bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
2 Chronicles 12
2 Chronicles 12
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 11
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 13 →
1
Ва ҳангоме ки салтанати Раҳабъом пойдор гардида, қувват гирифт, ӯ шариати Худовандро тарк кард, ва тамоми Исроил бо ӯ буданд.
2
Ва дар соли панҷуми подшоҳии Раҳабъом чунин воқеъ шуд, ки Шишақ, подшоҳи Миср, ба муқобили Ерусалим баромад, — зеро ки онҳо ба Худованд осӣ шуда буданд, —
3
Бо ҳазору дусад ароба ва шаст ҳазор саворагон; ва қавме ки бо ӯ аз Миср омада буданд, яъне лубиён, суккиён ва ҳабашиён, сону шумор надоштанд;
4
Ва шаҳрҳои ҳисордори Яҳудоро забт карда, назди Ерусалим омад.
5
Ва Шамаъёи набӣ пеши Раҳабъом ва сарварони Яҳудо, ки аз тарси Шишақ дар Ерусалим ҷамъ шуда буданд, омада, ба онҳо гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: „Шумо Маро тарк кардед, пас Ман низ шуморо тарк карда, ба дасти Шишақ супурдаам“».
6
Ва сарварони Исроил ва подшоҳ гардан фуроварда, гуфтанд: «Худованд одил аст!»
7
Ва чун Худованд дид, ки онҳо гардан фуроварданд, каломи Худованд бар Шамаъё нозил шуда, гуфт: «Онҳо гардан фуроварданд, онҳоро маҳв нахоҳам кард; ва онҳоро кисман раҳо хоҳам қард, ва ғазаби Ман бар Ерусалим бо дасти Шишақ нахоҳад рехт.
8
Аммо онҳо хизматгорони вай хоҳанд шуд, то бидонанд, ки хизмати Ман чӣ гуна аст, ва хизмати салтанатҳои замин чӣ гуна аст».
9
Ва Шишақ, подшоҳи Миср, ба Ерусалим баромада, ганҷҳои хонаи Худованд ва ганҷҳои хонаи подшоҳро гирифт, — ҳамаашро гирифт; ва сипарҳои тиллоеро, ки Сулаймон сохта буд, гирифт.
10
Ва подшоҳ Раҳабъом ба ҷои онҳо сипарҳои мисин сохта, ба дасти сардорони шотироне ки дари хонаи подшоҳро нигаҳбонӣ мекарданд, супурд.
11
Ва ҳар бор, ки подшоҳ ба хонаи Худованд мерафт, шотирон омада, онҳоро мебардоштанд, ва баъд онҳоро ба ҳуҷраи шотирон бармегардониданд.
12
Ва ҳангоме ки ӯ гардан фуровард, хашми Худованд аз ӯ баргашта, ӯро тамоман маҳв накард; ва дар Яҳудо низ корҳои нек ба вуҷуд омад.
13
Ва подшоҳ Раҳабъом дар Ерусалим қувват гирифта, подшоҳӣ кард; дар вақти подшоҳ шуданаш Раҳабъом чилу яксола буд, ва ҳафдаҳ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард, — дар шаҳре ки Худованд аз ҳамаи сибтҳои Исроил баргузидааст, то ки исми Худро дар он ҷойгир созад. Ва номи модари ӯ Наамои аммӯнӣ буд.
14
Ва ӯ корҳои бад кард, зеро дили худро ба он моил нагардонида буд, ки толиби Худованд бошад.
15
Ва аъмоли Раҳабъом, аз аввал то охир, дар навиштаҷоти Шамаъёи набӣ ва Иддӯи ғайбгӯй дар қисми насабномаҳо навишта шудааст; ва дар миёни Раҳабъом ва Ёробъом ҳама вақт ҷанг буд.
16
Ва Раҳабъом бо падарони худ хобид, ва дар шаҳри Довуд дафн карда шуд; ва писараш Абиё ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.
← Chapter 11
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 13 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36