bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
2 Chronicles 6
2 Chronicles 6
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 5
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 7 →
1
Он гоҳ Сулаймон гуфт: «Худованд гуфтааст, ки дар меғ сокин мешавад.
2
Вале ман хонае барои сукунати Ту бино намудаам, маконе барои он ки Ту дар он то абад сокин шавӣ».
3
Ва подшоҳ рӯи худро гардонида, тамоми ҷамоати Исроилро баракат дод, — ва тамоми ҷамоати Исроил меистоданд, —
4
Ва гуфт: «Муборак аст Худованд Худои Исроил, ки бо даҳони Худ ба падарам Довуд сухан рондааст, ва бо дасти Худ онро ба ҷо овардааст! Ӯ гуфтааст:
5
„Аз рӯзе ки Ман қавми Худ Исроилро аз замини Миср берун овардаам, шаҳреро аз ҳамаи сибтҳои Исроил барои бино кардани хонае барнагузидаам, то ки исми Ман дар он бошад, ва касеро барнагузидаам, то ки вай бар қавми Ман Исроил раис бошад;
6
Валекин Ерусалимро баргузидам, то ки исми Ман дар он бошад, ва Довудро баргузидам, то ки вай бар қавми Ман Исроил бошад“.
7
Ва дар дили падарам Довуд орзуе буд, ки хонае ба исми Худованд Худои Исроил бино кунад.
8
Вале Худованд ба падарам Довуд гуфт: „Чун дар дили ту орзуе буд, ки хонае ба исми Ман бино намоӣ, хуб кардӣ, ки чунин орзуе дар дили худ доштӣ;
9
Аммо ту хонаро бино нахоҳӣ кард, балки писари ту, ки аз камари ту берун ояд, — ӯ хонаро ба исми Ман бино хоҳад кард“.
10
Ва Худованд каломи Худро, ки ба забон ронда буд, ба ҷо овард, ва ман ба ҷои падарам Довуд ба майдон омадам ва, бар тибқи он чи Худованд гуфта буд, бар тахти Исроил нишастам, ва хонае ба исми Худованд Худои Исроил бино кардам.
11
Ва сандуқеро дар он ҷо гузоштам, ки аҳди Худованд, ки онро бо банӣ‐Исроил баста буд, дар он мебошад».
12
Ва ӯ пеши қурбонгоҳи Худованд, дар рӯ ба рӯи тамоми ҷамоати Исроил истода, дастҳои худро дароз кард, —
13
Зеро ки Сулаймон минбари мисине ки дарозияш панҷ зироъ, ва фарохияш панҷ зироъ, ва қадаш се зироъ буд, сохта, онро дар миёни саҳн гузошта буд; ва бар он истода, дар рӯ ба рӯи тамоми ҷамоати Исроил зону зад, ва дастҳои худро сӯи осмон дароз кард, —
14
Ва гуфт: «Эй Худованд Худои Исроил! Худое мисли Ту дар осмон ва замин нест; Ту ба бандагони Худ, ки ба хузури Ту бо тамоми дили худ рафтор менамоянд, аҳд ва эҳсонро нигоҳ медорӣ.
15
Ту он чиро, ки ба бандаи Худ — падарам Довуд — гуфтаӣ, риоя намудӣ; Ту бо даҳони Худ гуфтаӣ ва бо дасти Худ ба ҷо овардаӣ, чунон ки имрӯз воқеъ шудааст.
16
Ва алҳол, эй Худованд Худои Исроил, барои бандаи Худ, падарам Довуд, он каломро риоя намо, ки ба ӯ гуфтаӣ: „Касе ки ба ҳузури Ман бар тахти Исроил биншинад, барои ту хотима нахоҳад ёфт, ба шарте ки писаронат роҳҳои худро нигоҳ дошта, мувофиқи шариати Ман рафтор намоянд, чунон ки ту ба ҳузури Ман рафтор намудаӣ“.
17
Ва алҳол, эй Худованд Худои Исроил, бигзор каломи Ту, ки ба бандаи Худ Довуд гуфтаӣ, собит шавад!
18
Оё дар ҳақиқат Худо бар замин бо одамизод сокин мешавад? Охир, осмон ва фалакулафлок наметавонад Туро гунҷоиш диҳад, чӣ ҷои ин хонае ки ман бино кардаам.
19
Валекин, эй Худованд Худои ман, ба дуои бандаи Худ ва ба истиғосаи вай таваҷҷӯҳ намо, то тазаррӯъ ва дуоеро, ки бандаат ба ҳузури Ту мегӯяд, бишнавӣ,
20
Ва чашмони Ту бар ин хона, бар ин маконе ки дар бораи он гуфтаӣ: „Исми Ман дар он ҷо хоҳад буд“, шабу рӯз воз бошад, ва Ту дуоеро, ки бандаат дар ин макон мегӯяд, бишнавӣ.
21
Ва Ту истиғосаҳои бандаи Худ ва қавми Худ Исроилро, ки дар ин макон дуо мегӯянд, бишнав, ва онро аз ҷои сукунати Худ, аз осмон бишнав, ва шунида, биомурз.
22
Агар касе нисбат ба ёри худ гуноҳ карда, ба қасам хӯрдан маҷбур шавад, ва омада, пеши қурбонгоҳи Ту дар ин хона қасам хӯрад, —
23
Он гоҳ Ту аз осмон бишнав, ва амал намуда, бар бандагонат доварӣ намо, то ки сазои шарирро дода, рафторашро ба сараш баргардонӣ, ва одилро сафед карда, бар тибқи адолаташ ба вай подош диҳӣ.
