bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Revelation 5
Revelation 5
Tajik NT 1999
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 6 →
1
Ва дар дасти рости Тахтнишин китобе дидам, ки аз дарун ва берун навишта ва бо ҳафт мӯҳр баста шуда буд.
2
Ва фариштаи боқуввате дидам, ки бо овози баланд нидо мекард: «Кист сазовори он ки ин китобро воз кунад ва мӯҳрҳои онро бардорад?»
3
Ва ҳеҷ кас дар осмон, дар боло, ва бар замин ва дар зери замин натавонист он китобро воз кунад ва ба он нигоҳ кунад.
4
Ва ман бисёр гиря кардам дар бораи он ки ҳеҷ каси сазоворе ёфт нашуд, ки он китобро воз карда хонад ва ё ба он нигоҳ кунад.
5
Ва яке аз он пирон ба ман гуфт: «Гиря накун; инак, он шер аз қабилаи Яҳудо, ки решаи Довуд аст, ғолиб омад, /ва/ китоб ва ҳафт мӯҳри онро мекушояд».
6
Ва дидам, ки дар миёнаи тахт ва он чор мавҷуди зинда ва дар миёнаи он пирон Баррае, чун кушташуда, истодааст ва ҳафт шох ва ҳафт чашм дошт, ки онҳо ҳафт рӯҳи Худо ҳастанд, ки ба тамоми замин фиристода шудаанд.
7
Ва Ӯ омада, /китобро/ аз дасти рости Тахтнишин гирифт.
8
Ва ҳангоме ки Ӯ китобро гирифт, он чор мавҷуди зинда ва бисту чор пир пеши Барра афтоданд. Ҳар яке чанг ва косаи тилло пур аз бухур дошт, ки он дуоҳои муқаддасон аст.
9
Ва суруди наве хонда, мегӯянд: «Ту сазовори он ҳастӣ, ки китобро гирӣ ва мӯҳрҳои онро кушоӣ; Зеро Ту кушта шудӣ ва бо хуни Худ моро барои Худо Аз ҳар қабила ва забон ва қавм ва халқ харидӣ,
10
Ва онҳоро подшоҳон ва коҳинони Худои мо гардондӣ; Ва бар замин подшоҳӣ хоҳанд кард».
11
Ва дидам, ва овозе чун овози фариштаҳои бисёр шунидам, ки гирдогирди тахт ва /гирдогирди/ он мавҷудҳои зинда ва пирон буданд, ва шумораи онҳо даҳ ҳазорон даҳ ҳазор ва ҳазорон ҳазор буд,
12
ки бо овози баланд мегуфтанд: «Барраи кушташуда сазовори он аст, Ки қудрат ва сарват ва ҳикмат ва қувват Ва иззат ва ҷалол ва ситоиш ёбад».
13
Ва ҳар офаридае ки дар осмон, ва бар замин, ва дар зери замин аст, ва он чи дар баҳр аст, ва ҳар он чи дар онҳост, шунидам, ки мегуфт: «Тахтнишин ва Барраро то абад Ситоиш ва иззат ва ҷалол ва қудрат бод. Омин».
14
Ва он чор мавҷуди зинда гуфтанд: «Омин». Ва он пирон афтода, саҷда карданд.
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 6 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22