bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Revelation 8
Revelation 8
Tajik NT 1999
← Chapter 7
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 9 →
1
Ва ҳангоме ки Ӯ мӯҳри ҳафтумро кушод, дар осмон тақрибан ним соат хомӯшӣ ҳукмфармо шуд.
2
Ва ҳафт фариштаро дидам, ки дар пеши Худо истодаанд, ва ба онҳо ҳафт карнай дода шуд.
3
Ва фариштаи дигаре омада, назди қурбонгоҳ истод, дар ҳолате ки бухурдони тилло дар дасташ буд; ва ба вай бухури бисёре дода шуд, то онро бо дуоҳои ҳамаи муқаддасон бар қурбонгоҳи тиллои пеши тахт тақдим кунад.
4
Ва дуди бухур бо дуоҳои муқаддсасон аз дасти фаришта ба ҳузури Худо боло шуд.
5
Ва фаришта бухурдонро гирифта, аз оташи қурбонгоҳ пур кард, ва бар замин партофт; ва садоҳо ва тундарҳо ва чароғакҳо ва заминҷунбӣ рӯй доданд.
6
Ва он ҳафт фариштае ки ҳафт карнай доштанд, ба навохтан тайёр шуданд.
7
Якумаш карнай навохт, ва жола ва оташ омехта бо хун ба вуҷуд омад, ва ба замин борид; ва сеяки замин сӯхт, ва сеяки дарахтон сӯхт, ва тамоми алафи сабз сӯхт.
8
Фариштаи дуюм карнай навохт, ва чизе монанди кӯҳи бузурги афрӯхта ба баҳр партофта шуд; ва сеяки баҳр ба хун табдил ёфт,
9
ва сеяки офаридаҳои зиндаи баҳр мурданд, ва сеяки киштиҳо нобуд шуданд.
10
Фариштаи сеюм карнай навохт, ва аз осмон ситораи бузурге афтод, ки монанди машъал фурӯзон буд, ва он бар сеяки дарёҳо ва бар чашмаҳои об афтод.
11
Ва номи ин ситора Явшон буд; ва сеяки обҳо ба явшон табдил ёфт, ва бисёре аз одамон аз обҳо мурданд, чунки /обҳо/ талх шуда буданд.
12
Фариштаи чорум карнай навохт, ва сеяки офтоб ва сеяки моҳ ва сеяки ситораҳо зарар дид, ба тавре ки сеяки онҳо торик шуд, ва сеяки рӯз, — ва ҳамчунин /сеяки/ шаб, — равшан набуд.
13
Ва як уқобро дидам ва шунидам, ки дар миёнаи осмон парвоз карда, бо овози баланд гуфт: «Вой, вой, вой бар ҳоли сокинони замин аз садоҳои дигари карнайҳои се фаришта, ки навохтанӣ ҳастанд!»
← Chapter 7
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 9 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22