bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
2 Chronicles 29
2 Chronicles 29
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 28
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 30 →
1
Ҳизқиё дар синни бисту панҷсолагӣ подшоҳ шуд, ва бисту нӯҳ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард. Ва номи модараш Абиё бинти Закарьё буд.
2
Ва он чи дар назари Худованд мақбул буд, ба амал овард, мувофиқи ҳар он чи падараш Довуд ба амал оварда буд.
3
Дар соли аввали подшоҳии худ, дар моҳи якум, ӯ дарҳои хонаи Худовандро воз кард ва онҳоро таъмир намуд.
4
Ва коҳинон ва левизодагонро оваронид, ва онҳоро дар майдони шарқӣ ҷамъ кард.
5
Ва ба онҳо гуфт: «Маро бишнавед, эй левизодагон! Алҳол худро тақдис намоед, ва хонаи Худованд Худои падарони худро тақдис намуда, наҷосатро аз қудс берун оваред.
6
Зеро ки падарони мо хиёнат карданд, ва он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд, ва Ӯро тарк карданд, ва рӯи худро аз маскани Худованд гардониданд, ва пушти худро нишон доданд;
7
Ҳамчунин дарҳои равоқро бастанд, ва чароғҳоро куштанд, ва бухур насӯзониданд, ва қурбониҳои сӯхтанӣ дар қудси Худои Исроил тақдим накарданд.
8
Ва ғазаби Худованд бар Яҳудо ва Ерусалим аланга зад, ва ӯ онҳоро гирифтори даҳшат, харобӣ ва мадҳушӣ гардонид, чунон ки шумо бо чашмони худ мебинед.
9
Ва инак, падарони мо ба дами шамшер фурӯ ғалтиданд, ва писарону духтарону занони мо аз ин сабаб ба асирӣ рафтанд.
10
Алҳол дилхоҳи ман ин аст, ки бо Худованд Худои Исроил аҳд бандем, то ки оташи ғазаби Ӯ аз мо баргардад.
11
Эй фарзандонам, алҳол бепарвоӣ накунед, зеро ки Худованд шуморо баргузидааст, то ки ба ҳузури Ӯ истода, хизмати Ӯро ба ҷо оваред, ва барои Ӯ хизматгузорон ва сӯзонандагони бухур бошед».
12
Ва левизодагон бархостанд: Маҳат ибни Амосай ва Юил ибни Азарьёҳу аз банӣ‐қаҳотиён, ва аз банӣ‐марориён — Қиш ибни Абдӣ ва Азарьёҳу ибни Еҳалалъил; ва аз ҷершӯниён — Юоҳ ибни Зиммо ва Идан ибни Юоҳ;
13
Ва аз банӣ‐Элисофон — Шимрӣ ва Яиил; ва аз банӣ‐Ософ — Закарьёҳу ва Маттаньёҳу;
14
Ва аз банӣ‐Ҳеймон — Яҳиил ва Шимъӣ; ва аз банӣ‐Едутун — Шамаъё ва Узиил.
15
Ва онҳо бародарони худро ҷамъ карда, тақдис намуданд, ва бар тибқи фармони подшоҳ, ки мувофиқи каломи Худованд буд, барои татҳири хонаи Худованд омаданд.
16
Ва коҳинон андаруни хонаи Худованд дохил шуданд, то ки онро татҳир намоянд, ва тамоми наҷосатро, ки дар маъбади Худованд ёфтанд, ба саҳни хонаи Худованд бароварданд, ва левизодагон онро гирифта, ба ҷониби водии Қидрӯн бурданд.
17
Ва дар рӯзи якуми моҳи якум ба тақдис кардан шурӯъ намуда, дар рӯзи ҳаштуми моҳ ба равоқи Худованд даромаданд, ва ҳашт рӯз хонаи Худовандро тақдис карданд, ва дар рӯзи шонздаҳуми моҳи якум ба анҷом расониданд.
18
Ва андаруни қаср назди подшоҳ Ҳизқиё омада, гуфтанд: «Тамоми хонаи Худовандро: қурбонгоҳи қурбониҳои сӯхтаниро бо тамоми колои он, ва мизи нони тақдимро бо тамоми колои он татҳир намудем;
19
Ва тамоми колоеро, ки подшоҳ Оҳоз дар вақти подшоҳии худ, дар натиҷаи хиёнати худ, поймол карда буд, тайёр карда, тақдис намудем, ва инак онҳо назди қурбонгоҳи Худованд аст».
20
Ва подшоҳ Ҳизқиё бомдодон бармаҳал бархост, ва сарварони шаҳрро ҷамъ карда, ба хонаи Худованд баромад.
