bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
2 Chronicles 26
2 Chronicles 26
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 25
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 27 →
1
Ва тамоми қавми Яҳудо Узиёро, ки шонздаҳсола буд, гирифта, ба ҷои падараш Амасьё ӯро подшоҳ карданд.
2
Баъд аз он ки подшоҳ Амасьё бо падаронаш хобид, Узиё Эйлатро бино кард, ва онро ба Яҳудо баргардонид.
3
Узиё дар вақти подшоҳ шуданаш шонздаҳсола буд, ва панҷоҳу ду сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва номи модараш Екольё, аз Ерусалим, буд.
4
Ва он чи дар назари Худованд мақбул буд, ба амал овард, мувофиқи ҳар он чи падараш Амасьё ба амал оварда буд.
5
Ва дар айёми Закарьё, ки рӯъёҳои Худоро фаҳм менамуд, ӯ Худоро ҷӯё буд, ва дар рӯзҳое ки Худовандро ҷӯё буд, Худо ӯро комьёб мегардонид.
6
Ва ӯ берун омада, бо фалиштиён ҷанг кард, ва ҳисори Ҷат ва ҳисори Ебне ва ҳисори Ашдӯдро хароб кард, ва дар ҳудуди Ашдӯд ва фалиштиён шаҳрҳо сохт.
7
Ва Худо ба ӯ ба муқобили фалиштиён ва ба муқобили арабҳое ки дар Гур‐Боал сукунат доштанд, ва ба муқобили маӯниён мадад расонид.
8
Ва аммӯниён ба Узиё хироҷ медоданд, ва номи ӯ то худуди Миср шӯҳрат ёфт, зеро ки ӯ ниҳоятдараҷа пурзӯр гардида буд.
9
Ва Узиё бурҷҳо дар Ерусалим, бар дарвозаи кунҷакӣ ва бар дарвозаи Дара ва бар гӯшаи ҳисор бино кард, ва онҳоро мустаҳкам намуд.
10
Ва бурҷҳо дар биёбон бино кард, ва чоҳҳои бисьёр канд, зеро ки чорвои зиёде дар пастӣ ва дар даштрӯя, ва зореон ва боғбонон дар кӯҳистон ва боғистон дошт, чунки зироатро дӯст медошт.
11
Ва Узиё лашкаре барои амалиёти ҳарбӣ дошт, ки фавҷ‐фавҷ ба майдони корзор мебаромаданд, бар тибқи рӯйхати саршуморашон, ки он ба воситаи Яиили котиб ва Маасиёи нозир бо сардории Ҳананьёҳу, ки яке аз сарварони подшоҳ буд, тартиб дода шуда буд.
12
Шумораи умумии сардорони хонаводаҳо, ки мардони ҷангӣ буданд, ду ҳазору шашсад нафар буд.
13
Ва зери дасташон сесаду ҳафт ҳазору панҷсад нафар ҷанговарон буданд, ки бо мардонагӣ ҷангида, ба подшоҳ бар зидди душман мадад мерасониданд.
14
Ва Узиё барои онҳо, яъне барои тамоми лашкар, сипарҳо ва найзаҳо ва хӯдҳо ва ҷавшанҳо ва камонҳо ва сангҳои фалохмон тайёр кард.
15
Ва дар Ерусалим манҷаниқҳое ки амали устоёни моҳир буд, сохт, то ки онҳо бар бурҷҳо ва гӯшаҳои ҳисор барои андохтани тирҳо ва сангҳои калон гузошта шавад. Ва номи ӯ то ҷойҳои дурдаст шӯҳрат ёфт, зеро ки ӯ барои комьёбии худ чизҳои аҷоиб сохта, бағоят қавӣ гардид.
16
Ва ҳангоме ки ӯ қавӣ шуд, дилаш то ба дараҷаи бадкирдорӣ мутакаббир гардида, ба Худованд Худои худ хиёнат қард, ва ба маъбади Худованд даромад, то ки бухур бар қурбонгоҳи бухур бисӯзонад.
17
Ва аз паи ӯ Азарьёҳуи коҳин даромад, ва коҳинони Худованд, ҳаштод марди далер ҳамроҳи ӯ буданд.
18
Ва онҳо дар гирди подшоҳ Узиё истода, ба ӯ гуфтанд: «Туро, эй Узиё, раво нест, ки барои Худованд бухур бисӯзонӣ, балки ин кори коҳинони банӣ‐Ҳорун аст, ки барои сӯзонидани бухур тақдис шудаанд; аз қудс берун рав, зеро ки ту хиёнат кардаӣ, ва ин барои ту сабаби шаъну шараф аз ҷониби Худованд Худо нахоҳад буд».
19
Ва Узиё дарғазаб шуд, дар ҳолате ки маҷмари бухурсӯзонӣ дар дасташ буд, ва ҳамин ки ғазабаш бар коҳинон аланга зад, пеши коҳинон дар хонаи Худованд, назди қурбонгоҳи бухур, махав бар пешонии ӯ пайдо шуд.
20
Ва Азарьёҳуи саркоҳин ва ҳамаи коҳинон ба ӯ назар андохтанд, ва инак, махав бар пешонии ӯ буд, ва бошитоб ӯро аз он ҷо бароварданд, ва худаш низ ба баромадан шитофт, зеро ки Худованд ӯро ба бало гирифтор карда буд.
21
Ва подшоҳ Узиё то рӯзи фавти худ махавӣ буд ва дар махавхона сукунат дошт, зеро ки аз хонаи Худованд рад карда шуда буд. Ва писараш Ютом сардори хонаи подшоҳ буда, қавми мамлакатро доварӣ менамуд.
22
Ва бақияи аъмоли Узиёро, аз аввал то оҳир, набӣ Ишаъё ибни Омӯс навиштааст.
23
Ва Узиё бо падарони худ хобид, ва ӯро бо падаронаш дар майдони мақбараи подшоҳон дафн карданд, зеро ки гуфтанд: «Ӯ махавист». Ва писараш Ютом ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.
← Chapter 25
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 27 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36