bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
2 Chronicles 21
2 Chronicles 21
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 20
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 22 →
1
Ва Еҳӯшофот бо падарони худ хобид, ва бо падарони худ дар шаҳри Довуд дафн карда шуд; ва писараш Еҳӯром ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.
2
Ва бародарони ӯ, писарони Еҳӯшофот, инҳо буданд: Азарьё ва Яҳиил ва Закарьёҳу ва Азарьёҳу ва Микоил ва Шафатьёҳу; ҳамаи инҳо писарони Еҳӯшофот, подшоҳи Исроил, буданд.
3
Ва падарашон ба онҳо инъомҳои зиёде аз нуқра ва тилло ва чизҳои гаронбаҳо, бо шаҳрҳои ҳисордор дар Яҳудо, бахшид; валекин салтанатро ба Еҳӯром дод, зеро ки ӯ нахустзода буд.
4
Ва ҳангоме ки Еҳӯром салтанати падарашро соҳиб шуда, қувват гирифт, ҳамаи бародарони худ, ва низ баъзеро аз сарварони Исроил бо шамшер кушт.
5
Дар вақти подшоҳ шуданаш Еҳӯром сию дусола буд, ва ҳашт сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард.
6
Ва ӯ бо роҳи подшоҳони Исроил рафтор кард, чунон ки хонадони Аҳъоб рафтор карда буданд, зеро ки духтари Аҳъоб зани ӯ буд, ва он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал овард.
7
Вале Худованд ба хотири аҳде ки бо Довуд баста буд, нахост хонадони Довудро ба ҳалокат расонад, зеро ба ӯ ваъда дода буд, ки барои ӯ ва фарзандони ӯ умрбод чароғе бидиҳад.
8
Дар айёми ӯ Адӯм аз зери дасти Яҳудо исьён бардошт, ва онҳо бар худ подшоҳе гузоштанд.
9
Ва Еҳӯром бо сардорони худ убур намуд, ва ҳамаи аробаҳояш бо ӯ буд; ва шабона ӯ бархост ва сафҳои адӯмиёнро, ки ӯ ва сардорони аробаҳоро иҳота карда буданд, рахна намуда, ақиб нишаст.
10
Ва Адӯм аз зери дасти Яҳудо исьён бардошт, ки то имрӯз чунин аст; дар он замон Либно аз зери дасти ӯ исьён бардошт, зеро ки ӯ Худованд Худои падарони худро тарк кард.
11
Ҳамчунин ӯ баландиҳо дар кӯҳҳои Яҳудо барпо намуд, ва сокинони Ерусалимро зинокор гардонид, ва аҳли Яҳудоро ба васваса андохт.
12
Ва мактубе аз Ильёси набӣ ба ӯ расид, ки дар он гуфта шуда буд: «Худованд Худои падарат Довуд чунин мегӯяд: „Азбаски ту бо роҳҳои падарат Еҳӯшофот ва бо роҳҳои Осо, подшоҳи Яҳудо, рафтор накардӣ,
13
Балки бо роҳи подшоҳони Исроил рафтор намуда, аҳли Яҳудо ва сокинони Ерусалимро зинокор гардондӣ, чунон ки хонадони Аҳъоб зинокор гардонида буданд; ва низ бародарони худро аз хонадони падарат, ки аз ту беҳтар буданд, ба қатл расондӣ, —
14
Инак, Худованд қавми ту, ва писарони ту, ва занони ту, ва тамоми молу мулки туро ба балои азим гирифтор хоҳад кард;
15
Ва худат ба дардҳои зиёде, яъне ба бемории амъои худ мубтало хоҳӣ шуд, то ба дараҷае ки амъоят аз он дард рӯз ба рӯз берун хоҳад омад“».
16
Ва Худованд рӯҳи фалиштиён ва арабҳоро, ки дар паҳлуи ҳабашиён буданд, ба муқобили Еҳӯром барангехт;
17
Ва онҳо ба Яҳудо ҳуҷум оварданд, ва онро рахна карда даромаданд, ва тамоми молу мулкеро, ки дар хонаи подшоҳ ёфт шуд, ва писарон ва занони ӯро низ ба асирӣ бурданд; ва барои ӯ, ғайр аз Еҳӯоҳоз, ки хурдтарини писаронаш буд, писаре боқӣ намонд.
18
Ва баъд аз ҳамаи ин Худованд амъои ӯро ба бемории илоҷнопазире гирифтор кард.
19
Ва бо мурури айём, вақте ки ду сол ба интиҳо расид, амъояш аз шиддати дардаш берун омада, ӯ бо азоби сахте мурд; ва қавмаш барои ӯ оташ наафрӯхтанд, чунон ки барои падарони ӯ барафрӯхта буданд.
20
Дар вақти подшоҳ шуданаш ӯ сию дусола буд, ва ҳашт сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва бе он ки сазовори дилсӯзӣ гардида бошад, аз дуньё даргузашт, ва ӯро дар шаҳри Довуд дафн карданд, вале на дар мақбараи подшоҳон.
← Chapter 20
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 22 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36