bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Revelation 21
Revelation 21
Tajik NT 1999
← Chapter 20
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 22 →
1
Ва осмони нав ва замини навро дидам; зеро осмони пештара ва замини пештара гузашта буданд, ва баҳр дигар набуд.
2
Ва шаҳри муқаддас — Уршалими навро дидам, ки аз ҷониби Худо аз осмон фуруд меомад, ва муҳайё шуда буд чун арӯсе ки барои шавҳараш зебу зинат ёфтааст.
3
Ва овози баланде аз осмон шунидам, ки мегуфт: «Инак, хаймаи Худо бо одамон, Ва Ӯ бо онҳо сокин мешавад; Онҳо қавмҳои Ӯ мешаванд, Ва Худи Худо бо онҳо Худои онҳо мешавад;
4
Ва ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок мекунад, Ва дигар на марг мешавад, на гиря, на фиғон, на дард; Зеро он чи пештар буд, гузашт.
5
Ва тахтнишин гуфт: «Инак, ҳама чизро нав месозам». Ва ба ман гуфт: «Навис, зеро ин суханон рост ва боваринок мебошанд».
6
Ва ба ман гуфт: «Ба амал омад! Ман алфа ва омега, оғоз ва анҷом ҳастам. Ба ташна аз чашмаи оби ҳаёт муфт медиҳам.
7
Касе ки ғолиб ояд, вориси ин чизҳо мешавад, ва Ман барои ӯ Худо мешавам, ва ӯ барои Ман писар мешавад.
8
Валекин тарсончакон ва беимонон ва гуноҳкорон ва палидон ва одамкушон ва фосиқон ва ҷодугарон ва бутпарастон ва ҳамаи дурӯғгӯёнро — насибашон дар кӯлест, ки бо оташ ва кибрит месӯзад; ин марги дуюм аст».
9
Ва яке аз он ҳафт фаришта, ки ҳафт косаи пур аз ҳафт балои охирин доштанд, омад ва ба ман сухан ронда, гуфт: «Биё, то ба ту арӯсро, зани Барраро нишон диҳам».
10
Ва маро дар Рӯҳ ба кӯҳи бузург ва баланде бурд ва шаҳри бузург — Уршалими муқаддасро ба ман нишон дод, ки аз осмон аз ҷониби Худо фуруд меомад,
11
ки вай ҷалоли Худоро дошт. Дурахши вай ба санги хеле гаронбаҳо монанд буд, мисли санги алмосе ки чун булӯр шаффоф аст;
12
вай девори бузург ва баланде дошт, ва дувоздаҳ дарвоза дошт, ва бар онҳо — дувоздаҳ фаришта; бар дарвозаҳо номҳо навишта шудаанд, ки номҳои дувоздаҳ қабилаи банӣ-Исроил мебошанд:
13
аз шарқ се дарвоза, аз шимол се дарвоза, аз ҷануб се дарвоза, аз ғарб се дарвоза.
14
Девори шаҳр дувоздаҳ таҳкурсӣ дошт, ва бар онҳо — дувоздаҳ номи дувоздаҳ расули Барра.
15
Ва он ки ба ман гап мезад, найи андозагирии тиллоӣ дошт, то шаҳр ва дарвозаҳояш ва деворашро андоза кунад.
16
Шаҳр ба шакли чоркунҷа буда, дарозияш баробари фарохияш буд. Ва ӯ шаҳрро бо най андоза карда, 12 000 стадия ёфт; дарозӣ ва фарохӣ ва баландияш баробар буд.
17
Ва деворашро андоза карда, 144 оринҷ ба андозаи одамизод ёфт, ки онро фаришта /истифода мебурд/.
18
Девораш аз алмос сохта шудааст, ва шаҳр зари холис буда, ба шишаи покиза монандӣ дошт.
19
Таҳкурсиҳои девори шаҳр бо ҳар гуна сангҳои гаронбаҳо оро дода шудаанд: таҳкурсии якум — алмос, дуюм — лоҷвард, сеюм — ақиқи сафед, чорум — зумуррад,
20
панҷум — ҷазъи ақиқӣ, шашум — ақиқи сурх, ҳафтум — забарҷад, ҳаштум — ёқути кабуд, нӯҳум — ёқути зард, даҳум — ақиқи сабз, ёздаҳум — фирӯза, дувоздаҳум — лаъли бунафш.
21
Ва дувоздаҳ дарвоза — дувоздаҳ марворид; ҳар дарвоза аз як марворид буд. Ва кӯчаи шаҳр — зари холис, монанди шишаи шаффоф.
22
Ва дар /шаҳр/ ибодатхонае надидам; зеро ибодатхонааш Худованд Худои Қодири Мутлақ ва Барра мебошанд.
23
Ва шаҳр эҳтиёҷ надорад, ки офтоб ва моҳтоб онро равшан кунанд, зеро ҷалоли Худо онро равшан кардааст, ва Барра чароғаш аст.
24
Ва халқҳо дар рӯшноии вай роҳ мераванд, ва подшоҳони замин ҷалолу иззати халқҳоро ба вай меоваранд.
25
Ва дарвозаҳои /шаҳр/ рӯзона баста намешаванд, зеро дар он ҷо шаб намешавад.
26
Ва ҷалолу иззати халқҳоро ба вай меоваранд.
27
Ва ҳеҷ ҳароме, ва ҳеҷ каси зишткор ва дурӯғгӯй вориди он намешавад, балки фақат онҳое ки дар дафтари ҳаёти Барра навишта шудаанд.
← Chapter 20
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 22 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22