bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Revelation 20
Revelation 20
Tajik NT 1999
← Chapter 19
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 21 →
1
Ва фариштае дидам, ки аз осмон фуруд меомад, ва калиди асфалуссофилин ва занҷири бузурге дар дасташ буд.
2
Ва ӯ аждаҳо, яъне мори қадимиро, ки иблис ва шайтон ва фиребдиҳандаи тамоми дунёст, дастгир карда, ба муддати ҳазор сол занҷирбанд намуд,
3
ва онро ба асфалуссофилин партофт, ва дарро баст, ва бар он мӯҳр зад, то халқҳоро дигар фиреб надиҳад, то даме ки он ҳазорсола анҷом ёбад; пас аз ин вай бояд ба муддати каме озод шавад.
4
Ва тахтҳо дидам, бар онҳо касоне нишаста буданд, ки ихтиёри доварӣ ба онҳо дода шуда буд; ва ҷонҳои касонеро /дидам/, ки барои шаҳодати Исо ва барои каломи Худо сар бурида шуда буданд, ва онҳоеро /дидам/, ки ба ҳайвони ваҳшӣ ва ба ҳайкали он саҷда накарда буданд ва нишонаи /онро/ бар пешонӣ ва дасти худ назада буданд. Онҳо зинда шуданд ва бо Масеҳ дар он ҳазорсола подшоҳӣ карданд;
5
вале боқии мурдагон зинда нашуданд, то даме ки он ҳазорсола анҷом ёбад. Ин растохези якум аст.
6
Хушбахт ва муқаддас аст касе ки дар растохези якум иштирок дорад. Бар онҳо марги дуюм қудрат надорад, балки онҳо коҳинони Худо ва Масеҳ мешаванд ва бо Ӯ ҳазор сол подшоҳӣ мекунанд.
7
Ва ҳангоме ки он ҳазорсола анҷом ёбад, шайтон аз зиндони худ озод мешавад,
8
ва берун меояд, то халқҳоеро, ки дар чор гӯшаи замин ҳастанд, яъне Ҷуҷ ва Моҷуҷро фиреб кунад, ва онҳоро барои ҷанг ҷамъ оварад; шумораи онҳо чун реги баҳр аст.
9
Ва ба паҳнои сарзамин баромаданд ва лашкаргоҳи муқаддасон, шаҳри дӯстдоштаро иҳота карданд. Ва аз ҷониби Худо аз осмон оташ фуромада, онҳоро хӯрд;
10
ва иблис, ки онҳоро фиреб мекард, ба кӯли оташу кибрит партофта шуд, ки он ҷо ҳайвони ваҳшӣ ва пайғамбари дурӯғин ҳастанд, ва онҳо рӯзу шаб то абад азоб мекашанд.
11
Ва тахти бузурги сафед ва нишинандаи онро дидам, ки аз ҳузури Ӯ замину осмон мегурехтанд, ва ҷое барои онҳо ёфт нашуд.
12
Ва мурдагонро, хурдон ва бузургонро дидам, ки дар пеши тахт истодаанд, ва дафтарҳо кушода шуданд; ва дафтари дигаре кушода шуд, ки дафтари ҳаёт аст; ва мурдагон мувофиқи он чи дар дафтарҳо навишта шудааст, яъне аз рӯи амалҳояшон доварӣ карда шуданд.
13
Ва баҳр мурдагонеро, ки дар он буданд, дод, ва марг ва дунёи мурдагон мурдагонеро, ки дар онҳо буданд, доданд; ва ҳар яке аз рӯи амалҳояшон доварӣ карда шуд.
14
Ва марг ва дунёи мурдагон ба кӯли оташ партофта шуданд. Кӯли оташ марги дуюм аст.
15
Ва ҳар кӣ дар дафтари ҳаёт навишта нашудааст, ба кӯли оташ партофта шуд.
← Chapter 19
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 21 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22