21
Ва онҳо ҳафт гов, ва ҳафт қӯчқор, ва ҳафт барра, ва ҳафт нарбуз оварданд, то ки барои салтанат ва барои қудс ва барои Яҳудо қурбонии гуноҳҳо бишавад; ва ӯ ба банӣ‐Ҳорун амр фармуд, ки онҳоро ҳамчун қурбонии сӯхтанӣ бар қурбонгоҳи Худованд тақдим кунанд.
22
Ва говонро куштанд, ва коҳинон хунро гирифта, бар қурбонгоҳ пошиданд; ва қӯчқоронро кушта, хунро бар қурбонгоҳ пошиданд; ва баррагонро кушта, хунро бар қурбонгоҳ пошиданд.
23
Ва нарбузҳои каффораи гуноҳро ба ҳузури подшоҳ ва ҷамоат оварданд, ва дастҳои худро бар онҳо гузоштанд,
24
Ва коҳинон онҳоро куштанд, ва хуни онҳоро барои каффораи гуноҳҳо бар қурбонгоҳ пошиданд, то ки бар тамоми Исроил каффора шавад; зеро подшоҳ фармуда буд, ки қурбонии сӯхтанӣ ва қурбонии гуноҳҳо барои тамоми Исроил тақдим карда шавад.
25
Ва ӯ левизодагонро бо санҷҳо, барбатҳо ва удҳо мувофиқи амри Довуд ва Ҷоди ғайбгӯи подшоҳ ва Нотони набӣ дар хонаи Худованд гузошт, зеро ки ин амр аз ҷониби Худованд ба воситаи анбиёи Ӯ фармуда шуда буд.
26
Ва левизодагон бо асбоби Довуд, ва коҳинон бо карнайҳо истоданд.
27
Ва Ҳизқиё амр фармуд, ки қурбонии сӯхтаниро бар қурбонгоҳ тақдим намоянд, ва ҳангоме ки ба тақдим кардани қурбонии сӯхтанӣ шурӯъ намуданд, сурудхонӣ барои Худованд ва навохтани карнайҳо ва асбоби Довуд, подшоҳи Исроил, оғоз ёфт.
28
Ва тамоми ҷамоат саҷда мекарданд, ва муғанниён месуруданд, ва карнайҳоро менавохтанд; ҳамаи ин то вақти анҷом ёфтани қурбонии сӯхтанӣ давом кард.
29
Ва ҳамин ки қурбонии сӯхтанӣ анҷом ёфт, подшоҳ ва ҳамаи онҳое ки бо ӯ буданд, зону зада, саҷда карданд.
30
Ва подшоҳ Ҳизқиё ва сарварон ба левизодагон амр фармуданд, ки Худовандро бо суханони Довуд ва Ософи ғайбгӯй мадҳ кунанд; ва онҳо ба ваҷд омада, мадҳ карданд, ва зону зада, саҷда бурданд.
31
Ва Ҳизқиё ҷавоб гардонида, гуфт: «Алҳол вазифаи худро ба ҷо овардед, пас наздик омада, забҳҳо ва қурбониҳои шукронаро барои хонаи Худованд биёред». Ва ҷамоат забҳҳо ва қурбониҳои шукрона оварданд, ва ҳар каси валинеъмат қурбонии сӯхтанӣ овард.
32
Ва шумораи қурбонии сӯхтание ки ҷамоат оварданд, ҳафтод гов, сад қӯчқор ва дусад барра буд; ҳамаи инҳо қурбонии сӯхтанӣ барои Худованд буд.
33
Ва дигар қурбониҳои муқаддас — шашсад гов ва се ҳазор гӯсфанд буд.
34
Аммо коҳинон кам буданд, ва ба пӯст кандани ҳамаи қурбониҳои сӯхтанӣ қувваташон намерасид; ва бародаронашон левизодагон ба онҳо мадад расониданд, то даме ки кор анҷом ёфт ва то даме ки коҳинон худро тақдис карданд; зеро ки левизодагон дар тақдис кардани худ, назар ба коҳинон, бештар ростдил буданд.
35
Ва низ қурбониҳои сӯхтанӣ бо чарбуи қурбониҳои саломатӣ ва бо ҳадияҳои рехтанӣ барои қурбониҳои сӯхтанӣ бисьёр буд; ва хизмати хонаи Худованд дуруст ба ҷо оварда шуд.
36
Ва Ҳизқиё ва тамоми қавм шодӣ карданд, ки Худо қавмро омода гардонида буд, зеро ки ин ба таври ғайричашмдошт ба амал омад.
← Chapter 28
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 30 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36