bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Revelation 12
Revelation 12
Tajik NT 1999
← Chapter 11
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 13 →
1
Ва аломати бузурге дар осмон намоён шуд: зане ки либосаш офтоб буд, моҳ дар зери пойҳояш, ва тоҷе иборат аз дувоздаҳ ситора бар сараш.
2
Вай ҳомиладор буд, ва аз дард ва азоби зоиш фарёд мезад.
3
Ва аломати дигаре дар осмон намоён шуд: инак, аждаҳои бузурги оташгун, ки ҳафт сар ва даҳ шох дошт, ва бар сарҳояш ҳафт тоҷ;
4
думи он сеяки ситораҳоро аз осмон кашида, бар замин афканд. Ин аждаҳо пеши зане ки бояд мезоид, истод, то ки ҳангоми зоидани вай фарзанди вайро фурӯ барад.
5
Вай писаре зоид, писарбачае ки бояд ҳамаи халқҳоро бо асои оҳанин чӯпонӣ кунад; ва фарзанди вай сӯи Худо ва тахти Ӯ бурда шуд.
6
Ва он зан ба биёбон гурехт, ки дар он ҷо барои вай аз ҷониби Худо маконе муҳайё гардидааст, то ба вай 1 260 рӯз ғизо дода шавад.
7
Ва дар осмон ҷанг шуд: Микоил ва фариштаҳояш ба муқобили аждаҳо меҷангиданд,
8
ва аждаҳо ва фариштаҳояш меҷангиданд. Аммо /аждаҳо/ натавонист истодагарӣ кунад, ва дар осмон барои вай дигар ҷое ёфт нашуд.
9
Ва аждаҳои бузург сарнагун шуд, яъне он мори қадимӣ, ки иблис ва шайтон ном дорад ва тамоми ҷаҳонро фиреб мекунад. Вай ба замин партофта шуд, ва фариштаҳояш бо вай партофта шуданд.
10
Ва овози баланде дар осмон шунидам, ки мегуфт: «Акнун наҷот ва қудрат Ва подшоҳии Худои мо Ва ҳукмронии Масеҳи Ӯ фаро расид, Чунки айбдоркунандаи бародарони мо Ки онҳоро рӯзу шаб дар пеши Худои мо айбдор мекард, Сарнагун шуд.
11
Онҳо бар вай ба воситаи хуни Барра Ва каломи шаҳодати худ ғолиб омаданд Ва ҷони худро то ба ҳадди марг гиромӣ надоштанд.
12
Пас, шодӣ кунед, эй осмонҳо Ва сокинони онҳо! Вой бар ҳоли замин ва баҳр, Чунки назди шумо иблис Бо хашми зӯре фуруд омадааст, Чун медонад, ки вақташ кам мондааст!»
13
Ва чун аждаҳо дид, ки бар замин партофта шуд, занеро ки писарбача зоида буд, таъқиб намуд.
14
Ва ба он зан ду боли уқоби бузурге дода шуд, то аз пеши мор ба биёбон ба макони худ парвоз кунад, ва дар он ҷо дар давоми як замон ва ду замон ва нисфи замон ғизо гирад.
15
Ва мор аз даҳонаш аз ақиби зан обе мисли дарё сар дод, то ки дарё вайро барад.
16
Лекин замин ба зан ёрӣ дод, ва замин даҳонашро кушода, он дарёро, ки аждаҳо аз даҳонаш сар дода буд, фурӯ бурд.
17
Ва аждаҳо аз зан дар ғазаб шуда, рафт, то бо боқии насли вай, ки фармудаҳои Худоро риоя мекунанд ва шаҳодати Исоро доранд, ҷанг кунад.
18
Ва бар реги баҳр истодам.
← Chapter 11
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 13 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22