bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Revelation 16
Revelation 16
Tajik NT 1999
← Chapter 15
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 17 →
1
Ва овози баланде аз ибодатхона шунидам, ки ба ҳафт фаришта мегуфт: «Равед ва ҳафт косаи ғазаби Худоро ба замин резед».
2
Якумӣ рафта, косаи худро бар замин рехт, ва бар одамоне ки нишонаи ҳайвони ваҳширо доштанд ва ба ҳайкали он саҷда мекарданд, захми бад ва дарднок пайдо шуд.
3
Фариштаи дуюм косаи худро ба баҳр рехт; ва он ба хуне чун хуни мурда табдил ёфт, ва тамоми ҷондорони баҳр мурданд.
4
Сеюмӣ косаи худро ба дарёҳо ва чашмаҳои об рехт, ва онҳо ба хун табдил ёфтанд.
5
Ва фариштаи обҳоро шунидам, ки мегуфт: «Одилӣ Ту, ки ҳастӣ ва будӣ, Ва қуддус мебошӣ, зеро чунин ҳукм кардаӣ.
6
Азбаски хуни муқаддасон ва пайғамбаронро рехтаанд, Ту ба онҳо хун додӣ, ки нӯшанд: ин сазои онҳост».
7
Ва қурбонгоҳро шунидам, ки гуфт: «Оре, эй Худованд Худои Қодири Мутлақ, Довариҳои Ту рост ва одилона мебошанд».
8
Фариштаи чорум косаи худро бар офтоб рехт, ва ба он /қудрате/ ато шуд, ки одамонро бо оташ сӯзонад.
9
Ва одамонро гармои зӯре сӯзонд, ва онҳо ба номи Худо, ки бар ин балоҳо ихтиёр дорад, куфр мегуфтанд ва тавба накарданд, то Ӯро ҷалол диҳанд.
10
Панҷумӣ косаи худро бар тахти ҳайвони ваҳшӣ рехт, ва подшоҳии он торик шуд, ва онҳо забонҳои худро аз дард мегазиданд,
11
ва ба Худои осмон аз сабаби дардҳо ва захмҳои худ куфр мегуфтанд, ва аз амалҳои худ тавба накарданд.
12
Шашумӣ косаи худро бар дарёи бузурги Фурот рехт, ва оби он хушк шуд, то барои подшоҳоне ки аз ҷониби офтоббаро ҳастанд, роҳ муҳайё шавад.
13
Ва дидам, ки аз даҳони аждаҳо ва аз даҳони ҳайвони ваҳшӣ ва аз даҳони пайғамбари дурӯғин се рӯҳи нопок монанди қурбоққаҳо баромаданд.
14
Онҳо рӯҳҳои деванд, ки аломатҳо ба амал меоваранд; онҳо ба пеши подшоҳони тамоми ҷаҳон мебароянд, то онҳоро барои ҷанги он рӯзи бузурги Худои Қодири Мутлақ ҷамъ оваранд.
15
«Инак, чун дузд меоям. Хушо касе ки ҳушёр аст ва либоси худро нигоҳ медорад, то луч роҳ наравад, ва расвоии ӯро набинанд».
16
Ва онҳоро ба ҷое ҷамъ оварданд, ки ба забони ибрӣ Ҳармаҷидӯн ном дорад.
17
Ҳафтумӣ косаи худро ба ҳаво рехт, ва аз ибодатхонаи осмон аз ҷониби тахт овози баланде баромад, ки мегуфт: «Ба амал омад!»
18
Ва садоҳо, тундарҳо ва чароғакҳо рӯй доданд, ва заминҷунбии сахте ба амал омад, ки мислаш, аз замоне ки одамон бар замин ҳастанд, рӯй надода буд, — он қадар заминҷунбии пурзӯр ва сахт буд!
19
Ва шаҳри бузург ба се қисм аз ҳам ҷудо шуд, ва шаҳрҳои халқҳо фурӯ ғалтиданд, ва Бобили бузург дар пеши Худо зикр ёфт, то косаи майи ғазаби хурӯшони Худро ба он диҳад.
20
Ва ҳар ҷазира гурехт, ва кӯҳҳо нопайдо гаштанд;
21
ва жолаи бузурге ки /донааш/ ба вазни як талант буд, аз осмон бар одамон борид; ва одамон барои балои жола ба Худо куфр гуфтанд, чунки он бало хеле сахт буд.
← Chapter 15
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 17 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22