bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Revelation 18
Revelation 18
Tajik NT 1999
← Chapter 17
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 19 →
1
Пас аз ин фариштае дидам, ки аз осмон фуруд меомад ва қудрати бузурге дошт; ва замин аз ҷалоли ӯ равшан шуд.
2
Ва ӯ бо овози пурқувват нидо карда, гуфт: «Фурӯ ғалтид, фурӯ ғалтид Бобили бузург! Вай манзили девҳо ва зиндони ҳар рӯҳи нопок ва зиндони ҳар парандаи нопоку нафратовар гардид;
3
зеро ҳамаи халқҳо аз майи ғазабовари фосиқии вай нӯшиданд, ва подшоҳони замин бо вай фосиқӣ карданд, ва тоҷирони замин аз айшу нӯши бузурги вай сарватманд шуданд».
4
Ва овози дигаре аз осмон шунидам, ки гуфт: «Аз вай берун оед, эй қавми Ман, то дар гуноҳҳояш шарик нашавед ва ба балоҳояш дучор нагардед;
5
зеро гуноҳҳои вай то ба осмон расидаанд, ва Худо беинсофиҳои вайро ба хотир овардааст.
6
Сазояшро диҳед, чунон ки вай низ сазо додааст, Ва мувофиқи амалҳои вай сазояшро дучанд диҳед; Дар косае ки вай май тайёр карда буд, барои вай дучанд тайёр кунед.
7
Ҳар қадар вай ҷалол ёфта, айшу нӯш мекард, ҳамон қадар бо азоб ва дард сазояшро диҳед. Зеро дар дили худ мегӯяд: “Малика шуда нишастаам, ва бева нестам, ва дард намебинам”.
8
Бинобар ин дар як рӯз балоҳо, марг ва дард ва гуруснагӣ ба сари вай меоянд. Вай дар оташ месӯзад, зеро пурқувват аст Худо Худованд, ки вайро доварӣ мекунад.
9
Ва подшоҳони замин, ки бо вай фосиқӣ ва айшу нӯш кардаанд, вақте ки дуди сӯхтори вайро бинанд, дар ҳаққи вай гиря карда, мотам мегиранд,
10
ва аз тарси азоби вай дуртар истода, мегӯянд: “Вой, вой бар ҳоли ту, эй шаҳри бузурги Бобил, эй шаҳри мустаҳкам! Зеро дар як соат доварии ту омадааст”.
11
Ва тоҷирони замин дар ҳаққи вай гиря карда, мотам мегиранд, чунки моли онҳоро дигар ҳеҷ кас намехарад:
12
моли тилло ва нуқра ва сангҳои гаронбаҳо ва марворид ва катон ва арғувон ва абрешим ва қирмиз ва ҳар чӯби муаттар ва ҳар зарфи оҷ ва ҳар зарф аз чӯби гаронбаҳо, аз мис ва оҳан ва мармар,
13
ва дорчин ва бухур ва равғани хушбӯй ва лодан ва май ва равғани зайтун ва орд ва гандум ва чорво ва гӯсфандон ва аспҳо ва аробаҳо ва ҷисмҳо ва ҷонҳои одамӣ.
14
Аз меваҳое ки ҷони ту орзу дошт, маҳрум гаштаӣ, Ва ҳар чизи фарбеҳ ва боҳашамати ту барбод рафтааст, Онро дигар намеёбӣ.
15
Тоҷирони ин чизҳо, ки аз ин сарватманд шудаанд, аз тарси азоби вай дуртар истода, гирён ва мотамдор,
16
мегӯянд: “Вой, вой бар ҳоли ин шаҳри бузург, ки катон ва арғувон ва қирмиз дар бар дошт ва бо тилло ва сангҳои гаронбаҳо ва марворид зинат ёфта буд!
17
Зеро дар як соат чунин сарват нобуд шуд”. Ва ҳар суккондор ва ҳамаи киштинишинон ва маллоҳон ва ҳамаи онҳое ки дар баҳр тиҷорат мекунанд, дуртар истода
18
ва дуди сӯхтори вайро дида, фарёдзанон гуфтанд: “Кадом шаҳр монанди ин шаҳри бузург будааст!”
19
Ва ба сарҳошон хок пошиданд ва фарёд зада, бо гиря ва мотам гуфтанд: “Вой бар ҳоли ин шаҳри бузург, ки аз чизҳои гаронбаҳояш ҳамаи онҳое ки дар баҳр киштӣ доштанд, сарватманд шудаанд! Зеро дар як соат вай хароб гардидааст”.
20
Бар вай шодӣ кун, эй осмон, /Шодӣ кунед/, эй муқаддасон, расулон ва пайғамбарон, Зеро Худо қасоси шуморо аз вай гирифтааст».
21
Ва як фариштаи зӯрманд санги бузургеро монанди санги осиё бардошта, ба баҳр партофт ва гуфт: «Бо чунин шиддат шаҳри бузурги Бобил сарнагун мешавад, ва дигар ёфт намешавад.
22
Ва садои чангнавозон ва сарояндагон Ва найнавозон ва карнайнавозон Дар ту дигар шунида намешавад, Ва ҳеҷ як санъатгар аз ҳеҷ як санъат Дар ту дигар ёфт намешавад, Ва садои сангҳои осиё Дар ту дигар шунида намешавад;
23
Ва рӯшноии чароғ Дар ту дигар намедурахшад, Ва овози домод ва арӯс Дар ту дигар шунида намешавад, Зеро тоҷирони ту бузургони рӯи замин буданд, Ва аз ҷодуи ту ҳамаи халқҳо гумроҳ шудаанд.
24
Ва дар вай хуни пайғамбарон ва муқаддасон ва ҳамаи кушташудагони рӯи замин ёфт шудааст».
← Chapter 17
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 19 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22