bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
2 Chronicles 36
2 Chronicles 36
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 35
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
1
Ва қавми мамлакат Еҳӯоҳоз ибни Йӯшиёҳуро гирифтанд, ва ӯро ба ҷои падараш дар Ерусалим подшоҳ карданд.
2
Дар вақти подшоҳ шуданаш Еҳӯоҳоз бисту сесола буд, ва се моҳ дар Ерусалим подшоҳӣ кард.
3
Ва подшоҳи Миср ӯро дар Ерусалим сарнагун кард, ва бар мамлакат сад киккар нуқра ва як киккар тилло ҷарима надохт.
4
Ва подшоҳи Миср бародари ӯ Эльёқимро дар Яҳудо ва Ерусалим подшоҳ карда, номи ӯро ба Еҳӯёқим мубаддал намуд; ва Йӯоҳоз бародари ӯро гирифта, ба Миср бурд.
5
Дар вақти подшоҳ шуданаш Еҳӯёқим бисту панҷсола буд, ва ёздаҳ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва он чи дар назари Худованд Худояш бад буд, ба амал овард.
6
Набукаднесар, подшоҳи Бобил, ба муқобили ӯ лашкар кашид, ва ӯро занҷирбанд кард, то ки ӯро ба Бобил барад.
7
Ва аз колои хонаи Худованд Набукаднесар ба Бобил овард, ва онро дар ибодатхонаи худ дар Бобил гузошт.
8
Ва бақияи аъмоли Еҳӯёқим, ва корҳои зиште ки ӯ кард, ва он чи дар ӯ ёфт шуд, дар китоби подшоҳони Исроил ва Яҳудо навишта шудааст; ва писараш Еҳӯёкин ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.
9
Дар вақти подшоҳ шуданаш Еҳӯёкин ҳаштсола буд, ва се моҳу даҳ рӯз дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал овард.
10
Ва баъд аз интиҳои сол, подшоҳ Набукаднесар фиристод, ва ӯро бо колои нафисаи хонаи Худованд ба Бобил овард; ва бародари ӯ Сидқиёҳуро бар Яҳудо ва Ерусалим подшоҳ кард.
11
Дар вақти подшоҳ шуданаш Сидқиёҳу бисту яксола буд, ва ёздаҳ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард.
12
Ва он чи дар назари Худованд Худояш бад буд, ба амал овард; пеши Ирмиёй набӣ, ки аз забони Худованд сухан гуфт, гардан нафуровард.
13
Ва низ ба муқобили подшоҳ Набукаднесар, ки ӯро ба Худо қасам дода буд, исьён бардошт; ва гарданкашӣ намуда ва дили худро сахт гардонида, сӯи Худованд Худои Исроил руҷӯъ накард.
14
Ҳамчунин ҳамаи сарварони коҳинон ва қавм, ба тақлиди ҳамаи корҳои зишти халқҳо, хиёнати зиёде ба амал оварданд, ва хонаи Худовандро, ки Ӯ дар Ерусалим такдис намуда буд, палид карданд.
15
Ва Худованд Худои падаронашон назди онҳо ба воситаи расулони Худ фиристод, ҳар субҳидам гаштаю баргашта равона кард, зеро ки бар қавми Худ ва бар маскани Худ шафқат намуд.
16
Вале онҳо расулони Худоро тамасҳур карданд, ва аз суханони Ӯ нафрат доштанд, ва анбиёи Ӯро хорӣ доданд, то ба ҳадде ки оташи ғазаби Худованд бар қавми Ӯ аланга гирифт, ба тавре ки он илоҷнопазир буд.
17
Ва Ӯ подшоҳи калдониёнро бар онҳо овард, ки вай ҷавонони онҳоро дар хонаи муқаддасашон бо шамшер кушт, ва бар ҷавонон ва дӯшизагон ва пирон ва мӯйсафедон шафқат нанамуд: Ӯ ҳамаро ба дасти вай супурд.
18
Ва вай тамоми колои хонаи Худоро, — хоҳ калон хоҳ хурд, — ва хазоини хонаи Худованд ва ҳазоини подшоҳ ва сарваронашро комилан ба Бобил бурд.
19
Ва хонаи Худоро сӯзониданд, ва ҳисори Ерусалимро хароб карданд, ва ҳамаи қасрҳои онро ба оташ сӯзониданд, ва тамоми колои нафисаи онро несту нобуд карданд.
20
Ва онҳоеро, ки аз шамшер боқӣ монда буданд, вай ба Бобил ба асирӣ бурд, ва онҳо ғуломони вай ва писаронаш буданд, то вақте ки салтанати подшоҳи Форс барқарор гардид,
21
То ба амал ояд каломи Худованд, ки бо забони Ирмиё гуфта буд, яъне то вақте ки замин дамгирии шанбеҳои худро талофӣ намуд: он дар тамоми айёми харобӣ дам гирифт, то даме ки ҳафтод сол пур шуд.
22
Ва дар соли якуми Куруш, подшоҳи Форс, барои он ки каломи Худованд аз забони Ирмиё иҷро шавад, Худованд рӯҳи Куруш, подшоҳи Форсро барангехт, ва ӯ дар тамоми мамлакати худ ҷор андохт ва ба таври хаттӣ низ эълон намуда, гуфт:
23
«Куруш, подшоҳи Форс, чунин мегӯяд: „Ҳамаи мамлакатҳои заминро Худованд, Худои осмон, ба ман додааст, ва Ӯ ба ман амр фармудааст, ки дар Ерусалим, ки дар Яҳудия аст, хонае барои Ӯ бино намоям. Кист аз шумо, аз тамоми қавми Ӯ, ки Худояш бо вай бошад, бархоста биравад“».
← Chapter 35
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36