24
Ва агар қавми Ту Исроил барои гуноҳе ки ба хузури Ту ба амал оварда бошанд, пеши душман мағлуб шаванд, ва сӯи Ту руҷӯъ намуда ва исми Туро ҳамду сано хонда, пеши Ту дар ин хона дуо гӯянд ва истиғоса кунанд, —
25
Он гоҳ Ту аз осмон бишнав, ва гуноҳи қавми Худ Исроилро биомурз, ва онҳоро ба замине ки ба онҳо ва ба падаронашон додаӣ, баргардон.
26
Ҳангоме ки осмон баста шавад ва барои гуноҳе ки ба хузури Ту ба амал оварда бошанд, борон наборад, ва дар ин макон дуо гуфта ва исми Туро ҳамду сано хонда, аз гуноҳи худ тавба кунанд, чунки Ту онҳоро фурӯ нишондаӣ, —
27
Он гоҳ Ту аз осмон бишнав, ва гуноҳи бандагони Худ ва қавми Худ Исроилро омурзида, роҳи некӯро, ки бо он бояд бираванд, ба онҳо нишон бидеҳ, ва бар замини Худ, ки онро ба қавми Худ барои мерос додаӣ, борон бифирист.
28
Агар дар замин қаҳтӣ рӯй диҳад, агар вабо ояд, агар боди самум, хушксолӣ, малах ва кирмак пайдо шавад, агар душманонашон онҳоро дар шаҳрҳои заминашон ба танг оваранд, агар ягон мусибат ва ягон беморӣ ба вуқӯъ ояд, —
29
Он гоҳ ҳар дуо ва ҳар истиғосаро, ки аз ҷониби ҳар одам ва аз ҷониби тамоми қавми Ту гуфта мешавад, вақте ки ҳар яке аз онҳо мусибати худ ва дарди худро медонанд ва дастҳои худро сӯи ин хона дароз мекунанд, —
30
Ту аз осмон, ки макони сукунати Туст, бишнав ва биомурз, ва ба ҳар кас, ки дили варо медонӣ, бар тибқи тамоми рафтораш подош деҳ, зеро ки танҳо Ту донандаи дилҳои тамоми банӣ‐одам ҳастӣ,
31
То ки онҳо аз Ту ҳаросон бошанд ва дар тамоми айёми зиндагии худ ба рӯи замине ки Ту ба падарони мо додаӣ, бо роҳҳои Ту бираванд.
32
Ва ҳамчунин аҷнабиро, ки аз ҷумлаи қавми Ту Исроил набошад, вале ба хотири исми бузурги Ту ва дасти қавии Ту ва бозуи тӯлонии Ту аз замини дурдасте омада бошад, ва омада, сӯи ин хона дуо гӯяд, —
33
Ту аз осмон, ки макони сукунати Туст, бишнав, ва ҳар он чиро, ки он аҷнабӣ сӯи Ту хонда дархост намояд, ба амал овар, то ки ҳамаи қавмҳои замин исми Туро бишносанд, ва аз Ту мисли қавми Ту Исроил ҳаросон бошанд, ва бидонанд, ки исми Ту бар ин хонае ки ман бино кардаам, хонда шудааст.
34
Ҳангоме ки қавми Ту ба ҷанги зидди душманони худ, бо роҳе ки Ту онҳоро фиристодаӣ, берун оянд, ва ба ин шаҳре ки Ту баргузидаӣ, ва ба хонае ки ман ба исми Ту бино кардаам, руҷӯъ намуда, сӯи Ту дуо гӯянд, —
35
Он гоҳ Ту аз осмон дуо ва истиғосаи онҳоро бишнав, ва дархости онҳоро ба ҷо овар.
36
Ҳангоме ки онҳо пеши Ту гуноҳ кунанд, — зеро касе нест, ки гуноҳ накунад, — ва Ту бар онҳо ғазаб карда, онҳоро ба душман таслим намоӣ, ва асиркунандагонашон онҳоро ба замини дур ё наздик бибаранд,
37
Ва ҳангоме ки онҳо дар замине ки он ҷо асир бошанд, ба худ омада тавба кунанд, ва дар замини асирии худ ба сӯи Ту истиғоса намуда, гӯянд: „Мо гуноҳ карда ва осӣ шуда, рафтори шарирона кардем“,
38
Ва ҳангоме ки онҳо дар замини асирии худ, ки ба он ҷо онҳоро ба асирӣ бурдаанд, бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ сӯи Ту баргарданд, ва ба замине ки Ту ба падаронашон додаӣ, ва ба шаҳре ки Ту баргузидаӣ, ва ба хонае ки ман ба исми Ту бино кардаам, руҷӯъ намуда, сӯи Ту дуо гӯянд, —
39
Он гоҳ Ту аз осмон, ки макони сукунати Туст, дуо ва истиғосаи онҳоро бишнав, ва дархости онҳоро ба ҷо овар, ва қавми Худро, ки пеши Ту гуноҳ кардаанд, биомурз.
40
Алҳол, эй Худои ман, бигзор чашмони Ту воз бошад, ва гӯшҳои Ту ба дуое ки дар ин макон гуфта мешавад, шунаво бошад.
41
Ва алҳол, зй Худованд Худо, ба сӯи оромгоҳи Худ бархез, — Ту ва сандуқи қудрати Ту; коҳинони Ту, эй Худованд Худо, ҷомаи наҷот хоҳанд пӯшид, ва порсоёни Ту ба некӯӣ шод хоҳанд шуд.
42
Эй Худованд Худо! Рӯи масеҳи Худро барнагардон, эҳсонҳои бандаи Худ Довудро ба ёд овар».
← Chapter 5
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 7 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36