bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
2 Chronicles 15
2 Chronicles 15
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 14
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 16 →
1
Ва Рӯҳи Худо бар Азарьёҳу ибни Ӯдид нозил шуд.
2
Ва ӯ ба истиқболи Осо берун омада, ба вай гуфт: «Эй Осо ва тамоми Яҳудо ва Биньёмин, маро бишнавед: Худованд бо шумост, вақте ки шумо бо ӯ бошед, ва агар Ӯро ҷӯё шавед, Ӯ барои шумо ёфт хоҳад шуд, вале агар Ӯро тарк кунед, Ӯ шуморо тарк хоҳад кард.
3
Ва айёми зиёде исроилиён бе Худои ҳақ, ва бе коҳини омӯзгор, ва бе шариат буданд,
4
Вале дар тангии худ сӯи Худованд Худои Исроил баргаштанд, ва Ӯро ҷӯё шуданд, ва Ӯ барои онҳо ёфт шуд.
5
Ва дар он замонҳо барои ҳар касе ки даробаро мекард, сулҳу осоиштагӣ набуд, зеро ки бар ҳамаи сокинони заминҳо изтироби зиёде буд.
6
Ва халқе бо халқе, ва шаҳре бо шаҳре ҷидол мекарданд, зеро ки Худо онҳоро ба ҳар навъ мусибат гирифтор месохт.
7
Валекин шумо қавӣ бошед, ва бигзор дастҳотон суст нашавад, зеро ки барои аъмолатон подоше ҳаст».
8
Ва ҳангоме ки Осо ин суханон ва нубуввати ибни Ӯдиди набиро шунид, қавидил гардид ва қабоҳатҳоро аз тамоми замини Яҳудо ва Биньёмин, ва аз шаҳрҳое ки аз кӯҳистони Эфроим гирифта буд, барҳам дод, ва қурбонгоҳи Худовандро, ки пеши равоқи Худованд буд, аз нав барқарор кард.
9
Ва тамоми Яҳудо ва Биньёмин, ва ғарибонеро, ки аз Эфроим ва Менашше ва Шимъӯн бо онҳо сокин буданд, ҷамъ кард, зеро бисьёре аз Исроил ба ӯ ҳамроҳ шуда буданд, чун диданд, ки Худованд Худои ӯ бо ӯст.
10
Ва дар моҳи сеюм, дар соли понздаҳуми подшоҳии Осо, дар Ерусалим ҷамъ шуданд.
11
Ва дар он рӯз аз ғанимате ки оварда буданд, ҳафтсад гов ва ҳафт ҳазор гӯсфандро барои Худованд қурбонӣ карданд.
12
Ва аҳд бастанд, ки Худованд Худои падарони худро бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ ҷӯё шаванд.
13
Ва ҳар касе ки Худованд Худои Исроилро ҷӯё нашавад, аз хурд то калон, аз мард то зан бояд кушта шавад.
14
Ва бо овози баланд ва бонги шодмонӣ, ва бо навохтани карнайҳо ва шохҳо ба Худованд қасам хӯрданд.
15
Ва тамоми Яҳудо аз ин қасам шод гардиданд, зеро ки бо тамоми дили худ қасам хӯрданд, ва бо тамоми иродаи худ Ӯро ҷӯё шуданд, ва Ӯ барои онҳо ёфт шуд; ва Худованд ба онҳо аз ҳар тараф оромӣ ато намуд.
16
Ва низ подшоҳ Осо модари худ Маакоро аз унвони малика маҳрум кард, барои он ки вай ҳайкале барои Ашера сохта буд; ва Осо ҳайкали варо шикаста пора‐пора кард ва дар водии Қидрӯн сӯзонид.
17
Валекин баландиҳо аз Исроил дур карда нашуд; аммо дили Осо тамоми айёми ӯ амин буд.
18
Ва чизҳоеро, ки падараш вақф карда буд, ва чизҳоеро, ки худаш вақф карда буд, яъне нуқра ва тилло ва зарфҳоро ба хонаи Худованд даровард.
19
Ва то соли сию панҷуми подшоҳии Осо ҷанг набуд.
← Chapter 14
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 16 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36