bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
2 Chronicles 18
2 Chronicles 18
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 17
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 19 →
1
Ва Еҳӯшофот сарват ва шавкати зиёде дошт; ва бо Аҳъоб хешованд шуд.
2
Ва баъд аз чанд сол назди Аҳъоб ба Сомария фурӯд омад, ва Аҳъоб барои ӯ ва барои қавме ки ҳамроҳаш буданд, гӯсфандон ва говони бисьёре забҳ кард, ва ӯро тарғиб намуд, ки ба Ромӯт‐Ҷилъод барояд.
3
Ва Аҳъоб, подшоҳи Исроил, ба Еҳӯшофот, подшоҳи Яҳудо, гуфт: «Оё бо ман ба Ромӯт‐Ҷилъод меравӣ?» Ва ӯ ба вай гуфт: «Чунон ки туӣ, ончунон манам, ва чунон ки қавми туанд, ончунон қавми мананд, ва ман бо ту ба ҷанг хоҳам рафт».
4
Ва Еҳӯшофот ба подшоҳи Исроил гуфт: «Лутфан, ту имрӯз каломи Худовандро бипурс».
5
Ва подшоҳи Исроил анбиёро, ки чорсад нафар буданд, ҷамъ карда, ба онҳо гуфт: «Оё ба Ромӯт‐Ҷилъод барои ҷанг биравем, ё ки худро боздорам?» Ва онҳо гуфтанд: «Бирав, ва Худо онро ба дасти подшоҳ хоҳад супурд».
6
Ва Еҳӯшофот гуфт: «Оё дар ин ҷо боз набии Худованд нест, то ки аз вай бипурсем?»
7
Ва подшоҳи Исроил ба Еҳӯшофот гуфт: «Боз як мард ҳаст, ки ба воситаи вай аз Худованд пурсидан мумкин аст, вале ман аз вай нафрат дорам, зеро ки вай дар ҳаққи ман ба хубӣ нубувват намекунад, балки тамоми умри худ ба бадӣ; вай Микойҳу ибни Йимло мебошад». Ва Еҳӯшофот гуфт: «Подшоҳ чунин нагӯяд».
8
Ва подшоҳи Исроил як хоҷасароро хонда, гуфт: «Микойҳу ибни Йимлоро ба зудӣ биёр».
9
Ва подшоҳи Исроил ва Еҳӯшофот, подшоҳи Яҳудо, ҳар яке либосҳои худро пӯшида, бар тахти худ дар майдони даҳани дарвозаи Сомария нишаста буданд, ва тамоми анбиё ба ҳузури онҳо нубувват мекарданд.
10
Ва Сидқиёҳу ибни Канъона шохҳои оҳанин барои худ сохта, гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: „Арамиёнро бо инҳо шох хоҳӣ зад, то ки тамоман маҳв шаванд“».
11
Ва тамоми анбиё ҳамин тавр нубувват карда, мегуфтанд: «Ба Ромӯт‐Ҷилъод бирав ва комьёб шав, чунки Худованд онро ба дасти подшоҳ хоҳад супурд».
12
Ва қосиде ки барои хондани Микойҳу рафта буд, ба вай сухан ронда, гуфт: «Инак, анбиё бо як овоз суханони хуб дар ҳаққи подшоҳ мегӯянд; бигзор сухани ту низ мисли яке аз онҳо бошад, яъне ту ҳам сухани хуб бигӯй».
13
Ва Микойҳу гуфт: «Қасам ба ҳаёти Худованд, ки он чи Худованд ба ман бигӯяд, ҳамонро хоҳам гуфт».
14
Ва ӯ назди подшоҳ омад, ва подшоҳ ба ӯ гуфт: «Эй Микойҳу, оё ба Ромӯт‐Ҷилъод барои ҷанг биравем, ё ки худро боздорам?» Ва ӯ гуфт: «Биравед ва комьёб шавед, чунки онҳо ба дасти шумо супурда хоҳанд шуд».
15
Ва подшоҳ ба ӯ гуфт: «Чанд маротиба ман туро қасам бидиҳам, ки ба исми Худованд, ғайр аз он чи рост аст, ба ман нагӯӣ?»
16
Ва ӯ гуфт: «Тамоми Исроилро мисли рамае ки чӯпон надорад, бар кӯҳҳо пароканда дидам. Ва Худованд гуфт: „Инҳо соҳиб надоранд, пас бигзор ҳар яке ба хонаи худ ба саломатӣ баргарданд“».
