bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Revelation 17
Revelation 17
Tajik NT 1999
← Chapter 16
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 18 →
1
Ва яке аз он ҳафт фаришта, ки ҳафт коса доштанд, омад ва ба ман сухан ронда, гуфт: «Ин ҷо биё, то довариро дар ҳаққи фоҳишаи бузурге ки бар обҳои бисёре нишастааст, ба ту нишон диҳам,
2
ки подшоҳони замин бо вай фосиқӣ кардаанд, ва сокинони замин аз майи фосиқии вай маст шудаанд».
3
Ва маро дар Рӯҳ ба биёбон бурд; ва занеро дидам, ки бар ҳайвони ваҳшии қирмизӣ, ки аз номҳои куфр пур буд, ва ҳафт сар ва даҳ шох дошт, нишаста буд.
4
Ва он зан либоси арғувонӣ ва қирмизӣ дошт, ва бо тилло, сангҳои гаронбаҳо ва марворид зинат ёфта буд, ва дар дасташ косаи тиллое нигоҳ медошт, ки аз зиштиҳо ва нопокии фосиқии вай пур буд;
5
ва бар пешонии вай номи сирре навишта шуда буд: «Бобили бузург, модари фоҳишагон ва зиштиҳои замин».
6
Ва дидам, ки он зан аз хуни муқаддасон, аз хуни шоҳидони Исо маст аст, ва аз дидани вай сахт ҳайрон шудам.
7
Ва фаришта ба ман гуфт: «Чаро ҳайрон шудӣ? Ман сирри ин зан ва он ҳайвони ваҳширо, ки зан бар он савор аст, ва ҳафт сар ва даҳ шох дорад, ба ту мегӯям.
8
Он ҳайвони ваҳшӣ, ки ту дидӣ, буд ва нест; ва аз асфалуссофилин мебарояд ва сӯи ҳалокат меравад; ва он сокинони замин, ки номҳошон аз вақти бунёдшавии ҷаҳон дар дафтари ҳаёт навишта нашудаанд, аз дидани ҳайвони ваҳшие ки буд ва нест ва меояд, дар ҳайрат меафтанд.
9
Ин ҷо ақле даркор аст, ки ҳикмат дорад. Ҳафт сар ҳафт кӯҳест, ки он зан бар онҳо нишастааст,
10
ва инҳо ҳафт подшоҳ ҳастанд, ки панҷ нафарашон фурӯ ғалтидаанд, яке ҳаст, ва дигаре ҳанӯз наомадааст, ва ҳангоме ки меояд, муддати каме бояд монад.
11
Ва он ҳайвони ваҳшӣ, ки буд ва нест, ҳаштум аст, ва аз ҷумлаи ҳафт аст, ва сӯи ҳалокат меравад.
12
Ва он даҳ шох, ки дидӣ, даҳ подшоҳ ҳастанд, ки ҳанӯз ба подшоҳӣ нарасидаанд, лекин барои як соат бо ҳайвони ваҳшӣ қудрати шоҳонро пайдо мекунанд.
13
Онҳо як ният доранд, ва қудрату ҳукмронии худро ба ҳайвони ваҳшӣ медиҳанд.
14
Онҳо бо Барра ҷанг мекунанд, ва Барра бар онҳо ғолиб меояд; зеро Ӯ Худованди худовандон ва Подшоҳи подшоҳон аст ва онҳое ки бо Ӯ ҳастанд, даъватшудагон ва интихобшудагон ва вафодорон мебошанд».
15
Ва /он фаришта/ ба ман гуфт: «Обҳое ки дидӣ, ки он ҷо фоҳиша нишастааст, қавмҳо ва мардумон ва халқҳо ва забонҳо мебошанд.
16
Ва даҳ шох, ки дидӣ, ва ҳайвони ваҳшӣ аз фоҳиша нафрат мекунанд, ва ӯро хонавайрон менамоянд, ва ӯро луч мекунанд, ва ҷисми ӯро мехӯранд, ва ӯро дар оташ месӯзонанд;
17
чунки Худо дар дили онҳо андохтааст, ки хости Ӯро ба ҷо оваранд, ба тавре ки ҳама якдилона подшоҳии худро ба ҳайвони ваҳшӣ диҳанд, то суханони Худо иҷро шаванд.
18
Ва он зане ки дидӣ, шаҳри бузург аст, ки бар подшоҳони замин подшоҳӣ мекунад».
← Chapter 16
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 18 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22