bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Revelation 13
Revelation 13
Tajik NT 1999
← Chapter 12
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 14 →
1
Ва ҳайвони ваҳшиеро дидам, ки аз баҳр берун меомад, ва ҳафт сар ва даҳ шох дошт, ва бар шохҳояш даҳ тоҷ, ва бар сарҳояш номҳои куфр.
2
Ҳайвони ваҳшие ки ман дидам, монанди паланг буд, пойҳояш чун пойҳои хирс, ва даҳонаш чун даҳони шер; ва аждаҳо қуввати худ ва тахти худ ва қудрати бузурге ба вай дод.
3
Ва дидам, ки яке аз сарҳои вай гӯё захми марговар бардоштааст, валекин он захми марговар шифо ёфтааст. Ва тамоми аҳли замин аз ҳайвони ваҳшӣ дар ҳайрат афтоданд;
4
ва аждаҳоро, ки ба ҳайвони ваҳшӣ қудрат дода буд, парастиш карданд; ва ба ҳайвони ваҳшӣ саҷда карда, гуфтанд: «Кист, ки ҳамтои ин ҳайвони ваҳшӣ бошад, ва кист, ки тавонад бо вай ҷанг кунад?»
5
Ва ба вай даҳоне дода шуд, ки суханони пурғурур ва куфромез гӯяд, ва ба вай қудрат дода шуд, ки 42 моҳ амал кунад.
6
Ва даҳонашро барои куфри Худо воз кард, то ба номи Ӯ ва хаймаи Ӯ ва сокинони осмон куфр гӯяд.
7
Ва ба вай ато шуд, ки бо муқаддасон ҷангида, бар онҳо ғолиб ояд; ва ба вай қудрат бар ҳар қабила ва қавм ва забон ва халқ дода шуд.
8
Ва ҳамаи сокинони замин вайро парастиш мекунанд, /яъне/ онҳое ки номҳошон дар дафтари ҳаёти Барраи кушташуда аз вақти бунёдшавии ҷаҳон навишта нашудаанд.
9
Ҳар кӣ гӯш дорад, шунавад:
10
Ҳар кӣ ба асирӣ мебарад, /ба асирӣ/ меравад; Ҳар кӣ бо шамшер мекушад, бояд бо шамшер кушта шавад. Ин ҷо сабр ва имони муқаддасон /даркор/ аст.
11
Ва ҳайвони ваҳшии дигаре дидам, ки аз замин берун меомад; вай ду шох дошт монанди /шохҳои/ барра, ва чун аждаҳо сухан мегуфт.
12
Вай дар пеши ҳайвони ваҳшии якум бо тамоми қудраташ амал мекард, ва замин ва сокинони онро водор менамуд, ки ба ҳайвони ваҳшии якум, ки захми марговараш шифо ёфтааст, саҷда кунанд;
13
ва аломатҳои бузурге ба амал меовард, ба тавре ки оташро низ дар пеши одамон аз осмон ба замин фурӯ меовард.
14
Ва бо муъҷизаҳое ки дар пеши ҳайвони ваҳшӣ метавонист нишон диҳад, мардуми маро, ки сокинони заминанд, фиреб дода, ба онҳо гуфт, ки ҳайкали он ҳайвони ваҳширо, ки аз шамшер захмдор шуда, зинда мондааст, созанд.
15
Ва ба вай ато шуд, ки ба он ҳайкали ҳайвони ваҳшӣ ҳаёт бахшад, то ҳайкали ҳайвони ваҳшӣ тавре сухан гӯяд ва амал кунад, ки ҳамаи онҳое ки ба ҳайкали ҳайвони ваҳшӣ саҷда намекарданд, кушта шаванд.
16
Ва тавре рафтор мекард, ки ҳамаи хурдон ва бузургон, сарватмандон ва бенавоён, озодон ва ғуломон бояд бар дасти росташон ё бар пешониашон нишона зананд,
17
ва ҳеҷ кас харидан ё фурӯхтан натавонад, ғайр аз касе ки чунин нишона: номи ҳайвони ваҳшӣ ё шумораи номи онро дошт.
18
Ин ҷо ҳикмат /даркор/ аст. Ҳар кӣ ақл дорад, шумораи ҳайвони ваҳширо ҳисоб кунад, зеро он шумораи одамизод аст; шумораи он 666 мебошад. 144 000 харидашудагон
← Chapter 12
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 14 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22