17
Ва подшоҳи Исроил ба Еҳӯшофот гуфт: «Оё ба ту нагуфтам, ки вай дар ҳаққи ман ба хубӣ нубувват намекунад, балки ба бадӣ?»
18
Ва ӯ гуфт: «Пас, каломи Худовандро бишнавед: ман Худовандро бар тахти Худ нишаста дидам, ва тамоми лашкари осмон ба тарафи рости Ӯ ва ба тарафи чапи Ӯ истода буданд.
19
Ва Худованд гуфт: „Кист, ки Аҳъоб, подшоҳи Исроилро розӣ кунад, то ки вай ба Ромӯт‐Ҷилъод рафта, фурӯ ғалтад?“ Яке ин тавр гуфт, ва дигаре он тавр гуфт.
20
Ва рӯҳе берун омада, ба ҳузури Худованд истод ва гуфт: „Ман ӯро розӣ мекунам“. Ва Худованд ба вай гуфт: „Чӣ гуна?“
21
Вай гуфт: „Ман берун омада, рӯҳи козибе дар даҳони тамоми анбиёи ӯ мегардам“. Ва Ӯ гуфт: „Ту розӣ хоҳӣ кард ва низ муваффақият хоҳӣ ёфт; пас берун омада, чунин амал намо“.
22
Ва инак, алҳол Худованд рӯҳи козибе дар даҳони ин анбиёи ту гузоштааст; вале Худованд дар ҳаққи ту сухани бад гуфтааст».
23
Ва Сидқиёҳу ибни Канъона наздик омада, Микойҳуро як торсакӣ зад ва гуфт: «Бо кадом роҳ Рӯҳи Худованд аз ман убур кардааст, то ки бо ту сухан гӯяд?»
24
Ва Микойҳу гуфт: «Инак, дар он рӯзе ки ту ба ҳуҷраи дохилӣ даромада пинҳон шавӣ, инро хоҳӣ дид».
25
Ва подшоҳи Исроил гуфт: «Микойҳуро бигиред, ва ӯро назди Амӯн, ҳокими шаҳр, ва Йӯош, писари подшоҳ, баргардонед,
26
Ва бигӯед: „Подшоҳ чунин мегӯяд: инро дар зиндон биандозед, ва нони кам ва оби кам варо бихӯронед, то даме ки ман ба саломатӣ баргардам“».
27
Ва Микойҳу гуфт: «Агар ту ба саломатӣ баргардӣ, Худованд ба воситаи ман сухан нагуфта бошад». Ва гуфт: «Бишнавед, ҳамаи қавмҳо!»
28
Ва подшоҳи Исроил ва Еҳӯшофот, подшоҳи Яҳудо, ба Ромӯт‐Ҷилъод рафтанд.
29
Ва подшоҳи Исроил ба Еҳӯшофот гуфт: «Ман либоси дигар пӯшида, ба ҷанг медароям, валекин ту либоси худро бипӯш». Ва подшоҳи Исроил либоси дигар пӯшида, ба ҷанг даромад.
30
Ва подшоҳи Арам ба сардорони аробаҳояш амр фармуда, гуфт: «На бо хурде ва на бо калоне, балки танҳо бо подшоҳи Исроил ҷанг кунед».
31
Ва ҳангоме ки сардорони аробаҳо Еҳӯшофотро диданд, гуфтанд: «Подшоҳи Исроил ҳамин аст». Ва ӯро иҳота намуданд, то ки бо ӯ ҷанг кунанд. Ва Еҳӯшофот фарьёд зад, ва Худованд ба ӯ мадад кард, ва Худо онҳоро аз ӯ дур сохт.
32
Ва чун сардорони аробаҳо диданд, ки ӯ подшоҳи Исроил нест, аз ӯ дур шуданд.
33
Ва касе зеҳи камонашро тасодуфан кашида, подшоҳи Исроилро аз миёни кӯкҳои ҷавшанаш зад; ва ӯ ба аробакаши худ гуфт: «Ҷилавро гардонида, маро аз майдони ҷанг берун барор, зеро ки бемор шудаам».
34
Ва дар он рӯз ҷанг авҷ гирифт, ва подшоҳи Исроилро дар аробааш дар рӯ ба рӯи арамиён то бегоҳирӯзӣ ба по хезонида нигоҳ доштанд, ва дар вақти ғуруби офтоб ӯ мурд.
← Chapter 17
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 19 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36