҳӯшофот омаданд ва хабар дода, гуфтанд: «Анбӯҳи бузурге аз он тарафи баҳр, аз Арам ба муқобили ту меоянд, ва инак, онҳо ба Ҳасасӯн‐Томор, ки ҳамон Айн‐Ҷадӣ бошад, расидаанд».
3
Ва Еҳӯшофот ба ҳарос афтод, ва ба мадади Худованд рӯй овард, ва дар тамоми Яҳудо рӯзадорӣ эълон кард.
4
Ва аҳли Яҳудо ҷамъ шуданд, то ки аз Худованд мадад пурсанд; аз ҳамаи шаҳрҳои Яҳудо низ омаданд, то ки аз Худованд мадад пурсанд.
5
Ва Еҳӯшофот дар миёни ҷамоати Яҳудо ва Ерусалим, дар хонаи Худованд, пеши саҳни нав истода,
6
Гуфт: «Эй Худованд Худои падарони мо! Ту, охир, Худо дар осмон ҳастӣ, ва Ту бар ҳамаи мамлакатҳои қавмҳо салтанат меронӣ, ва қувват ва иқтидор дар дасти Туст, ва касе нест, ки тавонад пеши Ту истодагӣ намояд.
7
Ту, охир, эй Худои мо, сокинони ин заминро аз пеши қавми Худ Исроил бадар рондаӣ, ва онро ба насли дӯсти Худ Иброҳим ба сурати абадӣ додаӣ.
8
Ва онҳо дар он сокин шуданд, ва барои Ту қудсе ба исми Ту дар он бино карда, гуфтанд:
9
„Агар мусибате, шамшери ҷазодиҳандае, ё вабо ва қаҳтӣ бар мо биёяд, мо пеши ин хона ва пеши Ту, — чунки исми Ту дар ин хона аст, — биистем ва сӯи Ту дар тангии худ истиғоса барем, ва Ту иҷобат намуда наҷот хоҳӣ дод“.
10
Ва алҳол, инак, банӣ‐Аммӯн ва Мӯоб ва кӯҳи Сеир, ки Ту ба Исроил, вақте ки аз замини Миср меомаданд, иҷозат надодӣ, ки аз кишварҳои онҳо убур намоянд, бинобар ин аз пеши онҳо давр зада гузашта, онҳоро несту нобуд накарданд, —
11
Инак, онҳо подоши инро ба мо медиҳанд, яъне мехоҳанд, ки омада, моро аз меросе ки ба тасарруфи мо додаӣ, бадар ронанд.
12
Эй Худои мо! Худат онҳоро доварӣ намо, зеро мо қувват надорем, ки пеши анбӯҳи бузурге ки ба муқобили мо меоянд, истодагӣ намоем, ва мо намедонем чӣ кор кунем, балки чашмони мо ба сӯи Туст».
13
Ва тамоми аҳли Яҳудо ба ҳузури Худованд истода буданд, низ кӯдаконашон, занонашон ва писаронашон.
14
Ва Яҳазиил ибни Закарьёҳу, ибни Баноё, ибни Яиил, ибни Маттанъёи левизода, ки аз банӣ‐Ософ буд, — бар ӯ Рӯҳи Худованд дар миёни ҷамоат нозил шуд,
15
Ва ӯ гуфт: «Гӯш андозед, эй тамоми Яҳудо ва сокинони Ерусалим ва подшоҳ Еҳӯшофот! Худованд ба шумо ҷунин мегӯяд: „Шумо аз ин анбӯҳи бузург натарсед ва ҳаросон нашавед, зеро ки ин ҷанг аз они шумо нест, балки аз они Худост.
16
Фардо бар онҳо фурӯд оед: инак, онҳо ба баландии Сис мебароянд, ва шумо онҳоро дар интиҳои водӣ, назди биёбони Яруил хоҳед ёфт.
17
Дар ин ҷанг шумо нахоҳед ҷангид; шумо, эй Яҳудо ва Ерусалим, бархоста биистед, ва наҷоти Худовандро, ки бо шумо хоҳад буд, бубинед! Натарсед ва ҳаросон нашавед! Фардо ба муқобили онҳо берун оед, ва Худованд бо шумо хоҳад буд“».
18
Ва Еҳӯшофот рӯ ба замин афтод, ва тамоми аҳли Яҳудо ва сокинони Ерусалим ба ҳузури Худованд афтоданд, то ки ба Худованд саҷда баранд.
19
Ва левизодагон аз банӣ‐қаҳотиён ва аз банӣ‐қӯраҳиён бархостанд, то ки дар ҳаққи Худованд Худои Исроил бо овози бағоят баланд ҳамду сано гӯянд.
