bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
2 Chronicles 3
2 Chronicles 3
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 4 →
1
Ва Сулаймон ба бино кардани хонаи Худованд дар Ерусалим, бар кӯҳи Мӯриё шурӯъ намуд, ки дар он ҷо Худованд ба падараш Довуд зоҳир шуда буд, ва Довуд ин ҷойро дар хирмангоҳи Орнони ябусӣ муқаррар карда буд.
2
Ва ӯ дар рӯзи дуюми моҳи дуюм, дар соли чоруми подшоҳии худ ба бино кардан шурӯъ намуд.
3
Ва ин аст асосҳое ки Сулаймон барои бино кардани хонаи Худо гузошт: дарозияш бо зироъҳо, бар ҳасби андозаи аввала, шаст зироъ, ва фарохияш — бист зироъ.
4
Ва дарозии равоқе ки пеши толор буд, мувофиқи фарохии хона — бист зироъ, ва баландияш — саду бист; ва онро аз дарун бо тиллои холис пӯшонид.
5
Ва толори калонро бо чӯби сарв рӯйбаст намуд, ва онро бо тиллои холис пӯшонид, ва бар рӯяш нақши нахлҳо ва шилшилаҳоро ҳак кард.
6
Ва хонаро барои зебоӣ бо сангҳои гаронбаҳо тарсеъ дод, ва тиллои он тиллои Парвоим буд.
7
Ва хонаро, — болорҳо, остонаҳо, деворҳо ва дарҳои онро, — бо тилло рӯйбаст намуд, ва бар деворҳо каррубиёнро ҳак кард.
8
Ва хонаи қудси қудсҳоро сохт: дарозияш, мувофиқи фарохии хона, бист зироъ, ва фарохияш бист зироъ буд; ва онро бо тиллои хуб, ба миқдори шашсад киккар, рӯйбаст намуд.
9
Ва вазни мехҳо панҷоҳ сиқл тилло буд; ва болохонаҳоро бо тилло рӯйбаст намуд.
10
Ва дар хонаи қудси қудсҳо ду каррубии муҷассамкорӣ сохт, ва онҳоро бо тилло пӯшонид.
11
Ва болҳои каррубиён бист зироъ дарозӣ дошт; як бол, ки панҷ зироъ буд, ба девори хона мерасид, ва боли дигар, ки панҷ зироъ буд, ба боли каррубии дигар мерасид;
12
Ва боли каррубии дигар, ки панҷ зироъ буд, ба девори хона мерасид, ва боли дигараш, ки панҷ зироъ буд, ба боли каррубии дигар мечаспид.
13
Болҳои ин каррубиён ба дарозии бист зироъ паҳн шуда буд, ва онҳо бар пойҳои худ меистоданд, ва рӯйҳошон ба сӯи хона буд.
14
Ва пардаро аз лоҷвард ва арғувон ва қирмиз ва катон сохт, ва нақши каррубиёнро бар он кашид
15
Ва пеши хона ду сутун сохт, ки дарозии онҳо сию панҷ зироъ буд; ва тоҷе ки бар сари ҳар яке аз онҳо буд, панҷ зироъ дарозӣ дошт.
16
Ва шилшилаҳо, мисли онҳое ки дар ҳарам буд, сохта, бар сари сутунҳо гузошт; ва сад анор сохта, бар шилшилаҳо ниҳод.
17
Ва сутунҳоро пеши маъбад барқарор намуд, — якеро аз тарафи рост, ва дигареро аз тарафи чап; ва номи сутуни тарафи ростро Ёкин хонд, ва номи сутуни тарафи чапро — Бӯаз.
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 4 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36