bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
2 Chronicles 30
2 Chronicles 30
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 29
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 31 →
1
Ва Ҳизқиё ба тамоми Исроил ва Яҳудо фиристод, ва низ номаҳо ба Эфроим ва Менашше навишт, то ки ба хонаи Худованд ба Ерусалим биёянд, ва фисҳро барои Худованд Худои Исроил ба ҷо оваранд.
2
Ва подшоҳ, ва сарваронаш, ва тамоми ҷамоат дар Ерусалим машварат намуда, қарор доданд, ки фисҳро дар моҳи дуюм ба ҷо оваранд;
3
Зеро ки натавонистанд онро дар вақташ ба ҷо оваранд, чунки коҳинон ба миқдори зарурӣ тақдис наёфта ва қавм дар Ерусалим ҷамъ нашуда буданд.
4
Ва ин дар назари подшоҳ ва дар назари тамоми ҷамоат писанд омад,
5
Ва қарор доданд, ки дар тамоми Исроил, аз Беэр‐Шобаъ то Дон, ҷор зананд, ки омада, фисҳро барои Худованд Худои Исроил дар Ерусалим ба ҷо оваранд; зеро муддати зиёдест, ки онро ба тавре ки навишта шудааст, ба ҷо наовардаанд.
6
Ва шотирон бо номаҳои подшоҳ ва сарваронаш ба тамоми Исроил ва Яҳудо рафта, бар тибқи амри подшоҳ гуфтанд: «Эй банӣ‐Исроил! Сӯи Худованд Худои Иброҳим, Исҳоқ ва Исроил руҷӯъ намоед, ва Ӯ сӯи растагороне ки аз дасти подшоҳони Ашшур дар миёни шумо боқӣ мондаанд, руҷӯъ хоҳад кард;
7
Ва мисли падарон ва бародарони худ набошед, ки онҳо ба Худованд Худои падарони худ хиёнат карданд, ва Ӯ онҳоро гирифтори харобӣ гардонид, чунон ки шумо мебинед;
8
Алҳол мисли падарони худ гарданкашӣ накунед, дасти байат ба Худованд диҳед, ба қудси Ӯ, ки онро то абад тақдис намудааст, омада, Худованд Худои худро ибодат кунед, ва Ӯ оташи ғазаби Худро аз шумо хоҳад баргардонид.
9
Зеро вақте ки шумо сӯи Худованд руҷӯъ намоед, бародарон ва писарони шумо аз ҷониби асиркунандагони худ марҳамат хоҳанд дид, ва ба ин замин хоҳанд баргашт, зеро ки Худованд Худои шумо карим ва раҳим аст, ва агар сӯи Ӯ ручӯъ намоед, Ӯ аз шумо рӯй нахоҳад гардонид».
10
Ва шотирон дар замини Эфроим ва Менашше то ҳудуди Забулун шаҳр ба шаҳр мегузаштанд, валекин бар онҳо механдиданд ва онҳоро истеҳзо мекарданд.
11
Фақат баъзе касон аз Ошер ва Менашше ва Забулун гардан фуроварда, ба Ерусалим омаданд.
12
Дар Яхудо низ яди Худо буд, ки ба онҳо якдилӣ ато намуд, то ки ҳукми подшоҳ ва сарваронро бар тибқи каломи Худованд ба ҷо оваранд.
13
Ва қавми зиёде дар Ерусалим ҷамъ шуданд, то ки иди фисҳро дар моҳи дуюм ба ҷо оваранд, — ҷамоати бағоят сершумор буданд.
14
Ва бархоста, қурбонгоҳҳоеро, ки дар Ерусалим буд, вайрон карданд, ва ҳамаи қурбонгоҳҳои бухурро вайрон карда, андаруни наҳри Қидрӯн партофтанд.
15
Ва дар рӯзи чордаҳуми моҳи дуюм барраи фисҳро забҳ карданд; ва коҳинон ва левизодагон хиҷолат кашида, худро тақдис намуданд, ва қурбониҳои сӯхтанӣ ба хонаи Худованд оварданд.
16
Ва дар ҷойҳои худ, мувофиқи дастуруламали худ, бар тибқи Тавроти Мусо, марди Худо, истоданд; коҳинон хунро аз дасти левизодагон гирифта, мепошиданд.
17
Азбаски бисьёре аз ҷамоат худро тақдис накарда буданд, левизодагон мутассадӣ шуданд, ки барои ҳар касе ки татҳир наёфтааст, барраи фисҳро забҳ карда, варо барои Худованд тақдис намоянд.
18
Зеро ки аксари қавм, бисьёре аз Эфроим ва Менашше, Иссокор ва Забулун татҳир наёфта буданд, ва фисҳро на бар тибқи он чи навишта шудааст, хӯрданд, зеро ки Ҳизқиё дар ҳаққи онҳо дуо хонда, гуфт:
19
«Худованди пурэҳсон ҳар касро, ки дилаш моил шудааст, ки Худоро, яъне Худованд Худои падаронашро ҷӯё шавад, хоҳад омурзид, агарчи вай ба татҳири муқаддас мувофиқ набошад».
20
Ва Худованд дуои Ҳизқиёро иҷобат намуда, қавмро омурзид.
21
Ва банӣ‐Исроил, ки дар Ерусалим буданд, иди фатирро ҳафт рӯз бо шодмонии азим ба ҷо оварданд, ва левизодагон ва коҳинон, бо асбоби ҳамду санои Худованд, ҳар рӯз Худовандро мадҳ мекарданд.
22
Ва Ҳизқиё ба ҳамаи левизодагоне ки аз хизмати Худованд фаҳми некӯ доштанд, суханони дилҷӯй гуфт; ва ҳафт рӯз хӯроки идона хӯрданд, қурбониҳои саломатӣ забҳ карданд, ва Худованд Худои падарони худро ҳамду сано гуфтанд.
23
Ва тамоми ҷамоат машварат намуда, қарор доданд, ки ҳафт рӯзи дигар ид кунанд; ва ҳафт рӯз хурсандӣ карданд.
24
Зеро ки Ҳизқиё, подшоҳи Яҳудо, барои ҷамоат ҳазор сар гов ва ҳафт ҳазор сар гӯсфанд бахшиш кард, ва сарварон барои ҷамоат ҳазор сар гов ва даҳ ҳазор сар гӯсфанд бахшиданд; ва аксари коҳинон худро тақдис намуданд.
25
Ва тамоми ҷамоати Яҳудо, ва коҳинон ва левизодагон, ва тамоми ҷамоате ки аз Исроил омаданд, ва ғарибоне ки аз замини Исроил омаданд, ва онҳое ки дар Яҳудо сокин буданд, хурсандӣ карданд.
26
Ва шодмонии азиме дар Ерусалим ба амал омад, зеро ки аз айёми Сулаймон ибни Довуд, подшоҳи Исроил, мисли он дар Ерусалим ба амал наомада буд.
27
Ва коҳинон ва левизодагон бархоста, қавмро баракат доданд, ва овози онҳо мустаҷоб шуд, ва дуои онҳо ба маскани қудси Ӯ, ба осмон расид.
← Chapter 29
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 31 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36