bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Revelation 7
Revelation 7
Tajik NT 1999
← Chapter 6
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 8 →
1
Ва пас аз ин чор фариштаи дар чор гӯшаи замин истодаро дидам, ки чор боди заминро нигоҳ медоштанд, то ба замин, ба баҳр ва ба ҳеҷ дарахте бод навазад.
2
Ва фариштаи дигаре дидам, ки аз ҷониби офтоббаро боло шуд ва мӯҳри Худои зиндаро дошт. Ва бо овози баланд ба чор фариштае ки вазифаашон ба замину баҳр зарар расондан буд, нидо карда,
3
гуфт: «Ба замин, ба баҳр, ба дарахтон зараре нарасонед, то даме ки бар пешонии бандагони Худои мо мӯҳр занем».
4
Ва шумораи мӯҳршудагонро шунидам: 144 000 мӯҳршудагон аз ҳамаи қабилаҳои банӣ-Исроил:
5
аз қабилаи Яҳудо 12 000 мӯҳршудагон; аз қабилаи Реубен 12 000; аз қабилаи Ҷод 12 000;
6
аз қабилаи Ашер 12 000; аз қабилаи Нафтолӣ 12 000; аз қабилаи Менашше 12 000;
7
аз қабилаи Шимъун 12 000; аз қабилаи Левӣ 12 000; аз қабилаи Иссокор 12 000;
8
аз қабилаи Забулун 12 000; аз қабилаи Юсуф 12 000; аз қабилаи Бинёмин 12 000 мӯҳршудагон.
9
Пас аз ин нигоҳ кардам, ва инак, мардуми бисёр, ки /онҳоро/ ҳеҷ кас наметавонист ба шумор оварад, аз ҳамаи халқҳо ва қабилаҳо ва қавмҳо ва забонҳо дар пеши тахт ва дар пеши Барра истода буданд, ки либоси сафед дар тан доштанд ва шохаҳои нахл ба даст.
10
Ва онҳо бо овози баланд нидо карда, гуфтанд: «Наҷот аз они Худои мо, ки бар тахт нишастааст, ва аз они Барра аст!»
11
Ва ҳамаи фариштаҳо гирдогирди тахт ва он пирон ва чор мавҷуди зинда меистоданд, ва пеши тахт бар рӯи худ афтода, ба Худо саҷда карданд,
12
ва гуфтанд: «Омин! Ситоиш ва ҷалол ва ҳикмат ва сипос ва иззат ва қудрат ва қувват то абад аз они Худои мо бод! Омин».
13
Ва яке аз он пирон ба сухан оғоз карда, ба ман гуфт: «Ин сафедпӯшон кистанд, ва аз куҷо омадаанд?»
14
Ба ӯ гуфтам: «Эй хоҷаи ман, ту медонӣ». Ва ӯ ба ман гуфт: «Инҳо касоне ҳастанд, ки аз азоби сахт омадаанд; инҳо либоси худро шуста, бо хуни Барра сафед кардаанд.
15
Бинобар ин дар пеши тахти Худоянд ва рӯзу шаб дар ибодатхонаи Ӯ ба Ӯ ибодат мекунанд, ва Тахтнишин хаймаи Худро бар онҳо барпо мекунад.
16
Онҳо дигар гурусна ва ташна намемонанд, ва онҳоро офтоб ва ҳеҷ гармо намесӯзонад;
17
зеро Баррае ки дар миёнаи тахт аст, онҳоро чӯпонӣ мекунад, ва онҳоро ба чашмаҳои оби ҳаёт мебарад, ва Худо ҳар ашкро аз чашмонашон пок мекунад».
← Chapter 6
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 8 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22