bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
2 Chronicles 5
2 Chronicles 5
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 6 →
1
Ва тамоми коре ки Сулаймон барои хонаи Худованд ба ҷо овард, анҷом ёфт; ва Сулаймон он чиро, ки падараш Довуд вақф карда буд, овард, ва нуқра ва тилло ва тамоми колоро ба хазоини хонаи Худо супурд.
2
Он гоҳ Сулаймон пирони Исроил, ва ҳамаи сардорони сибтҳо, раисони хонаводаҳои банӣ‐Исроилро дар Ерусалим ҷамъ кард, то ки сандуқи аҳди Худовандро аз шаҳри Довуд, ки Сион бошад, бароваранд.
3
Ва тамоми мардуми Исроил дар иди моҳи ҳафтум назди подшоҳ ҷамъ шуданд.
4
Ва ҳамаи пирони Исроил омаданд, ва левизодагон сандуқро бардоштанд.
5
Ва сандуқ, ва хаймаи ҷомеъ, ва тамоми колои муқаддасро, ки дар хайма буд, бардоштанд, — онҳоро коҳинон ва левизодагон бардоштанд.
6
Ва подшоҳ Сулаймон ва тамоми ҷамоати Исроил, ки ба хузури ӯ назди сандуқ ҷамъ шуда буданд, гӯсфандон ва говонро қурбонӣ карданд, ки микдори онҳоро, ба сабаби бисьёриашон, ба ҳисоб овардан ва муайян намудан мумкин набуд.
7
Ва коҳинон сандуқи аҳди Худовандро ба маконаш, ба ҳарами хона, ба қудси қудсҳо, зери болҳои каррубиён дароварданд.
8
Ва каррубиён болҳошонро бар макони сандуқ паҳн мекарданд, ва каррубиён сандуқ ва дастакҳояшро аз боло мепӯшониданд.
9
Ва дастакҳоро пеш кашида дароз карданд, ба тавре ки сари дастакҳо аз сандуқе ки пеши ҳарам буд, аён мешуд, вале аз берун аён намешуд; ва онҳо то имрӯз дар он ҷост.
10
Дар сандуқ чизе набуд, ғайр аз лавҳҳое ки Мусо дар Хӯриб дар он гузошт, вақте ки Худованд бо банӣ‐Исроил, ҳангоми берун омаданашон аз Миср, аҳд баст.
11
Ва чунин воқеъ шуд, ки чун коҳинон аз қудс берун омаданд, — зеро ҳамаи коҳиноне ки дар он ҷо буданд, худро, сарфи назар аз навбатҳошон, такдис карданд,
12
Ва ҳамаи левизодагони муғаннӣ, яъне Ософ, Ҳеймон, Едутун, ва писаронашон, ва бародаронашон, либоси катон дар бар карда, бо санҷҳо ва барбатҳо ва удҳо ба тарафи шарқии қурбонгоҳ меистоданд, ва саду бист нафар коҳинон ҳамроҳи онҳо истода, карнай менавохтанд,
13
Ва ин карнайнавозон ва муғанниён мисли як тан барои ҳамду санои Худованд якдилона овоз мебароварданд, ва ҳамин ки садои карнайҳо ва санҷҳо ва дигар асбоби мусиқиро баланд карда, Худовандро ҳамд гуфтанд, ки Ӯ некӯст, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст, — он гоҳ хона, хонаи Худованд, аз абр пур шуд,
14
Ва коҳинон, ба сабаби абр, натавонистанд барои хизмат биистанд, зеро ки ҷалоли Худованд хонаи Худоро пур карда буд.
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 6 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36