bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Revelation 6
Revelation 6
Tajik NT 1999
← Chapter 5
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 7 →
1
Ва дидам, ки Барра яке аз ҳафт мӯҳрро кушод, нигоҳ кардам ва шунидам, ки яке аз он чор мавҷуди зинда бо овози монанди тундар гуфт: «Биё ва бин».
2
Ва инак, аспи сафед; ва савораш камон дошт, ва ба ӯ тоҷ дода шуд, ва ӯ пирӯзмандона берун омад, то ғалаба кунад.
3
Ва ҳангоме ки Ӯ мӯҳри дуюмро кушод, мавҷуди зиндаи дуюмро шунидам, ки гуфт: «Биё».
4
Ва аспи дигари оташгун берун омад, ва ба савораш /ихтиёр/ дода шуд, ки осоишро аз замин гирад, то /одамон/ якдигарро кушанд; ва ба вай шамшери бузурге дода шуд.
5
Ва ҳангоме ки Ӯ мӯҳри сеюмро кушод, мавҷуди зиндаи сеюмро шунидам, ки гуфт: «Биё ва бин». Ва инак, аспи сиёҳ; ва савораш тарозуе дар даст дошт.
6
Ва овозе аз миёни он чор мавҷуди зинда шунидам, ки мегуфт: «Як андозаи гандум ба як динор, ва се андозаи ҷав ба як динор; вале ба равғани зайтун ва май зарар нарасон».
7
Ва ҳангоме ки Ӯ мӯҳри чорумро кушод, мавҷуди зиндаи чорумро шунидам, ки гуфт: «Биё ва бин».
8
Ва инак, аспи рангпарида; ва номи савораш «марг» буд; ва дунёи мурдагон аз қафояш меомад, ва ба вай ихтиёр бар чоряки замин дода шуд, то бо шамшер ва гуруснагӣ, ва бо вабо ва ҳайвонҳои ваҳшии замин /одамонро/ кушад.
9
Ва ҳангоме ки Ӯ мӯҳри панҷумро кушод, дар таги қурбонгоҳ ҷонҳои онҳоеро дидам, ки барои каломи Худо ва шаҳодат дар бораи Барра кушта шуда буданд.
10
Ва онҳо бо овози баланд фарёд зада гуфтанд: «То ба кай, эй Фармонраво, Қуддус ва Ҳақ, доварӣ намекунӣ ва қасоси хуни моро аз сокинони замин намегирӣ?»
11
Ва ба ҳар яке аз онҳо либоси сафед дода шуд, ва ба онҳо гуфта шуд, ки боз муддате ором бошанд, то шумораи ҳамкорон ва бародарони онҳо, ки монанди онҳо кушта мешаванд, пурра шавад.
12
Ва ҳангоме ки Ӯ мӯҳри шашумро кушод, нигоҳ кардам, ва инак, заминҷунбии сахте руй дод, ва офтоб чун палоси пашмин сиёҳ шуд, ва моҳ чун хун гашт;
13
ва ситораҳои осмон ба замин афтоданд, монанди дарахти анҷире ки аз шамоли сахт ҷунбида, анҷирҳои хоми худро мепартояд;
14
ва осмон чун китоби лӯлапеч печида, нопадид шуд; ва ҳар кӯҳ ва ҷазира аз ҷои худ ҷунбид;
15
ва подшоҳони замин ва бузургон ва мириҳазорон ва давлатмандон ва қудратмандон ва ҳар ғулому озод дар ғорҳо ва шахҳои кӯҳҳо пинҳон шуданд,
16
ва ба кӯҳҳо ва сангҳо мегуфтанд: «Бар мо афтед ва моро аз пеши рӯи Тахтнишин ва аз ғазаби Барра пинҳон кунед;
17
зеро рӯзи бузурги ғазаби Ӯ омадааст, ва кист, ки тавонад истодагарӣ намояд?»
← Chapter 5
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 7 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22