bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Revelation 1
Revelation 1
Tajik NT 1999
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 2 →
1
Ваҳйи Исои Масеҳ, ки Худо ба Ӯ ато намуд, то ба бандагони Худ нишон диҳад, ки чиҳо бояд ба зудӣ рӯй диҳанд. Ва Ӯ онро ба воситаи фариштаи Худ ба бандаи Худ Юҳанно фиристода, ошкор сохт,
2
ки вай ба каломи Худо, ва ба шаҳодати Исои Масеҳ, ва ба ҳар чизе ки дида буд, гувоҳӣ дод.
3
Хушо касе ки суханони ин пайғамбариро мехонад ва касоне ки онҳоро мешунаванд, ва он чи дар он навишта шудааст, риоя мекунанд, зеро вақт наздик аст.
4
Юҳанно ба ҳафт ҷамоате ки дар /вилояти/ Осиё мебошанд: файз ва осоиш бар шумо бод аз ҷониби Худо, ки ҳаст ва буд ва меояд, ва аз ҷониби ҳафт рӯҳе ки дар пеши тахти Ӯ ҳастанд,
5
ва аз ҷониби Исои Масеҳ, ки шоҳиди боваринок, нахустзода аз мурдагон ва фармонфармои подшоҳони замин аст. Ӯро, ки моро дӯст медорад, ва моро аз гуноҳҳоямон бо Хуни Худ шустааст,
6
ва моро назди Худо ва Падари Худ подшоҳон ва коҳинон гардонд, то абад ҷалол ва қудрат бод! Омин.
7
Инак, Ӯ бо абрҳо меояд, Ва Ӯро ҳар чашм мебинад, Ва онҳое /низ/, ки Ӯро найза заданд; Ва ҳамаи қабилаҳои рӯи замин дар ҳаққи Ӯ навҳа мекунанд. Оре, омин.
8
«Ман алфа ва омега ҳастам», мегӯяд Худованд Худо, Он ки ҳаст ва буд ва меояд, он Қодири Мутлақ.
9
Ман, Юҳанно, ки бародари шумо ва шарики душвориҳо ва подшоҳӣ ва сабри Масеҳ Исо ҳастам, аз барои каломи Худо ва шаҳодати Исои Масеҳ дар ҷазираи Патмус будам.
10
Дар рӯзи Худованд дар Рӯҳ будам ва аз қафои худ овози баланде монанди садои карнай шунидам,
11
ки мегуфт: «Он чиро, ки мебинӣ, дар китобе навис ва ба ҳафт ҷамоат фирист: ба Эфесус ва Исмирно ва Паргомус ва Тиётиро ва Сардис ва Филоделфия ва Лоудикия».
12
Ва рӯ баргардондам, то ба /сӯи/ овозе, ки ба ман сухан мегуфт, нигарам; ва чун рӯ баргардондам, ҳафт чароғдони тилло дидам,
13
ва дар миёни ҳафт чароғдон Касеро монанди Писари Одам, ки камзӯли дарозе дар бар дошт ва бар синааш камарбанди тилло баста буд;
14
сари Ӯ ва мӯи Ӯ чун пашм ё барф сафед буд; ва чашмони Ӯ чун шӯълаи оташ;
15
ва пойҳои Ӯ монанди мисе ки дар кӯра сурх шуда бошад; ва овози Ӯ чун шувваси обҳои бисёр;
16
ва Ӯ дар дасти рости Худ ҳафт ситора дошт, ва аз даҳони Ӯ шамшери тези дудама берун меомад; ва рӯи Ӯ чун офтобе буд, ки дар қувваташ медурахшад.
17
Ва ҳангоме ки Ӯро дидам, бар пойҳояш чун мурда афтодам; ва Ӯ дасти рости Худро бар ман гузошта, гуфт: «Натарс; Манам аввалин ва охирин
18
ва Зинда; ва Ман мурда будам, ва инак то абад зинда ҳастам, омин; ва калидҳои дунёи мурдагон ва марг дар дасти Ман аст.
19
Навис он чи дидаӣ, ва он чи ҳаст, ва он чи пас аз ин бояд рӯй диҳад.
20
Сирри ҳафт ситорае ки дар дасти рости Ман дидӣ, ва ҳафт чароғдони тилло /чунин аст/: ҳафт ситора фариштаҳои ҳафт ҷамоат ҳастанд, ва ҳафт чароғдон ҳафт ҷамоат мебошанд.
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 2 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22