bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
2 Chronicles 34
2 Chronicles 34
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 33
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 35 →
1
Дар вақти подшоҳ шуданаш Йӯшиёҳу ҳаштсола буд, ва сию як сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард.
2
Ва он чи дар назари Худованд мақбул буд, ба амал овард, ва бо роҳҳои падараш Довуд равона шуда, ба тарафи рост ё чап майл накард.
3
Ва дар соли ҳаштуми подшоҳии худ, вақте ки ҳанӯз навҷавон буд, ба ҷустани Худои падараш Довуд оғоз кард, ва дар соли дувоздаҳум ба тоза кардани Яҳудо ва Ерусалим аз баландиҳо ва Ашераҳо ва бутҳо ва санамҳо шурӯъ намуд.
4
Ва қурбонгоҳҳои Баалҳоро пеши ӯ валангор карданд; ва ҳайкалҳои офтобпарастиро, ки бар болои онҳо буд, шикаста афтонид; ва Ашераҳо, ва бутҳо ва санамҳоро дарҳам шикаст ва гард‐гард карда, бар рӯи қабрҳои онҳое ки барояшон қурбонӣ мекарданд, пошид.
5
Ва устухонҳои коҳинонро бар қурбонгоҳҳошон сӯзонид, ва Яҳудо ва Ерусалимро тоза кард.
6
Ва дар шаҳрҳои Менашше ва Эфроим ва Шимъӯн ва ҳатто Нафтолӣ, дар харобазори онҳо, гирдогирд,
7
Қурбонгоҳҳоро валангор намуд, ва Ашераҳо ва санамҳоро дарҳам шикаста, гард‐гард кард, ва ҳамаи ҳайкалҳои офтобпарастиро дар тамоми замини Исроил шикаста афтонид; ва ба Ерусалим баргашт.
8
Ва дар соли ҳаждаҳуми подшоҳии худ, баъд аз он ки замин ва хонаро тоза кард, Шофон ибни Асальёҳу, ва Маасиёҳуи раиси шаҳр, ва Юоҳ ибни Юоҳози вақоеънависро фиристод, то ки хонаи Худованд Худои худро мустаҳкам намоянд.
9
Ва онҳо назди Ҳилқиёи саркоҳин омаданд, ва нуқраеро, ки ба Худо оварда шуда буд, ва левизодагони остонабон онро аз дасти Менашше ва Эфроим, ва аз тамоми бақияи Исроил, ва аз тамоми Яҳудо ва Биньёмин ҷамъ карда буданд, супурданд, ва ба Ерусалим баргаштанд.
10
Ва онро ба дасти саркороне ки дар хонаи Худованд таъин шуда буданд, супурданд; ва онҳо онро ба коргароне ки дар хонаи Худованд барои таъмир ва мустаҳкам намудани хона кор мекарданд, доданд.
11
Ва онро ба наҷҷорон ва бинокорон доданд, то ки сангҳои тарошида ва забарравҳо барои пайвастани деворҳо ва пӯшидани боми хонаҳое ки подшоҳони Яҳудо хароб карда буданд, бихаранд.
12
Ва он одамон аз рӯи виҷдон кор мекарданд, ва бар онҳо левизодагон Яҳат ва Убадьёҳу аз банӣ‐Марорӣ, ва Закарьё ва Машуллом аз банӣ‐қаҳотиён барои назорат кардан таъин шуда буданд; ва аз левизодагон ҳар касе ки навохтани асбоби мусиқӣ аз дасташон меомад.
13
Ва бар ҳаммолон низ гумошта шуда буданд, ва онҳо ба ҳамаи коргароне ки бо ҳар навъ корҳо шуғл доштанд, назорат мекарданд; ва аз левизодагон котибон ва нозирон ва дарбонон буданд.
14
Ва ҳангоме ки нуқраи ба хонаи Худованд дохилшударо берун меоварданд, Ҳилқиёи коҳин китоби Тавроти Худовандро, ки ба воситаи Мусо дода шуда буд, ёфт.
15
Ва Ҳилқиё ба Шофони котиб хитоб намуда, гуфт: «Китоби Тавротро дар хонаи Худованд ёфтаам». Ва Ҳилқиё он китобро ба Шофон дод.
16
Ва Шофон китобро назди подшоҳ овард, ва дар айни ҳол ба подшоҳ хабар дода, гуфт: «Ҳар коре ки ба бандагонат супурда шудааст, онҳо ба ҷо меоваранд;
17
Ва нуқраеро, ки дар хонаи Худованд буд, берун оварданд, ва онро ба дасти гумоштагон ва ба дасти саркорон супурданд».
