bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Revelation 11
Revelation 11
Tajik NT 1999
← Chapter 10
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 12 →
1
Ва ба ман найе дода шуд, ки монанди асо буд; ва фаришта истода буд, ва гуфт:«Бархез ва ибодатхонаи Худо ва қурбонгоҳро андоза намо ва касонеро, ки дар он парастиш мекунанд, /шумор/;
2
вале бо ҳавлии берунии ибодатхона коре надошта бош ва андоза накун, зеро он ба халқҳо дода шудааст: онҳо шаҳри муқаддасро 42 моҳ поймол мекунанд.
3
Ва ба ду шоҳиди Худ /қудрате/ ато мекунам, ки палос дар бар карда, 1260 рӯз пайғамбарӣ кунанд».
4
Инҳо ду дарахти зайтун ва ду чароғдоне ҳастанд, ки дар пеши Худованди замин истодаанд.
5
Ва агар касе онҳоро озор додан хоҳад, аз даҳонашон оташ баромада, душманони онҳоро мехӯрад; ҳар кӣ онҳоро озор додан хоҳад, ҳамин тавр кушта мешавад.
6
Онҳо қудрат доранд осмонро банданд, то дар рӯзҳои пайғамбариашон борон наборад; ва бар обҳо қудрат доранд, ки онҳоро ба хун табдил диҳанд, ва заминро, ҳар вақте ки хоҳанд, ба ҳар гуна бало гирифтор кунанд.
7
Ва ҳангоме ки шаҳодати худро анҷом диҳанд, ҳайвони ваҳшие ки аз асфалуссофилин мебарояд, бо онҳо ҷангида, бар онҳо ғолиб меояд, ва онҳоро мекушад.
8
Ва ҷасадҳои онҳо дар кӯчаи шаҳри бузург, ки ба маънои маҷозӣ Садӯм ва Миср ном дорад, ва дар он ҷо Худованди онҳо низ ба салиб кашида шудааст, мемонанд.
9
Ва /мардуми зиёде/ аз қавмҳо ва қабилаҳо ва забонҳо ва халқҳо сею ним рӯз ба ҷасадҳои онҳо нигариста, намегузоранд, ки ҷасадҳои онҳоро ба гӯр супоранд.
10
Ва сокинони замин аз ин шод шуда, хурсандӣ мекунанд ва ба якдигар тӯҳфаҳо медиҳанд, чунки ин ду пайғамбар сокинони заминро азоб дода буданд.
11
Валекин пас аз сею ним рӯз рӯҳи ҳаёт аз ҷониби Худо ба онҳо дохил шуд, ва онҳо ба по бархестанд ва касонеро, ки ба онҳо менигаристанд, тарси азиме фаро гирифт.
12
Ва овози баланде аз осмон шунидам, ки ба онҳо мегуфт: «Ба ин ҷо боло шавед». Ва онҳо дар абр ба осмон боло шуданд; ва душманонашон ба онҳо менигаристанд.
13
Ва дар ҳамон рӯз заминҷунбии сахте рӯй дод, ва даҳяки шаҳр фурӯ ғалтид, ва дар заминҷунбӣ ҳафт ҳазор одам кушта шуданд; ва боқимондагон ба ҳарос афтоданд ва Худои осмонро ҷалол доданд.
14
“Вой”-и дуюм гузашт; инак, “вой”-и сеюм ба зудӣ меояд.
15
Ва фариштаи ҳафтум карнай навохт, ва дар осмон овозҳои баланд баромаданд, ки мегуфтанд: «Подшоҳии ҷаҳон аз они Худованди мо Ва Масеҳи Ӯ шудааст, Ва Ӯ то абад подшоҳӣ мекунад».
16
Ва он бисту чор пир, ки дар пеши тахти Худо бар тахтҳои худ нишастаанд, ба рӯй афтоданд, ва Худоро парастиш карда,
17
гуфтанд: «Туро шукр мегӯем, эй Худованд Худои Қодири Мутлақ, Эй Он ки ҳастӣ ва будӣ, Зеро қудрати бузурги Худро ба даст гирифта, Подшоҳиро оғоз кардаӣ.
18
Халқҳо хашмгин шуданд; Ва ғазаби Ту омад, Ва вақти он расид, ки мурдагонро доварӣ намоӣ Ва ба бандагони Худ пайғамбарон Ва ба муқаддасон ва касоне ки аз номи Ту метарсанд, Ҳам ба хурдон ва ҳам ба бузургон подош диҳӣ Ва нобудкунандагони заминро нобуд кунӣ».
19
Ва ибодатхонаи Худо дар осмон воз шуд, ва сандуқи аҳди Худованд дар ибодатхонаи Ӯ дида шуд; ва чароғакҳо ва садоҳо ва тундарҳо ва заминҷунбӣ ва жолаи бузурге рӯй доданд.
← Chapter 10
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 12 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22