20
Ва бомдодон бармаҳал бархоста, сӯи биёбони Тақӯо берун омаданд; ва ҳангоме ки берун меомаданд, Еҳӯшофот биистод ва гуфт: «Маро бишнавед, эй аҳли Яҳудо ва сокинони Ерусалим! Ба Худованд Худои худ имон оваред ва амин хоҳед буд, ба анбиёи Ӯ имон оваред, ва комьёб хоҳед шуд».
21
Ва бо қавм машварат карда, мутрибонро таъин намуд, то ки пешопеши фавҷи пешоҳанг берун рафта, дар шаъни Худованд бисароянд ва ҳашамати қудсиятро мадҳ карда, бигӯянд: «Худовандро ҳамд гӯед, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст!»
22
Ва ҳангоме ки онҳо ба сурудан ва ҳамд гуфтан шурӯъ карданд, Худованд бар банӣ‐Аммӯн, Мӯоб ва аҳли кӯҳи Сеир, ки ба Яҳудо омада буданд, камин ниҳод, ва онҳо шикаст хӯрданд;
23
Ва банӣ‐Аммӯн ва Мӯоб бар сокинони кӯҳи Сеир қиём намуда, онҳоро несту нобуд карданд, ва ҳангоме ки кори сокинони Сеирро тамом карданд, якдигарро куштан гирифтанд.
24
Ва ҳангоме ки аҳли Яҳудо ба дидбонгоҳи биёбон расида, ба он анбӯҳ назар андохтанд, инак, ҷасадҳои мурда бар замин хобидааст, ва растагоре нест.
25
Ва Еҳӯшофот бо қавми худ барои гирифтани ғанимати онҳо омад, ва назди онҳо молу мулк ва сару либос ва чизҳои гаронбаҳои зиёде ёфтанд, ва барои худ он қадар гирифтанд, ки ёрои бардошта бурдан надоштанд, ва се рӯз онҳо ғаниматро мегирифтанд, зеро ки бағоят бисьёр буд.
26
Ва дар рӯзи чорум дар водии Баракат ҷамъ шуданд, зеро ки дар он ҷо Худовандро муборак хонданд; бинобар ин номи он маконро водии Баракат ниҳоданд, ки то имрӯз чунин аст.
27
Ва тамоми мардуми Яҳудо ва Ерусалим бо сардории Еҳӯшофот бо шодмонӣ ба Ерусалим баргаштанд, зеро ки Худованд онҳоро бар душманонашон шод гардонида буд.
28
Ва дар Ерусалим бо барбатҳо ва удҳо ва карнайҳо назди хонаи Худованд омаданд.
29
Ва тарси Худо ҳамаи салтанатҳои кишварҳоро фаро гирифт, чун шуниданд, ки Худованд бо душманони Исроил ҷангидааст.
30
Ва мамлакати Еҳӯшофот осуда шуд, ва Худои ӯ ба ӯ аз ҳар тараф оромӣ ато намуд.
31
Ва Еҳӯшофот бар Яҳудо подшоҳӣ кард; дар вақти подшоҳ шуданаш сию панҷсола буд, ва бисту панҷ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард, ва номи модараш Азубо бинти Шилҳӣ буд.
32
Ва бо роҳи падари худ Осо рафтор намуд, ва аз он дур нашуда, он чи дар назари Худованд мақбул буд, ба амал овард.
33
Аммо баландиҳо барҳам дода нашуд, ва қавм ҳанӯз дилҳои худро сӯи Худои падарони худ равона накарда буданд.
34
Ва бақияи аъмоли Еҳӯшофот, аз аввал то охир, дар вақоеъномаи Еҳу ибни Ҳанонӣ, ки он дар китоби подшоҳони Исроил дохил аст, навишта шудааст.
35
Ва баъд аз ин Еҳӯшофот, подшоҳи Яҳудо, бо Аҳазьё, подшоҳи Исроил, ки шарирона рафтор мекард, шарик шуд.
36
Ва бо вай шарик шуд, то ки киштиҳо сохта, ба Таршиш равона кунад; ва онҳо дар Эсьюн‐Ҷобар киштиҳо сохтанд.
37
Ва Элиозар ибни Дӯдовоҳу, ки аз Морешо буд, дар ҳаққи Еҳӯшофот нубувват намуда, гуфт: «Азбаски бо Аҳазьё шарик шудӣ, Худованд кори туро вайрон хоҳад кард». Ва киштиҳо дарҳам шикаста, ба Таршиш натавонистанд бираванд.
← Chapter 19
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 21 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36