bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
2 Chronicles 14
2 Chronicles 14
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 13
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 15 →
1
Ва Абиё бо падарони худ хобид, ва ӯро дар шаҳри Довуд дафн карданд, ва писараш Осо ба ҷои ӯ подшоҳ шуд; дар айёми ӯ замин даҳ сол оромӣ ёфт.
2
Ва Осо он чиро, ки дар назари Худованд Худо некӯ ва мақбул буд, ба амал овард.
3
Ва қурбонгоҳҳои бегона ва баландиҳоро барҳам дод, ва ҳайкалҳоро шикаст, ва дарахтони бути Ашераро решакан кард.
4
Ва ба аҳли Яҳудо гуфт, ки Худованд Худои падарони худро ҷӯё бошанд, ва шариат ва аҳкомро ба амал оваранд.
5
Ва аз ҳамаи шаҳрҳои Яҳудо баландиҳо ва қурбонгоҳҳои бухурро барҳам дод; ва мамлакат дар ҳузури ӯ оромӣ ёфт.
6
Ва шаҳрҳои ҳисордор дар Яҳудо бино кард, зеро ки замин оромӣ ёфта буд, ва дар он солҳо касе бо ӯ ҷанг накардааст, зеро ки Худованд ба ӯ осудагӣ ато намуд.
7
Ва ӯ ба Яҳудо гуфт: «Ин шаҳрҳоро бино кунем, ва дар гирдашон деворҳо ва бурҷҳо бо дарвозаҳо ва ғалақаҳо барпо намоем, дар сурате ки замин ҳанӯз дар ихтиёри мост, зеро ки Худованд Худои худро ҷӯё шудаем, — мо Ӯро ҷӯё шудем, ва Ӯ аз ҳар тараф ба мо осудагӣ ато намуд». Ва бино карданд ва муваффақият ёфтанд.
8
Ва Осо лашкаре иборат аз сипардорон ва найзаварон дошт, ки аз Яҳудо сесад ҳазор буданд, ва аз Биньёмин дусаду ҳаштод ҳазор сипардорон ва камонварон; ҳамаи инҳо мардони ҷангии шуҷоъ буданд.
9
Ва Зораҳи ҳабашӣ бо лашкаре ки аз ҳазор ҳазор сарбоз иборат буд, ва бо сесад ароба ба муқобили онҳо берун омада, ба Морешо расид.
10
Ва Осо ба пешвози ӯ берун омад, ва онҳо дар дараи Сафот назди Морешо барои ҷанг саф кашиданд.
11
Ва Осо сӯи Худованд Худои худ хонда, гуфт: «Худовандо, ҷуз Ту касе нест, ки ба камзӯр ба муқобили пурзӯр тавонад мадад расонад. Пас, эй Худованд Худои мо, ба мо мадад расон, зеро ки мо ба Ту таваккал кардаем, ва ба исми Ту назди ин анбӯҳ омадаем. Ту Худованд Худои мо ҳастӣ, намон, ки одамизод аз Ту зӯр барояд».
12
Ва Худованд ҳабашиёнро пеши Осо ва пеши Яҳудо шикаст дод, ва ҳабашиён рӯ ба гурез оварданд.
13
Ва Осо ва қавме ки бо ӯ буданд, онҳоро то Ҷарор таъқиб карданд, ва аз ҳабашиён он қадар фурӯ ғалтиданд, ки дигар ёрои истодагӣ надоштанд, зеро ки пеши Худованд ва пеши ӯрдуи Ӯ шикаст хӯрданд. Ва ғанимати зиёде ба даст оварда шуд.
14
Ва ҳамаи шаҳрҳои гирду пеши Ҷарорро зарба заданд, зеро ки тарси Худованд онҳоро фаро гирифта буд; ва ҳамаи шаҳрҳоро тороҷ карданд, зеро ки ғанимати зиёде дар онҳо буд.
15
Ва хаймаҳои чорводоронро низ зарба зада, гӯсфандони зиёд ва шутуронро гирифта бурданд, ва ба Ерусалим баргаштанд.
← Chapter 13
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 15 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36