bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
2 Chronicles 10
2 Chronicles 10
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 9
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 11 →
1
Ва Раҳабъом ба Шакем рафт, зеро ки тамоми Исроил ба Шакем омаданд, то ки ӯро подшоҳ кунанд.
2
Ва ҳангоме ки Ёробъом инро шунид, — ва ӯ дар Миср буд, чунки аз пеши подшоҳ Сулаймон гурехта буд, — ва Ёробъом аз Миср баргашт.
3
Ва фиристода, ӯро хонданд; ва Ёробъом ва тамоми Исроил омаданд, ва ба Раҳабъом сухан ронда, гуфтанд:
4
«Падарат юғи моро гарон карда буд, вале ту алҳол хизмати сахти падарат ва юғи гарони варо, ки бар мо ниҳода буд, сабук гардон, ва мо хизмати туро ба ҷо хоҳем овард».
5
Ва ӯ ба онҳо гуфт: «Баъд аз се рӯз назди ман биёед». Ва қавм рафтанд.
6
Ва подшоҳ Раҳабъом аз пироне ки ба ҳузури падараш Сулаймон, дар вақти зинда будани вай, меистоданд, машварат пурсида, гуфт: «Шумо чӣ маслиҳат медиҳед, то ки ба ин қавм ҷавоб гардонам?»
7
Ва онҳо ба ӯ сухан ронда, гуфтанд: «Агар ту ба ин қавм меҳрубон бошӣ ва дилашонро ба даст оварӣ, ва ба онҳо суханони нек гӯӣ, онҳо тамоми айём бандагони ту хоҳанд буд».
8
Вале ӯ машваратеро, ки пирон ба ӯ доданд, рад намуд, ва аз ҷавононе ки бо ӯ калон шуда буданд ва ба хузураш меистоданд, машварат пурсид,
9
Ва ба онҳо гуфт: «Шумо чӣ маслиҳат медиҳед, то ки ба ин қавм ҷавоб гардонам, ки онҳо ба ман сухан ронда, гуфтанд: „Юғеро, ки падарат бар мо ниҳода буд, сабук гардон“?»
10
Ва он ҷавонон, ки бо ӯ калон шуда буданд, ба ӯ сухан ронда, гуфтанд: «Ба ин қавме ки ба ту сухан ронда, гуфтаанд: „Падарат юғи моро гарон карда буд, вале ту онро барои мо сабук гардон“, — ту ба онҳо чунин бигӯ: „Ангушти хурди ман аз камари падарам ғафстар аст;
11
Ва алҳол, падарам юғи гароне бар шумо ниҳода буд, вале ман юғи шуморо боз ҳам гаронтар хоҳам кард; падарам шуморо бо тозиёнаҳо ҷазо медод, вале ман шуморо бо нешҳои каждум ҷазо хоҳам дод“».
12
Ва Ёробъом ва тамоми қавм дар рӯзи сеюм назди Раҳабъом омаданд, чунон ки подшоҳ сухан ронда, гуфта буд: «Дар рӯзи сеюм назди ман биёед».
13
Ва подшоҳ ба онҳо ҷавоби сахт гардонид; ва подшоҳ Раҳабъом машварати пиронро рад кард.
14
Ва бар тибқи машварати ҷавонон ба онҳо гуфт: «Падарам юғи шуморо гарон карда буд, вале ман онро боз ҳам гаронтар хоҳам кард; падарам шуморо бо тозиёнаҳо ҷазо медод, вале ман — бо нешҳои каждум».
15
Ва подшоҳ ба қавм гӯш надод, зеро ки ин аз ҷониби Худо насиб шуда буд, то ки Худованд каломи Худро, ки ба воситаи Аҳиёи шилӯнӣ ба Ёробъом ибни Набот гуфта буд, ба амал оварад.
16
Ва тамоми Исроил диданд, ки подшоҳ ба онҳо гӯш надод, ва қавм ба подшоҳ ҷавоб гардонида, гуфтанд: «На ҳиссаест моро дар Довуд, ва на меросе дар писари Йисой. Эй Исроил, ба хаймаҳои худ биравед! Эй Довуд, акнун дар фикри хонаи худ бош!» Ва тамоми Исроил ба хаймаҳои худ рафтанд.
17
Вале бар он банӣ‐Исроил, ки дар шаҳрҳои Яҳудо сукунат доштанд, Раҳабъом подшоҳӣ мекард.
18
Ва подшоҳ Раҳабъом Ҳадӯромро, ки сардори хироҷ буд, фиристод, вале банӣ‐Исроил ӯро сангборон карданд, ва ӯ мурд; ва подшоҳ Раҳабъом шитобон ба ароба савор шуд, то ки ба Ерусалим бигрезад.
19
Ва Исроил ба зидди хонадони Довуд балво карданд, ки то имрӯз давом дорад.
← Chapter 9
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 11 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36