bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
2 Chronicles 22
2 Chronicles 22
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 21
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 23 →
1
Ва сокинони Ерусалим писари хурдии ӯ Аҳазьёҳуро ба ҷои ӯ подшоҳ карданд, зеро фавҷе ки бо арабҳо ба ӯрдугоҳ даромада буданд, ҳамаи писарони калониро кушта буданд; ва Аҳазьёҳу ибни Еҳӯром, подшоҳи Яҳудо, подшоҳ шуд.
2
Дар вақти подшоҳ шуданаш Аҳазьёҳу чилу дусола буд, ва як сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва номи модараш Атальё бинти Омрӣ буд.
3
Ӯ низ бо роҳҳои хонадони Аҳъоб рафтор намуд, зеро ки модараш машваратчии ӯ буд, то ки корҳои шарирона бикунад.
4
Ва мисли хонадони Аҳъоб, он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал овард, зеро ки онҳо, баъд аз фавти падараш, машваратчиёни ӯ буданд, то ки ба ҳалокат бирасад.
5
Бар тибқи машварати онҳо рафтор карда, ӯ бо Йӯром ибни Аҳъоб, подшоҳи Исроил, ба ҷанги зидди Ҳазоил, подшоҳи Арам, ба Ромӯт‐Ҷилъод рафт, ва арамиён Йӯромро захмдор карданд.
6
Ва ӯ ба Изреъил баргашт, то аз захмҳое ки ба ӯ дар Ромо расонида буданд, вақте ки бо Ҳазоил, подшоҳи Арам, меҷангид, шифо ёбад; ва Аҳазьёҳу ибни Еҳӯром, подшоҳи Яҳудо, барои дидани Йӯром ибни Аҳъоб ба Изреъил фурӯд омад, чунки вай бемор буд.
7
Ва ҳалокати Аҳазьёҳу аз ҷониби Худо буд, ки ӯ назди Йӯром омад, ва омадан замон бо Йӯром ба Еҳу ибни Нимшӣ муқобил баромад, ки варо Худованд барои нест кардани хонадони Аҳъоб тадҳин намуда буд.
8
Ва ҳангоме ки Еҳу аз хонадони Аҳъоб қасос мегирифт, сарварони Яҳудо ва писарони бародарони Аҳазьёҳуро, ки ба Аҳазьёҳу хизмат мекарданд, ёфта, онҳоро ба қатл расонид.
9
Ва Аҳазьёҳуро талаб кард, ва ӯро дар ҳолате ки дар Сомария пинҳон шуда буд, дастгир карда, назди Еҳу оварданд, ва ӯро кушта, дафн карданд, зеро ки гуфтанд: «Ӯ писари Еҳӯшофот аст, ки вай бо тамоми дили худ Худовандро ҷӯё шуда буд». Ва аз хонадони Аҳазьёҳу касе боқӣ намонд, ки қувват дошта бошад салтанат ронад.
10
Ва Атальё, модари Аҳазьёҳу, чун дид, ки писараш мурд, бархоста, тамоми насли подшоҳони хонадони Яҳудоро несту нобуд кард.
11
Вале Еҳӯшобаъ, духтари подшоҳ, Еҳӯош ибни Аҳазьёҳуро гирифт, ва ӯро аз миёни писарони подшоҳ, ки кушта мешуданд, дуздид, ва ӯро бо ширдораш ба хонаи хобгоҳ бурда ҷойгир кард; ва Еҳӯшобаъ, духтари подшоҳ Еҳӯром, ки зани Еҳӯёдои коҳин буд, — зеро ки вай хоҳари Аҳазьёҳу буд, — ӯро аз Атальё пинҳон кард, ва вай ӯро накушт.
12
Ва ӯ бо онҳо дар хонаи Худо шаш сол пинҳон буд; ва Атальё дар мамлакат подшоҳӣ мекард.
← Chapter 21
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 23 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36