bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Revelation 19
Revelation 19
Tajik NT 1999
← Chapter 18
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 20 →
1
Пас аз ин ман овози баланде чун овози мардуми бисёр дар осмон шунидам, ки мегуфт: «Ҳалелуёҳ! Наҷот ва қудрат ва ҷалол аз они Худои мост,
2
Зеро довариҳои Ӯ рост ва одилона мебошанд! Чунки Ӯ фоҳишаи бузургеро маҳкум намуд, Ки заминро бо фосиқии худ фосид карда буд, Ва хуни бандагони Худро аз дасти вай ситонд».
3
Ва дубора гуфт: «Ҳалелуёҳ! Дуди /Бобил/ то абад баланд мешавад».
4
Ва он бисту чор пир ва чор мавҷуди зинда ба рӯй афтода, Худоеро, ки бар тахт нишастааст, парастиш карданд ва гуфтанд: «Омин! Ҳалелуёҳ!»
5
Ва овозе аз ҷониби тахт баромад, ки мегуфт: «Худои моро ситоиш кунед, Эй ҳамаи бандагони Ӯ Ва тарсгорони Ӯ, Хурдон ва бузургон!»
6
Ва чизе шунидам чун овози мардуми бисёр, чун шувваси обҳои бисёр, чун садои тундарҳои пурзӯр, ки мегуфтанд: «Ҳалелуёҳ! Зеро Худованд Худои мо, он Қодири Мутлақ /акнун/ подшоҳӣ мекунад.
7
Шодӣ кунем ва ба ваҷд оем ва Ӯро ҷалол диҳем, Зеро базми арӯсии Барра фаро расидааст, ва арӯси Ӯ худро тайёр кардааст.
8
Ва ба вай ато шуд, ки катони тоза ва дурахшон дар бар кунад». Зеро он катон росткории муқаддасон аст.
9
Ва ба ман гуфт: «Навис: “Хушо онҳое ки ба базми арӯсии Барра даъват шудаанд”». Ва ба ман гуфт: «Инҳо суханони ҳақиқии Худоянд».
10
Ман назди пойҳояш афтодам, то ба ӯ саҷда кунам; лекин ӯ ба ман гуфт: «Зинҳор, чунин накун; ман бо ту ва бо бародарони ту, ки шаҳодати Исоро доранд, ҳамкор ҳастам. Ба Худо саҷда кун, зеро шаҳодати Исо рӯҳи пайғамбарӣ аст».
11
Ва осмони кушодаро дидам, ва инак, аспи сафед, ва савори он Бовафо ва Ҳақ ном дорад, ва Ӯ аз рӯи адолат доварӣ мекунад ва меҷангад.
12
Чашмони Ӯ чун шӯълаи оташ мебошанд, ва бар сари Ӯ тоҷҳои бисёр; Ӯ номҳои навишта дорад, ва номи навиштае ки онро ғайр аз Худи Ӯ ҳеҷ кас намедонад;
13
ва Ӯ либоси хунолуде дар бар дорад, ва номи Ӯ хонда шудааст: Каломи Худо.
14
Ва лашкарҳои осмон бар аспҳои сафед, катони сафеди тоза дар тан, аз пайи Ӯ мерафтанд.
15
Ва аз даҳони Ӯ шамшери тези дудама берун меояд, то халқҳоро бо он занад. Ӯ онҳоро бо асои оҳанин чӯпонӣ мекунад; Ӯ чархушти майи ғазаби хурӯшони Худои Қодири Мутлақро пойкӯб мекунад.
16
Бар либос ва бар рони Ӯ ин ном навишта шудааст: «Подшоҳи подшоҳон ва Худованди худовандон».
17
Ва фариштаеро дидам, ки дар офтоб меистод; ва ӯ бо овози баланд нидо карда, ба ҳамаи парандагоне ки дар миёнаи осмон парвоз мекарданд, гуфт: «Биёед, ба зиёфати бузурги Худо ҷамъ шавед,
18
то гӯшти подшоҳон, гӯшти мириҳазорон, гӯшти зӯрмандон, гӯшти аспон ва саворонашон, гӯшти ҳамаи озодон ва ғуломон, хурдон ва бузургонро хӯред».
19
Ва ҳайвони ваҳшӣ ва подшоҳони замин ва лашкарҳошонро дидам, ки ҷамъ шуда буданд, то бо савори асп ва бо лашкари Ӯ ҷанг кунанд.
20
Ва ҳайвони ваҳшӣ ва бо вай он пайғамбари дурӯғин дастгир шуд, ки дар пеши вай муъҷизаҳо ба амал оварда буд, ки ба воситаи онҳо касонеро, ки нишонаи ҳайвони ваҳширо қабул карда, ба ҳайкали он саҷда менамуданд, фиреб мекард: ҳар ду зинда ба кӯли оташ партофта шуданд, ки дар он кибрит месӯхт;
21
ва касони боқимонда бо шамшере ки аз даҳони аспсавор берун омада буд, кушта шуданд; ва ҳамаи парандагон аз гӯшти онҳо сер шуданд.
← Chapter 18
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 20 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22