bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Revelation 9
Revelation 9
Tajik NT 1999
← Chapter 8
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 10 →
1
Фариштаи панҷум карнай навохт, ва ситораи аз осмон ба замин афтодаро дидам, ва ба вай калиди чоҳи асфалуссофилин дода шуд.
2
Вай чоҳи асфалуссофилинро воз кард, ва аз чоҳ дуде мисли дуди кӯрае берун омад; ва офтоб ва ҳаво аз дуди чоҳ торик шуд.
3
Ва аз дуд бар замин малахҳо баромаданд, ва ба онҳо қудрате чун қудрати каждумҳои замин дода шуд.
4
Ва ба онҳо гуфта шуд, ки ба алафи замин, ва ба ҳеҷ сабзае, ва ба ҳеҷ дарахте зарар нарасонанд, балки ба одамоне ки бар пешонии худ мӯҳри Худоро надоранд.
5
Ва ба онҳо /ихтиёр/ дода шуд, ки /одамонро/ накушанд, балки /фақат/ панҷ моҳ азоб диҳанд; ва азоби онҳо монанди азоби /неши/ каждум буд, вақте ки одамро мегазад.
6
Дар он рӯзҳо одамон маргро меҷӯянд, вале онро намеёбанд; мурданро орзу мекунанд, вале марг аз онҳо мегурезад.
7
Намуди он малахҳо чун аспҳое буд, ки барои ҷанг ороста шуда бошанд; бар сарҳошон гӯё тоҷҳои тиллое буданд, ва рухсорҳошон чун рухсорҳои одамон;
8
ва мӯйҳо чун мӯйи занон доштанд, ва дандонҳошон чун дандонҳои шер буданд;
9
ва ҷавшанҳо чун ҷавшанҳои оҳанин доштанд, ва садои болҳошон чун садои аспҳо ва аробаҳои бисёре буд, ки ба ҷанг мераванд;
10
онҳо чун каждумҳо думҳо ва нешҳо доштанд, ва дар думҳошон қудрат доштанд, ки ба одамон панҷ моҳ зарар расонанд.
11
Онҳо бар худ подшоҳе доштанд, ки фариштаи асфалуссофилин аст; номи он ба забони ибрӣ Абаддӯн ва ба забони юнонӣ Апӯллийӯн аст.
12
Як “вой” гузашт; инак, аз қафои он боз ду “вой” меоянд.
13
Фариштаи шашум карнай навохт, ва аз чор шохи қурбонгоҳи тилло, ки дар пеши Худо истода буд, овозе шунидам,
14
ки ба фариштаи шашуми карнайдор мегуфт: «Он чор фариштаро, ки назди дарёи бузурги Фурот баста шудаанд, озод намо».
15
Ва он чор фаришта озод гардиданд, ки барои соат ва рӯз ва моҳ ва соли /муайян/ тайёр шуда буданд, то сеяки одамонро кушанд.
16
Шумораи лашкари савора даҳ ҳазорон даҳ ҳазор буд; ман шумораи онро шунидам.
17
Ҳамин тавр ман дар рӯъё аспон ва саворони онҳоро дидам, ки ҷавшанҳои оташгун ва нилгун ва зарди кибритӣ доштанд; сарҳои аспон чун сарҳои шерон буданд, ва аз даҳони онҳо оташ, дуд ва кибрит мебаромад.
18
Аз ин се чиз, яъне оташ, дуд ва кибрит, ки аз даҳони онҳо мебаромад, сеяки одамон кушта шуданд;
19
зеро қудрати аспон дар даҳонашон ва дар думҳошон буд; ва думҳошон монанди морҳо буда, сар доштанд, ва ба воситаи онҳо /низ/ осеб мерасонданд.
20
Ва боқии одамон, ки аз ин балоҳо кушта нашуданд, аз амалҳои дастҳои худ тавба накарданд, ва парастиши девҳо ва бутҳои тилло, нуқра, мис, санг ва чӯбро, ки ба дидан, шунидан ва роҳ рафтан қодир нестанд, тарк накарданд.
21
Ва онҳо аз одамкушиҳо, ҷодугариҳо, фосиқӣ ва дуздиҳои худ тавба накарданд.
← Chapter 8
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 10 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22