bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
2 Chronicles 7
2 Chronicles 7
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 6
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 8 →
1
Ва ҳангоме ки Сулаймон гуфтани дуоро ба анҷом расонид, оташе аз осмон фурӯд омада, қурбонии сӯхтанӣ ва забҳҳоро сӯзонид, ва ҷалоли Худованд хонаро пур кард.
2
Ва коҳинон натавонистанд ба хонаи Худованд дохил шаванд, зеро ки ҷалоли Худованд хонаи Худовандро пур карда буд.
3
Ва тамоми банӣ‐Исроил фурӯд омадани оташ ва ҷалоли Худовандро бар хона диданд, ва рӯй бар замини сангфарш афтода, саҷда бурданд, ва Худовандро ҳамду сано хонданд, зеро ки Ӯ некӯст, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст.
4
Ва подшоҳ ва тамоми қавм қурбониҳо ба ҳузури Худованд забҳ карданд.
5
Ва подшоҳ Сулаймон бисту ду ҳазор гов ва саду бист ҳазор гӯсфанд қурбонӣ кард; ва подшоҳ ва тамоми қавм хонаи Худоро такдис карданд.
6
Ва коҳинон дар навбатдории худ меистоданд, ва левизодагон бо асбоби суруди Худованд буданд, ки подшоҳ Довуд онҳоро барои ҳамду санои Худованд сохта буд, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст, ва Довуд ба воситаи онҳо ҳамду сано мегуфт; ва коҳинон дар рӯ ба рӯи онҳо карнай менавохтанд, ва тамоми Исроил меистоданд.
7
Ва Сулаймон миёнаи саҳнро, ки пеши хонаи Худованд буд, такдис намуд, чунки қурбониҳои сӯхтанӣ ва чарбуи қурбониҳои саломатиро дар он ҷо такдис кард, зеро қурбонгоҳи мисине ки Сулаймон сохта буд, қурбониҳои сӯхтанӣ ва ҳадияҳои ордӣ ва чарбуи қурбониҳоро натавонист гунҷоиш диҳад.
8
Ва Сулаймон дар он вақт ҳафт рӯз ид кард, ва тамоми Исроил ҳамроҳи ӯ буданд, ки ин ҷамоати бағоят бузург аз даромадгоҳи Ҳамот то водии Миср ҷамъ омада буданд;
9
Ва дар рӯзи ҳаштум ҷамъомади ботантанаи идонае барпо карданд, зеро ки такдиси қурбонгоҳро ҳафт рӯз, ва идро ҳафт рӯз ба амал оварданд.
10
Ва дар рӯзи бисту сеюми моҳи ҳафтум ӯ қавмро ба хаймаҳошон фиристод, ки онҳо ба сабаби некие ки Худованд ба Довуд ва Сулаймон ва қавми Худ Исроил карда буд, хурсанд ва дилшод буданд.
11
Ва Сулаймон хонаи Худованд ва хонаи подшоҳро ба анҷом расонид; ва ҳар он чи орзуи дили Сулаймон буд, ки дар хонаи Худованд ва дар хонаи худаш ба амал оварад, муваффақият ёфт.
12
Ва Худованд шабона ба Сулаймон зоҳир шуд, ва ба ӯ гуфт: «Дуои туро шунидам, ва ин маконро барои Худ баргузидам, то ки хонаи қурбониҳо гардад.
13
Агар осмонро бибандам, ва борон наборад, ва агар ба малах фармон диҳам, ки ҳосили заминро бихӯрад, ва агар вабое бар қавми Худ бифиристам,
14
Ва қавми Ман, ки ба исми Ман номида шудаанд, гардан фуроварда, дуо гӯянд ва рӯи Маро ҷӯё шаванд, ва аз роҳҳои бади худ баргарданд, — он гоҳ Ман аз осмон шунида, гуноҳҳои онҳоро хоҳам омурзид, ва замини онҳоро шифо хоҳам дод.
15
Алҳол чашмони Ман воз ва гӯшҳои Ман ба дуое ки дар ин макон гуфта мешавад, шунаво хоҳад буд.
16
Ва алҳол Ман ин хонаро баргузидам ва такдис кардам, то ки исми Ман то абад дар он бошад; ва чашмони Ман ва дили Ман тамоми айём дар ин ҷо хоҳад буд.
17
Ва агар ту ба ҳузури Ман, чунон ки падарат Довуд рафтор менамуд, рафтор намоӣ, ва ҳар чиро, ки Ман ба ту амр фармудаам, ба ҷо оварӣ, ва фароизу аҳкоми Маро нигоҳ дорӣ,
18
Ман тахти салтанати туро устувор хоҳам кард, чунон ки бо падарат Довуд аҳд баста, гуфтаам: „Аз ту касе ки бар Исроил ҳоким бошад, аз миён нахоҳад рафт“.
19
Валекин агар шумо рӯй гардонида, аҳкому фароизеро, ки ба шумо додаам, тарк кунед, ва рафта, худоёни дигарро ибодат намоед, ва ба онҳо саҷда баред, —
20
Ман онҳоро аз замини Худ, ки ба онҳо додаам, решакан хоҳам кард, ва ин хонаро, ки ба исми Худ такдис намудаам, аз хузури Худ дур хоҳам андохт, ва онро дар миёни ҳамаи қавмҳо зарбулмасал ва хандахариш хоҳам гардонид.
21
Ва дар ҳаққи ин хона, ки олишукӯҳ буд, ҳар касе ки аз пеши он бигзарад, аз харобии он дар ҳайрат монда, хоҳад гуфт: „Аз чӣ сабаб Худованд ба ин замин ва ба ин хона чунин амал намудааст?“
22
Ва хоҳанд гуфт: „Аз он сабаб, ки онҳо Худованд Худои падарони худро, ки онҳоро аз замини Миср берун оварда буд, тарк карданд, ва худоёни дигарро пайравӣ намуда, ба онҳо саҷда бурданд ва онҳоро ибодат карданд; бинобар ин тамоми ин мусибатро ба сари онҳо овардааст“».
← Chapter 6
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 8 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36