bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
2 Chronicles 25
2 Chronicles 25
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 24
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 26 →
1
Амасьё дар синни бисту панҷсолагӣ подшоҳ шуд, ва бисту нӯҳ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва номи модараш Еҳӯадон, аз Ерусалим, буд.
2
Ва он чи дар назари Худованд мақбул буд, ба амал овард, аммо на бо дили комил.
3
Ва ҳангоме ки салтанат дар дасташ мустаҳкам шуд, навкарони худро, ки падараш подшоҳро кушта буданд, ба қатл расонид.
4
Вале писарони онҳоро накушт, бар тибқи навиштаи китоби Тавроти Мусо, ки дар он Худованд амр фармуда, гуфтааст: «Падарон набояд барои гуноҳи писарон кушта шаванд, ва писарон набояд барои гуноҳи падарон кушта шаванд, балки ҳар кас бояд барои гуноҳи худаш кушта шавад».
5
Ва Амасьё аҳли Яҳудоро ҷамъ кард, ва онҳоро мувофиқи хонаводаҳо, дар тамоми Яҳудо ва Биньёмин, зери фармони мириҳазорҳо ва мирисадҳо гузошт; ва онҳоро аз бистсола ва болотар дар шумор оварда, сесад ҳазор гузинони найзавар ва сипардорро ёфт, ки метавонистанд ба аскарӣ бираванд.
6
Ва аз Исроил сад ҳазор мардони ҷангиро ба баҳои сад киккар нуқра киро кард.
7
Вале марди Худо назди ӯ омада, гуфт: «Эй подшоҳ! Бигзор лашкари Исроил бо ту нараванд, зеро ки Худованд бо Исроил, яъне бо тамоми банӣ‐Эфроим нест.
8
Балки худат бирав, ва амал намуда, дар ҷанг қавӣ шав, вагар на туро Худо пеши душман мағлуб хоҳад кард, зеро ки Худо қодир аст мадад расонад ва мағлуб созад».
9
Ва Амасьё ба марди Худо гуфт: «Пас, оид ба сад киккар нуқрае ки ба фавҷи Исроил додаам, чӣ кунам?» Ва марди Худо гуфт: «Худованд қодир аст ба ту аз ин зиёдтар бидиҳад».
10
Ва Амасьё он фавҷро, ки назди ӯ аз Эфроим омада буданд, ҷудо кард, то ки ба макони худ бираванд; ва ғазаби онҳо бар Яҳудо бағоят аланга гирифт, ва онҳо хашмгин шуда, ба макони худ баргаштанд.
11
Ва Амасьё далер гардида, қавми худро пеш бурд, ва ба дараи Милҳ расида, аз банӣ‐Сеир даҳ ҳазор нафарро кушт.
12
Ва банӣ‐Яҳудо даҳ ҳазор нафарро зинда асир карда, ба қуллаи Солаъ оварданд; ва онҳоро аз қуллаи Солаъ партофтанд, ва ҳамаашон нобуд шуданд.
13
Ва аҳли он фавҷ, ки Амасьё онҳоро баргардонида буд, то ки бо ӯ ба ҷанг нараванд, дар шаҳрҳои Яҳудо, аз Сомария то Байт‐Ҳӯрӯн, пароканда шуда, се ҳазор нафарро куштанд, ва ғанимати зиёдеро ба тороҷ бурданд.
14
Ва ҳангоме ки Амасьё ба адӯмиён шикаст расонида баргашт, ӯ худоёни банӣ‐Сеирро оварда, назди худ онҳоро ҳамчун худоён барқарор намуд, ва пеши онҳо сачда бурд, ва барои онҳо бухур сӯзонид.
15
Ва ғазаби Худованд бар Амасьё аланга гирифт, ва набиеро назди ӯ фиристод, ки вай ба ӯ гуфт: «Чаро ту худоёни қавмеро ҷӯё шудаӣ, ки онҳо натавонистанд қавми худро аз дасти ту раҳо кунанд?»
16
Ва ҳангоме ки вай ба ӯ сухан меронд, ӯ ба вай гуфт: «Оё туро машваратчии подшоҳ таъин кардаанд? Бас кун, чаро туро бикушанд?» Ва набӣ бас карда, гуфт: «Медонам, ки Худо қарор додааст туро нобуд кунад, зеро ки ту ин корро кардӣ, ва ба машварати ман гӯш надодӣ».
17
Ва Амасьё, подшоҳи Яҳудо, машварат намуд, ва назди Юош ибни Еҳӯоҳоз ибни Еҳу, подшоҳи Исроил, фиристода, гуфт: «Биё, рӯ ба рӯ шавем».
18
Ва Юош, подшоҳи Исроил, назди Амасьё, подшоҳи Яҳудо, фиристода, гуфт: «Мушхоре ки дар Лубнон аст, ба арзе ки дар Лубнон аст, фиристода, гуфтааст: „Духтари худро ба писари ман ба занӣ бидеҳ“. Валекин хайвони даштие ки дар Лубнон аст, гузар карда, мушхорро поймол намудааст.
19
Мегӯӣ: „Инак, Адӯмро шикаст додам“, ва дилат мағрур шудааст, ва ту бо худ меболӣ. Алҳол дар хонаи худ бинишин. Чаро ту бадбахтиро иғво медиҳӣ, то ки худат фурӯ ғалтӣ, ва ҳамчунин Яҳудо ҳамроҳи ту?»
20
Вале Амасьё гӯш надод, зеро ки ин аз ҷониби Худо буд, то ки онҳоро ба дасти душман бисупорад, чунки худоёни Адӯмро ҷӯё шуда буданд.
21
Ва Юош, подшоҳи Исроил, баромад, ва ӯ ва Амасьё, подшоҳи Яҳудо, дар Байт‐Шемеш, ки дар Яҳудост, рӯ ба рӯ шуданд.
22
Ва аҳли Яҳудо пеши Исроил мағлуб гардида, ҳар яке ба хаймаҳои худ гурехта рафтанд.
23
Ва Юош, подшоҳи Исроил, Амасьё ибни Еҳӯош ибни Еҳӯоҳоз, подшоҳи Яҳудоро дар Байт‐Шемеш дастгир намуд, ва ӯро ба Ерусалим овард, ва ҳисори Ерусалимро аз дарвозаи Эфроим то дарвозаи кунҷакӣ, ба андозаи чорсад зироъ хароб кард;
24
Ва тамоми тилло ва нуқра, ва тамоми колоеро, ки дар хонаи Худо назди Убайд‐Адӯм ёфт шуд, ва хазоини хонаи подшоҳ, ва гаравгононро гирифта, ба Сомария баргашт.
25
Ва Амасьё ибни Еҳӯош, подшоҳи Яҳудо, баъд аз фавти Юош ибни Еҳӯоҳоз, подшоҳи Исроил, понздаҳ сол зиндагӣ кард.
26
Ва бақияи аъмоли Амасьё, аз аввал то охир, дар китоби подшоҳони Яҳудо ва Исроил навишта шудааст.
27
Ва аз замоне ки Амасьё аз пайравии Худованд дур шуд, дар Ерусалим ба муқобили ӯ суиқасд карданд, ва ӯ ба Локиш гурехт; ва аз ақиби ӯ ба Локиш фиристоданд, ва ӯро дар он ҷо куштанд.
28
Ва ӯро бар аспҳо бардошта оварданд, ва ӯро бо падаронаш дар шаҳри Довуд дафн карданд.
← Chapter 24
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 26 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36