18
Ва Шофони котиб ба подшоҳ хабар расонида, гуфт: «Ҳилқиёи коҳин китобе ба ман додааст». Ва Шофон онро ба ҳузури подшоҳ хонд.
19
Ва ҳангоме ки подшоҳ суханони Тавротро шунид, либоси худро чок зад.
20
Ва подшоҳ ба Ҳилқиё ва Аҳиқом ибни Шофон ва Абдун ибни Мико ва Шофони котиб ва Асоён навкари подшоҳ амр фармуда, гуфт:
21
«Биравед ва аз Худованд барои ман ва барои бақияи Исроил ва Яҳудо дар бораи суханони ин китоби ёфтшуда илтиҷо намоед, зеро ғазаби Худованд, ки бар мо аланга гирифтааст, бузург аст, аз барои он ки падарони мо каломи Худовандро риоя накардаанд, то ки мувофиқи ҳар он чи дар ин китоб навишта шудааст, амал намоянд».
22
Ва Ҳилқиё ва онҳое ки подшоҳ амр фармуд, назди Ҳулдои набия, зани Шаллум ибни Тоқҳат ибни Ҳасрои посбони либосҳо, ки дар Ерусалим, дар маҳаллаи дуюми он сукунат дошт, рафтанд, ва бо вай дар ин бобат сухан ронданд.
23
Ва ӯ ба онҳо гуфт: «Худованд Худои Исроил чунин мегӯяд: „Ба касе ки шуморо назди ман фиристодааст, бигӯед:
24
Худованд чунин мегӯяд: инак, Ман мусибате бар ин макон ва бар сокинонаш хоҳам овард, — ҳамаи лаънатҳоеро, ки дар ин китоб, ки онро пеши подшоҳи Яҳудо хондаанд, навишта шудааст;
25
Азбаски онҳо Маро тарк карда, ба худоёни дигар бухур сӯзондаанд, то ки Маро бо тамоми амали дастҳои худ ба хашм оваранд, ғазаби Ман бар ин макон аланга гирифтааст, ва хомӯш нахоҳад шуд“.
26
Ва ба подшоҳи Яҳудо, ки шуморо фиристодааст, то ки аз Худованд илтиҷо намоед, чунин гӯед: „Худованд Худои Исроил дар бораи суханоне ки шунидаӣ, чунин мегӯяд:
27
Азбаски дили ту нарм шудааст, ва дар вақти шунидани суханони Худо дар бораи ин макон ва сокинонаш ба ҳузури Ӯ гардан фуровардаӣ, — ва ба ҳузури Ман гардан фуроварда, либоси худро чок задаӣ, ва ба ҳузури Ман гирья кардаӣ, бинобар ин Ман низ туро иҷобат намудам, мегӯяд Худованд;
28
Инак, Ман туро ба падаронат ҳамроҳ хоҳам кард, ва ту дар мақбараи худ ба саломатӣ гузошта хоҳӣ шуд, ва тамоми он мусибатро, ки Ман бар ин макон ва бар сокинонаш меоварам, чашмони ту нахоҳад дид“». Ва ҷавобро ба подшоҳ расониданд.
29
Ва подшоҳ фиристода, ҳамаи пирони Яҳудо ва Ерусалимро ҷамъ кард.
30
Ва подшоҳ ба хонаи Худованд омад, ва тамоми мардуми Яҳудо ва сокинони Ерусалим бо ӯ буданд, — коҳинон ва левизодағон ва тамоми қавм аз калон то хурд; ва ӯ ҳамаи суханони китоби аҳдро, ки дар хонаи Худованд ёфт шуд, дар гӯши онҳо хонд.
31
Ва подшоҳ бар минбари худ истод, ва ба ҳузури Худованд аҳд баст, ки Худовандро пайравӣ намоянд, ва аҳком ва шаҳодот ва фароизи Ӯро бо тамоми дилу ҷон риоя кунанд, ва суханони ин аҳдро, ки дар ин китоб навишта шудааст, ба ҷо оваранд.
32
Ва ӯ ҳамаи онҳоеро, ки дар Ерусалим ва Биньёмин буданд, бар ин ӯҳдадор гардонид; ва сокинони Ерусалим мувофиқи аҳди Худо, Худои падаронашон рафтор карданд.
33
Ва Йӯшиёҳу ҳамаи чизҳои зиштро аз ҳамаи заминҳое ки ба банӣ‐Исроил тааллуқ дошт, дур кард, ва ҳамаи онҳоеро, ки дар Исроил буданд, водор намуд, ки Худованд Худои худро ибодат кунанд; дар тамоми айёми ӯ онҳо аз пайравии Худованд Худои падаронашон дур нашудаанд.
← Chapter 33
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 35 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36