bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Revelation 14
Revelation 14
Tajik NT 1999
← Chapter 13
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 15 →
1
Ва нигоҳ кардам, ва инак, Барра бар кӯҳи Сион истодааст, ва бо Ӯ миқдори саду чилу чор ҳазор нафар, ки бар пешониҳошон номи Ӯ ва номи Падари Ӯ навишта шудааст.
2
Ва овозе аз осмон шунидам, чун шувваси обҳои бисёр ва монанди садои тундари пурзӯр; ва овозе ки шунидам, овози чангнавозоне буд, ки чангҳои худро менавохтанд.
3
Онҳо дар пеши тахт ва дар пеши он чор мавҷуди зинда ва пирон гӯё суруди наве месуруданд; ва ҳеҷ кас натавонист он сурудро ёд гирад, ғайр аз он саду чилу чор ҳазор нафар, ки аз замин харида шуда буданд.
4
Инҳо касоне ҳастанд, ки бо занон нопок нашудаанд, зеро чун бокира /пок/анд; инҳо касоне ҳастанд, ки ҳар куҷо Барра равад, аз ақибаш мераванд. Онҳо аз миёни одамон аз Исо харида шудаанд, то навбар барои Худо ва Барра бошанд;
5
ва дар даҳонашон дурӯғе ёфт нашудааст, зеро беайбанд.
6
Ва фариштае дидам, ки дар миёнаи осмон парвоз мекард ва Инҷили абадӣ дошт, то ба сокинони замин, ба ҳар халқ ва қабила ва забон ва қавм башорат диҳад;
7
ва ӯ бо овози баланд мегуфт: «Аз Худованд тарсед ва Ӯро ҷалол диҳед, зеро соати доварии Ӯ фаро расидааст; ва Ӯро, ки осмон ва замин, ва баҳр ва чашмаҳои обро офаридааст, парастиш кунед».
8
Ва фариштаи дуюм аз ақиби ӯ омада, мегуфт: «Бобили бузург, фурӯ ғалтид, фурӯ ғалтид, чунки ҳамаи халқҳоро аз майи ғазабовари фосиқии худ нӯшонд».
9
Ва фариштаи сеюм аз ақиби онҳо омада, бо овози баланд мегуфт: «Ҳар кӣ ҳайвони ваҳшӣ ва ҳайкали онро парастиш кунад ва бар пешонии худ ё бар дасти худ нишона занад, —
10
вай ҳамчунин аз майи хашми Худо, аз майи холисе ки дар косаи ғазаби Ӯ муҳайё шудааст, менӯшад, ва дар пеши фариштаҳои муқаддас ва дар пеши Барра дар оташ ва кибрит азоб мекашад;
11
ва дуди азоби онҳо то абад баланд мешавад, ва касоне ки ҳайвони ваҳшӣ ва ҳайкали онро парастиш менамоянд ва нишонаи номи онро қабул мекунанд, на рӯз ором мегиранд, на шаб».
12
Ин ҷо сабри муқаддасон /даркор/ аст, ин ҷо онҳое /даркоранд/, ки фармудаҳои Худо ва имон ба Исоро риоя мекунанд.
13
Ва овозе аз осмон шунидам, ки мегуфт: «Навис: хушо мурдагоне ки аз ин пас дар Худованд мемуранд; оре, мегӯяд Рӯҳ, инҳо аз меҳнатҳои худ ором мегиранд, ва амалҳошон аз қафояшон мераванд».
14
Ва нигоҳ кардам, ва инак, абри сафед; ва бар абр Касе монанди Писари Одам нишаста буд, ки бар сараш тоҷи тилло, ва дар дасташ доси тез дошт.
15
Ва фариштаи дигар аз ибодатхона баромад ва бо овози баланд ба нишинандаи абр нидо кард: «Доси Худро ба кор андоз ва дарав кун, чунки вақти дарав расидааст; зеро ҳосили замин пухтааст».
16
Ва нишинандаи абр доси Худро бар замин андохт, ва замин даравида шуд.
17
Ва фариштаи дигар аз ибодатхонае ки дар осмон аст, берун омад, ки ӯ низ доси тез дошт.
18
Ва фариштаи дигар, ки бар оташ қудрат дошт, аз қурбонгоҳ берун омад ва бо овози баланд ба он ки доси тез дошт, нидо карда, гуфт: «Доси тези худро ба кор андоз ва сарҳои ангури заминро бур, чунки ангураш пухтааст».
19
Ва он фаришта доси худро бар замин андохт, ва сарҳои ангури заминро бурид, ва онҳоро ба чархушти бузурги ғазаби Худо афканд,
20
ва чархушт дар беруни шаҳр пойкӯб шуд, ва хун аз чархушт то ба ҷилави аспон, ба масофаи 1 600 стадия ҷорӣ шуд.
← Chapter 13
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 15 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22